Макон ва шахсияти таърихӣ

ё назаре ба Маҷмааи меъмории Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ

Ҳамарӯза сокинони вилояти Суғд ва меҳмонону сайёҳони зиёде аз майдони Регистони мавзеи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд ва мақбараи Шайх Бадеъуддини Нурӣ, мулаққаб ба Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ дидан менамоянду аз тамошои ин макони таърихӣ ба ҳайрат меоянд.

Мақбараи Шайх Маслаҳатдин манораи 21-метра, гумбазҳои кошинкорӣ, намозгоҳ, хонақоҳро доро буда, намуди берунаи ин макони таърихӣ дар ҳақиқат тамошобоб аст.

Шайх Маслаҳатдин дар хонаводаи мардуми закию донишманд ва тақводору парҳезгори шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маҳз муҳити созгори хонаводагӣ дар камоли маънавии ӯ муассир будааст, ки мардуми шаҳр ва атрофу акнофи он 800 сол инҷониб эҳтиромашро ба ҷо меоранд. Шайх аз замони туфулият бо ақли расо, амали нек мавриди иззату эҳтироми атрофиёнаш будааст, ки ривоятҳои марбут ба зиндагониаш исботи онанд.

Дар байни мардуми шаҳри Хуҷанд ривояте ҳаст, ки тибқи он аҷдоди Шайх Маслаҳатдин аз шаҳри Макка, аз наводагони Муҳаммад будаанд ва ҳангоми лашкаркашии қарохитоиҳо Бадеъуддини 7-сола ба саволи Гӯрхони қарохитоӣ «Маро ба шаҳри Хуҷанд кӣ овард?» ҷавоби босавод дода, шаҳри Хуҷандро аз қатлу ғорат маҳфуз медорад. Намунаи ин ривоят дар як санади хаттие, ки дар бойгонии миллии Тоҷикистон маҳфуз аст, дида мешавад ва матни онро муаррих Абдуллоҷон Мирбобоев ба нашр расонидааст. Пас, агар ривояти мазкур асос дошта бошад, Шайх Маслаҳатдин дар охири солҳои 20-ум ва аввали солҳои 30-юми асри ХII ба дунё омадааст. Маҳз, собиқаи бонуфузи таърихии фарҳангиву маданӣ ва муҳити созгори рушди илму дониш имкон додааст, ки дар шаҳри Хуҷанд ба мисли Шайх Маслаҳатдин орифи номвар, қутби замон ба дунё омада, қуллаҳои камоли маънавиро тай намояд. Шуҳрати Шайх Маслаҳатдин ҳамчун ориф дар замони зиндагиаш то ба Бухорову Хоразм, Чочу Исфиҷоб, Фарғонаю ӯзганд ва Туркистони Шарқӣ расида будааст.

Дар «Маноқиби Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ»-и Муҳаммадбашир ибни Шоҳбадал ибни Маликшоҳ, ки аз ҷумлаи сарчашмаҳои нодири таърихӣ ба шумор рафта, дар мавриди маърифати вазъи сиёсиву иҷтимоӣ ва илмию адабии сарзамини тоҷикон-Мовароуннаҳр аз давраҳои қадим то асри ХХ, ҳамчунин дар шинохти обидаҳои таърихӣ ва орифону фозилони камоломӯхтаи миллат маълумоти арзишмандро ҷамъоварӣ намудааст, оварда мешавад, ки номи аслии Шайх Маслаҳатдин маълум набуда, дар сарчашмаҳо бо алқоби «Бадеъуддини Нурӣ», «Маслаҳат», «Маслаҳатдин», «Маслаҳатуддин», «Муслиҳиддин», «Авлиё», «Валӣ», дар байни мардум бо лақаби «Подшоҳмарди Валӣ» ва дар манобеи мухталиф бо унвонҳои фахрии «Шайх», «Қутб», «Қутбулақтоб», «Қутбулмуҳаққиқин», «Кудватулорифин», «Қутби олам» ва «Қутби замон» зикр шудааст.

Шайх Маслаҳатдин соли 618 ҳиҷрӣ мусодиф ба 1221 мелодӣ олами фониро падруд гуфтааст. Айни замон мақбараи мунаввару мутаҳҳари ин шахсияти бузургу таърихӣ Хуҷанди фирдавсмонандро бо як шукуҳу шаҳомати хоса боз ҳам зеботару дилкаштар гардонидааст. Бинои мақбара аз ду қисм-хонақоҳ ва дахма иборат аст. Бино ба гуфтаи меъмори машҳур Сергей Хмелнитский, ки бори аввал соли 1958 хусусиятҳои меъмории мақбараи Шайх Маслаҳатдинро омӯхтааст, бунёд шудани мақбараи мазкур чанд марҳаларо паси сар карда будааст. Баъди омӯзиши андозаи хиштҳо ва кошинҳои ороишӣ, ки ҳангоми кофтукови бостоншиносӣ аз зери бинои мақбара пайдо шудаанд, ин олим замони бунёди мақбараи аввалинро дар асри ХII медонад. Давоми садсолаҳо мақбараи мазкур борҳо таҷдиду тармим шудааст, ки охири онҳо солҳои 80-уми асри ХХ сурат гирифтааст. Ҷиҳати арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангӣ соли 2001 бахшида ба 10-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикору дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо ҷалби ҳунармандони мумтоз аз шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сақфи мақбараи Шайх Маслаҳатдин тиллокорӣ карда шуд, ки яке аз беҳтарин намунаҳои санъати тиллокорӣ дар ҳудуди Осиёи Миёна маҳсуб меёбад. Дар табақаҳои дари даромадгоҳи самти ғарбии мақбараи Шайх Маслаҳатдин бо тарзи катибаи барҷаста ин порчаи назмӣ навишта шудааст:

Муслиҳудин Шайхи ирфондастхоҳ,

Аз китоби сияри асмоу сифот,

Остонаш қиблагоҳи аҳли Ҳақ,

Ҳар табақ дарвозаи ӯ (як) варақ.

Соли сохта шудани ин дари дутабақа 1322 ҳиҷрӣ-1904 мелодӣ буда, навиштаҷот дар рӯи табақи рости он дарҷ шудааст.

Мақбараи Шайх Маслаҳатдин иншооти бузургест, ки аз зиёратхона, гӯрхона ва ҳуҷраҳои зиёде иборат аст. Зиёратхона се даромадгоҳи пештоқдор ва гумбаз дорад. Дар гӯрхона сағонаи чӯбини кандакорӣ маҳфуз мондааст. Дар асри ХIХ дар шафати ин мақбара масҷиди бошукуҳе бино ёфт, ки толорҳои зебо, айвонҳои серсутуни наққошиву кандакориҳояш то имрӯз қиммати худро гум накардаанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки ба эҳёву тармими обидаҳои таърихию меъмории мамлакат таваҷҷуҳ зоҳир намудани мақомоти маҳаллӣ низ аз дастурҳои Сарвари давлат маншаъ мегирад. Бо саъю кӯшиши хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷмааҳои меъмории Исмоили Сомонӣ, «Қалъаи Ҳисор», Мадрасаи Кукгумбаз ва масҷиди Ҳазрати Шоҳ, эъмори ҳайкали Камоли Хуҷандӣ, масҷиди Шайх Маслаҳатдин Бадеъуддини Нурӣ дар шаҳри Хуҷанд, мадрасаи Олим дар шаҳри Конибодом, даҳҳо макони муқаддас эҳё гардидаву ба ҳамагон манзур шуданд.

Месазад, ки ҳама мавзеъҳои таърихии кишварро бо имконияти шоистаи сайёҳӣ дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намоем. Маъмурияти Маҷмааи меъмории Шайх Маслаҳатдини Хуҷандӣ кӯшиш бар он дорад, ки саҳни беруниву дарунии мақбара, намозгоҳ, хонақоҳ, манора, гумбазҳо ва умуман, ҳудуди беш аз 2-гектараи маҷмааро тозаву обод нигоҳ дорад ва ба сайёҳон хизмати шоиста расонад.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh