Тӯппидӯзи номдор

Тоқиву тоқидӯзӣ, ки тӯппӣ низ меноманд, дар байни тоҷикон аз қадим то имрӯз  аҳамияти худро гум накардааст. Дар ҳар манотиқи ҷумҳурӣ тӯппии ба худ хосро мепӯшанд, ки онро занони пурҳунар кашидадӯзӣ мекунанд. Дар ноҳияҳои манотиқи Кӯлоб бештар тӯппӣ ё тоқиҳои гирдак тайёр мекунанд, ки бо нақшҳою рангҳо оро ёфтаанд. Вақтҳои охир дар гирди тоқӣ бо ресмони ранга калимаи «Кӯлоб»-ро кашидадӯзӣ карда,  бо пӯпакҳо оро медиҳанд.

Дар Бадахшон бештар тӯппиҳои гирдаки сурхрангро меписанданд, ки ин баштар ба занон хос аст.  Мардони Бадахшон низ тоқиҳои гулдӯзишударо истифода мекунанд.

Тӯппидӯзони Исфарашаҳр тӯппиҳои чоргули тоқа ё балдоқро бештар медӯзанд. Садсолаҳост, ки нақшу нигори тӯппиҳояшонро тағйир надодаанд.  Бинобар  ин, ҳар марди исфарагиро  зуд аз тӯппияш шинохтан мумкин аст.

Тӯппиҳои қадимаи Истаравшанро тӯпии ироқии гулдӯзӣ меноманд. То солҳои шастуми асри гузашта мардон бештар тӯппиҳои гулдӯзишударо ба сар карда, ифтихор менамуданд, ки онро занони гулдаст дӯхтаанд.  Мо хурд будему ҳавас мекардем, ки ҳамин хел тӯппӣ дошта бошем. Боре ба ҳавлиамон яке аз тӯппидӯзони номӣ – аммаи ҳикоят (рӯҳашон шод бод) омада, аз падарамон хоҳиш карданд, ки барояшон сандуқе созанд. Падарам Маҳкамбой-устои сандуқсоз аз аммаи ҳикоят хоҳиш намуданд, ки маблағи сандуқро намегиранду ба худи ду фарзандашон тӯппӣ дӯхта диҳанд. Аммаи ҳикоят розӣ шуданд. ҳамин тавр, мо соҳиби тӯппии нави ироқӣ гаштем, ки онро танҳо дар рӯзҳои ид ба сар мегузоштем.

Шакли дигари тӯппӣ чоргул буда, дӯхташ осонтару нархаш арзон. Бештар мардони калонсолу миёнсол  ин гуна тӯппиҳоро мепазируфтанд.

ҳоло ба ин касби пуршараф бештар занон машғуланд. Яке аз онҳо тӯппидӯзи истаравшанӣ Саодатхон Раҳимова буда, бо маҳсули дастонаш борҳо ғолиби озмуни вилоятиву ҷумҳуриявии «ҳунарманди беҳтарин» гашта аст. Дар қатори 30 бонуи вилоят, ки ба гирифтани Гранти раиси вилояти Суғд ғолиб омаданд, Саодат Раҳимова низ буд, ҳамчун ҳунарманди хонакор гирифтани 5 000 сомонӣ   сазовор шуд.

Сайфулло Махкамов,
рӯзноманигор дорандаи ҷоизаи
жумҳуриявии ҷурналистон ба номи А.Лоҳутӣ

Add comment


Security code
Refresh