Нерӯи ақлонӣ симои миллатро аз қаъри асрҳо равшан сохт

Истаравшан шаҳри қадимаву бостонӣ буда, мардуми шарафмандаш аз давраҳои қадим бо ҳунарҳои волои хеш маъруфият пайдо кардааст.

Маҳз ҳамин шаҳри қадимаи тоҷикон аз замонҳои хеле пеш ҳамчун маркази илму фарҳанг, ҳунар ва адаб ном баровардааст, ки сарчашмаҳои хаттӣ ва бозёфтҳои бостоншиносон аз паҳноҳои ин кишвари афсонавӣ гувоҳӣ медиҳанд. Тӯли солҳо мардуми ин сарзамини бостонӣ дар майдони фарохи фарҳангу ҳунар ва тамаддуни олам соҳиби эъҷоз буда, фазои маънавии Мовароуннаҳру Хуросонро бо арзишҳои воло оро медоданд.

Санъату фарҳанги пурғановати ин бостоншаҳр, ҳунару ҳунармандӣ аз рӯҳияи бузурги эҷодкории мардуми он шаҳодат медиҳад. Пас аз фосилаҳо маҳз бо ғамхории Пешвои миллат ҳунару ҳунарварӣ дар ин мавзеъ ҷилои тоза гирифта, таъриху фарҳанги қадимаро намоиш медиҳад, симои миллатро ба ҳазор ранг аз қаъри асрҳо равшан сохта, ҷилои дигаре доданд. Ҳунармандию меҳнатдӯстии мардуми ин сарзамин аз назари Сарвари давлат пинҳон намонд ва маҳз баҳри рушду такомули ин соҳа бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан таъсис дода шуд.

Имрӯз дар ин диёри фасонаҳои қадимаю тамаддунофари тоҷикон 153 ёдгории таърихию фарҳангӣ мавҷуд буда, 164 намуди ҳунармандӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуданд: «Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад”.

Маҳз сиёсати хирадмандона ва созандаи Сарвари давлат аст, ки дар ин сарзамин ҳунармандӣ сол аз сол рушд намуда, ҳунармандон бо нерӯи тоза баҳри сайқал додани ҳунари мардумии худ саъю кӯшиш менамоянд. Эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои рушди ҳунарҳои миллии тоҷикӣ заминаи воқеӣ гузошт.

Имрӯз дар ин диёри тамаддунофари тоҷикон касабаҳои адрасу атласбофӣ, қолинбофии дастӣ, сӯзанидӯзӣ ва корҳои хонагӣ, ташкили марказҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст. Айни ҳол ба шаҳр 16 дастгоҳи адрасу атласбофӣ ворид гардиданд, ки барои коркард ва истеҳсоли матоъҳои миллӣ истифода мешаванд.

Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан аз рӯи 12 ихтисосу равияҳои ҳунарҳои мардумӣ мутахассисони соҳибмаълумотро омода месозад. Дар муассисаи мазкур омӯзонидани санъат ва ҳунарҳои зебои мардумӣ - наққошӣ, кандакорӣ, сӯзанидӯзӣ, зардӯзӣ, қолинбофӣ, тарроҳии либосҳои миллӣ, кашидадӯзӣ, кордсозӣ, оҳангарӣ, гаҷкорӣ, заргарӣ, коркарди бадеии чӯб-армуғонсозӣ ва созтарошӣ ба роҳ монда шуда, ба боргоҳи ҳунар аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ донишҷӯён ҷалб мегарданд. Сарвари муассиса Насриддин Хоҷаев барои он ки тамоми ҷавонони минтақаҳои гуногун ба таҳсил ин ҷо ҷалб шаванд, баҳри таҷрибаомӯзӣ агар якеро ба Шуғнон фиристонад, дигареро ба Хатлон сафарбар менамуд. Дар шоҳидии мо бо дастпарвари коллеҷ, ки дар вилояти Хатлон таҷриба меомӯхт ва шогирдони зиёде дошт, ҳамсӯҳбат гардид. Шогирдони ӯ зикр намуданд, ки баъди хатми дабистон дар Коллеҷи шаҳри Истаравшан таҳсили худро такмил диҳанд, ҳунарҳои бобоии худро омӯзанд. Дар ин раванд бояд зикр сохт, ки маҳз дар даргоҳи ҳунар аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла навоҳии Зафаробод, Айнӣ, Деваштич, Варзоб, Fарм, Помир, аз шаҳри Душанбе донишҷӯён таҳсил менамоянд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки ҳамзамон дар Коллеҷ 45 нафар устодону омӯзгорон, рассомон ва ҳунармандони халқии соҳибкасб, аз ҷумла Аъзамҷон Додоҷонов, Аминҷон Шодиев, Қурбон Мазбутов, Наврӯза Сангинова, Назира Бойматова, Фарҳодҷон Мирсаидов ва дигарон ба донишҷӯён нозукиҳои ҳунарҳои миллиро меомӯзонанд, ки аз онҳо 2 нафар профессор, 2 нафар номзади илм, 5 нафар унвонҷӯ мебошанд. Дар назар аст, ки минбаъд мутахассисони соҳаи илм ба кор ҷалб ва ин боргоҳи ҳунар ба академияи бадеии миллӣ табдил дода шавад.

Бояд зикр намуд, ки нақши дастони омӯзгорони ин боргоҳи ҳунар дар мамолики хориҷӣ имрӯз хеле машҳур гаштааст.

Директори коллеҷ ба 35 мамлакати дунё сафар карда, ҳунарҳои эҷоднамудаи шогирдону устодони ин даргоҳро ба хориҷи мамлакат нишон дод. Аз ҷумла, бо дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон дар ҳайати намояндагони Тоҷикистон дар маросими 100-солагии Шайх Муҳаммад Найсон дар давлати Аморати Муттаҳидаи Араб иштирок намуда, қариб тӯли як моҳ сӯзание, ки аз ҷониби сӯзанидӯзи машҳури истравшанӣ, омӯзгори Коллеҷи мазкур Мағфират Атамова омода гашта буд, ба маърази тамошои мардуми араб гузошта шуд. Ба ғайр аз ин боз маводҳои дигари омодакардаи устодону шогирдони ин даргоҳ, аз ҷумла, мизу курсиҳои кандакорӣ, қолинҳои дастибофт, матоъ ва либоси атласу адрас, маҳсулоти кашидадӯзӣ ва бисёр дигарҳо ба диққати ҳозирин расонида шуд. Бояд тазаккур дод, ки мардум аз ин маҳсули дастии мардуми шаҳри Истаравшан ба ваҷд омада, ҳар рӯз барои тамошои он ба ин ҷо ҳозир мешуданд.

Ҳамон рӯзҳо дар рӯзномаи «Ал- ахбор»-и Аморати Муттаҳидаи Араб мақолае таҳти унвони «Тоҷикон ба мо баҳор оварданд» нашр гардид, ки дар бораи ҳунару ҳунармандӣ ва таассуроти мардуми араб тӯли як моҳи баргузории ҳамоиш нақл карда мешуд.

-Мақсад аз таъсис додани Коллеҷи ҳунарҳои мардумӣ,-иброз медорад сарвари коллеҷ Насриддин Хоҷаев,- аввалан рушду такомул бахшидан ба ҳунарҳои мардумӣ бошад, аз ҷониби дигар бо эҳё ва идома бахшидани ҳунарҳои миллии аҷдодиамон дар ниҳоди ҳар як бинанда, бахусус ҷавонон, донишҷӯёни ин боргоҳи ҳунар ҳисси ифтихори миллӣ бедор мегардад. Дар тинати кас эҳсосоти муҳаббат ба арзишҳои миллӣ, ватандорӣ, эҳтиром ба сарзамин ҳар қадар, ки афзун бошад, вай ҳамон қадар аз бегонапарастӣ дур мегардад.

Рафоат МӮЪМИНОВА,
Гулҷаҳон МАХКАМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh