Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ пас аз навсозӣ ба истифода дода шуд

Рӯзи 14 майи соли равон бо ширкати Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ пас аз навсозӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Ба муносибати баистифодадиҳии Қасри фарҳанг дар ҷамоати мазкур чорабинии идона доир шуд. Раиси вилоят дар суханронии худ таъкид кард, ки Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти Оббурдон солҳои дароз дар ҳолати ногувор қарор дошт ва бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар муддати се моҳ аз таъмир бароварда шуд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамзамон доир ба рафти корҳои ободонӣ дар ноҳияи Мастчоҳ маълумот дода, зикр дошт, ки бо ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия сохтмони варзишгоҳ, қасри фарҳанг, кӯдакистону мактабҳо, марказҳои хизматрасонӣ, таъмири роҳҳо идома дорад, ки бешак барои баланд гардидани сатҳи зиндагии мардуми ноҳия мусоидат хоҳад кард. Раиси вилоят инчунин иттилоъ дод, ки дар идомаи бунёдкориҳо ояндаи наздик дар ноҳия Маҷмааи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд.

Сипас, аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи рангини консертӣ намоиш дода шуд.

Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар ҷамоати мазкур намоиши ҳунарҳои мардумӣ низ баргузор шуд. Раиси вилоят зимни боздид аз растаҳои гуногун аз ҳунармандон даъват намуд, ки барои рушди ҳунарҳои аҷдодӣ, омода намудани шогирдон ва тарбияи ҷавонон саҳми бештари худро гузоранд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд


Add comment


Security code
Refresh