Озмуни вилоятии суханварони ҷавон таҳти унвони “Санъати сухан”

Дар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд озмуни вилоятии суханварони ҷавон таҳти унвони “Санъати сухан” байни хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёнаи касбӣ ва умумии вилоят бо мақсади дарёфти беҳтарин суханвари ҷавон ва мубаллиғони ҷавон, ки дорои фарҳанги баланди сиёсиву ҳуқуқӣ ташкил ва баргузор гардид.

Бояд зикр кард, ки дар чорабинии мазкур Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Каримов М., Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров профессор Умар Алиевич, номазади имлҳои филология, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Нуралӣ Нурзод, дотсент, мудири кафедраи забони тоҷикии ДДҲБСТ Аслам Каримов ва доктори илмҳои филология, устоди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Низомиддин Муродӣ иштирок намуданд.

Дар озмуни мазкур аз ҷониби иштирокчиён мавзуъҳое ироа шуданд, ки фарогири ҳаёти ҷавонон ва дастгириву ғамхориҳои ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон ва сиёсати имрӯзаи кишвару давлат бобати ба шуғл фаро гирифтанӣ ҷавонон буданд.

Баҳри болидахотирии иштирокчиёни озмуни мазкур аз тарафи маҳфили ҳаҷвнигорони ҷавони Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд барномаи фарҳангӣ – ҳаҷвӣ пешкаш карда шуд.

Дар ҷамъбаст ғолибон муайян гардида, ҷои якум насиби донишҷӯи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Мафтуна Ҳодибоева, ҷои дуюм насиби ба номи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров Мафтуна Суфиева ва ҷои сеюм насиби гирандаи стипендияи Президентӣ, хонандаи синфи 11-и литсейи ДДҲБСТ Амонов Амонбой гардида, аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят ғолибон бо диплому ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.

Шодмон Нурматов,
роҳбари хадамоти матбуотии Раёсати
кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят

Add comment


Security code
Refresh