Таҷлили «Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо» дар Панҷакент

Тибқи қарори Конференсияи генералии 11 – уми Шӯрои ҷаҳонии осорхонаҳо (ШҶО), ки соли 1977 дар дар Маскав ва Ленинград (Санкт-Петербург) баргузор гардид, ҳамасола 18 – май ҳамчун «Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо» таҷлил карда мешавад.

Аз соли 1977 то инҷониб дар ҷаҳон «Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо» - ро ба сифати рӯзи касбии кормандони осорхона ҷашн мегиранд. Алакай дар соли 2007 70 давлати дунё ин ҷашнро қайд мекарданд. Мавзуе, ки соли 2007 таҳти унвони «Ҳамаи мо барои мероси ҷаҳонӣ масъул ҳастем» аз ҷониби Шӯрои ҷаҳонии осорхонаҳо эълон шуда буд, ба рушду тавсеаи ин ниҳоди ҷаҳонӣ мусоидат кард. Аз соли 2015 инҷониб ҷашни мазкурро 35 ҳазор осорхона ва 145 давлати ҷаҳон қайд карда истодаанд.

Аз он ҷумла, 18 майи соли 2018 дар Муассисаи давлатии “Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихиву кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ”-и шаҳри Панҷакент бахшида ба «Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо» ва эълон гардидани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» чун ҳамасола имсол низ дар осорхона чорабиниҳои намоишӣ ва мизи гирд бо ҳунармандону ҷавонони маҳал баргузор гардид.

Инчунин, дар рафти чорабинӣ барои меҳмонон аз ҷониби устодон ва донишҷӯён намоиши маснуоти ҳунарҳои мардумӣ, бо истифода аз либосҳои миллӣ, намоиши мӯд аз ҷониби ҳунарҳои дастии тарроҳи маҳаллӣ Мулкия Муҳаммадиева бо шогирдонаш ва намоиши осорхонаҳои мактабии шаҳр баргузор гардид.

Бояд тазаккур дод, ки тамошобинон аз соати 8:00 то соати 17:00 ба таври ройгон аз экспозитсияи Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихиву кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дидан карданд.

Мақсудҷон Васихов,
корманди илмии Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии
ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент,
унвонҷӯи Пажӯҳишгоҳи рушди маорифи АТТ
ба номи А. Ҷомӣ

Add comment


Security code
Refresh