“Либоси миллӣ ва замони муосир”

Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар толори пазироии Осорхонаи таърихии вилояти Суғд расми кушоди намоиш таҳти унвони “Либоси миллӣ ва замони муосир” доир гардид.

Омири кулли МД “Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимҷон Иброҳимов намоишро оғоз бахшида, суханро ба С. Ҳасанов - дотсенти кафедраи Санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, узви Академияи мусаввирии Ҷумҳурии Тоҷикистон доданд. С.Ҳасанов аз ҳамкориҳои муташаккил байни Осорхонаи таърихӣ ва Академияи мусаввирон ёдовар шуда, зикр доштанд, ки ин даҳумин намоиш дар ду соли охир аст. Ҳамчунин аз ҷониби Академияи мусаввирии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳассилини Мактаби рассомии бачагонаи №1, №2, донишҷӯёни Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз, факултети санъат, факултети санъати тасвирӣ ва технологияи ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.

Сипас Омири кулли МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳимҷон Иброҳимов ва  намояндаи Раёсати фарҳанги вилояти Суғд Ф.Усмонова лентаи рамзиро бурида, намоишро оғоз бахшиданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар намоиш 75 адад аксу мусаввараҳои зиёда аз 30 нафар мусаввиру аксбардорон ба маърази тамошо гузошта шуд. Хусусан аксҳои бардоштаи аксбардори ҷавон аз Фотостудияи “Акс” С.Баротов хеле диққатҷалбкунанда буд. Намоиши аксҳои “Либоси миллӣ ва замони муосир” то охири моҳи ҷорӣ идома меёбад. Ҳаводорону мухлисони ин намуди ҳунарро ба тамошо даъват менамоем.

Аслиниссо Ёдгорӣ
Наргисахон Бузурукова
кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Add comment


Security code
Refresh