Оғози корҳои азнавсозии Қалъаи Хуҷанд

Рӯзи якшанбеи 13 май бо ширкати Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои азнавсозии Қалъаи Хуҷанд ҳусни оғоз бахшида шуд.

Раиси вилоят пас аз суҳбат бо олимон, муаррихон ва адибон ба масъулини сохтмон дастур дод, ки зимни таҷдиду азнавсозӣ аҳамияти таърихӣ ва қадимии «Қалъаи Хуҷанд» нигоҳ дошта шавад.

Ҷоизи зикр аст, ки зимни азнавсозии қалъа бозори қадима, маҳаллаи ҳунармандон, наврӯзгоҳ, чойхона, манораҳо, хонаи пазироии ҳоким ва дигар аркони он ба эътибор гирифта мешавад. Тавре иттилоъ дода шуд, дар баробарри навсозии Қалъаи Хуҷанд ҳамзамон бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” то Маҷмааи фаввораҳои Шоҳ Исмоили Сомонӣ роҳи танобӣ бунёд карда мешавад. Амалишавии ин тадбир метавонад мақоми сайёҳии маркази вилоятро боз ҳам боло бардорад ва ба зиёд шудани сафи сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат намояд. Дарозии роҳи танобӣ 1 километрро ташкил медиҳад ва тибқи лоиҳаҳои пешакӣ баландии он дар бархе ҷойҳо то 35 метрро дар бар мегирад.

Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин супориш дод, ки бо мақсади назорати корҳои таъмиру барқарорсозии "Қалъаи Хуҷанд" ситод ташкил ва вазифагузориҳо мушаххас гардида, то Наврӯзи байналмилалӣ азнавсозии «Қалъаи Хуҷанд» ба анҷом расонида шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh