Грант мақсаднок истифода мешавад?

Бо кори доимӣ таъмин намудани аҳолӣ, аз ҷумла занону духтарон дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дода шуда, дар ин самт таъсиси Грантҳои Президенти мамлакат ва Раиси вилоят баҳри рушди ҳунарҳои мардумӣ барои бонувон хеле амали саривақтӣ ва зарурист. Лозим ба ёдоварист, ки соли сипаришуда 15 нафар зан аз вилояти Суғд ба гирифтани Гранти Президентӣ аз 10 то 40 ҳазор сомонӣ мушарраф шуданд.

Дар вилоят низ соли равон дар партави гуфтаҳои болоӣ таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор роҳандозӣ шудааст, ки барои бо ҷои кор таъмин намудани онҳо, дастгирӣ ва эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ аз қабили бофандагӣ, дӯзандагӣ, армуғонсозӣ, кулолгарӣ, чӯбкорӣ, ресандагӣ, читгарӣ, рассомӣ ва ғайра мусоидат мекунад.

Аз гуфти Муяссара Мавлонова-муовини сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бармеояд, ки аз 10 апрел то 1 июн қабули ҳуҷҷатҳо барои дарёфти грантҳо идома дорад.

- Аз тарафи 14 нафар аъзои комиссия ҳуҷҷатҳои довталабони грант мавриди омӯзиш қарор дода, тибқи нақша минтақаи истиқомат ва намуди ҳунари онҳо ба назар гирифта мешавад. Хушбахтона, солҳои охир теъдоди довталабон баҳри дарёфти грантҳои Раиси вилоят меафзояд. Ҳатто ҳунармандони оилавӣ ва мардон низ муроҷиат намуда истодаанд, вале аз рӯи шарти асосии грант танҳо бонувон ба инобат гирифта мешаванд-мегӯяд мавсуф.

Қайд кардан бамаврид аст, ки соли равон тибқи қарори Раиси вилоят 60 нафар бону метавонанд соҳиби грант гарданд. Ин иқдом дар доираи амалӣ гардидани соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мебошад.

Тавре аз суҳбат бармеояд, барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор 15 грант дар ҳаҷми 10 000 сомонӣ, 15 грант дар ҳаҷми 8 000 ва 30 грант дар ҳаҷми 5 000 сомонӣ барои ғолибон ҷудо карда шудааст, ки дар маҷмӯъ 420 ҳазор сомониро дар бар мегирад. Дар назар аст, ки он дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ҷамъбаст гардад. Ин дар ҳолест, ки соли сипаришуда теъдоди гирандагони гранти Раиси вилоят 45 нафар буда, маблағи умумии он 305 ҳазор сомониро ташкил медод.

Оё бонувон маблағҳоро ҳадафмандона истифода мебаранд?

Суоле ба миён меояд, ки грантҳо оё аз ҷониби бонувони ҳунарманд мақсаднок истифода мешавадҳ Яке аз самтҳои фаъ-олияти Раёсати кор бо занон ва оила мусоидат ва назорати маблағҳои ба сифати грант гирифташуда мебошад.

Аз гуфти масъулини Раёсат бармеояд, ки теъдоди муроҷиаткунандагон барои дарёфти грант рӯз ба рӯз меафзояд.

- Соли 2017 агар 71 нафар занону духтарони ҳунарманд лоиҳа пешниҳод карда бошанд, имсол аллакай теъдоди муроҷиаткунандагон бамаротиб зиёд аст, –изҳор намуд М. Мавлонова.

Ҳамзамон, аён гардид, ки аз ҷониби масъулин ҷиҳати то кадом дараҷа мақсаднок истифодашавии грантҳо дар шаҳру ноҳияҳо санҷиш гузаронида шудааст. Теъдоди бештари грантгирифтагон аз шаҳрҳои Хуҷанду Конибодом, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Деваштич ва Мастчоҳ мебошанд.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар сафи пеш

Истиқоматкунандагони ноҳия-Мақсад Сатторова ба маблағи 10 000 сомонӣ ва Заррина Юсуфова ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ соҳиби гранти Раиси вилоят гардида буданд. Санҷиш воқеан нишон дод, ки ин ҳунармандон то 16 нафар занону духтаронро ба омӯхтани ҳунари адрасбофӣ ҷалб намудаанд. Маблағи лоиҳа мақсаднок масраф гардида, барои омӯхтан ва машғул шудани бонувон дар коргоҳ тамоми шароит муҳайё аст.

Инчунин, Муҳайё Пӯлодова дорои гармхонаи парвариши гулҳои ороишӣ ва хонагӣ буда, 8000 сомонӣ грант гирифта буд. Гулпарвар 4 нафарро ба омӯхтани парвариши гулҳо ҷалб намудааст.

Умеда Абдурашидова ба маблағи 8000 сомонӣ соҳиби грант гардида, алҳол ҳунари сӯзанидӯзиро ба 30 нафар шогирд меомӯзонад. Иноят Орифова низ соҳиби 5000 сомонӣ гашта, алҳол ба 10 нафар зану духтарон ҳунари тайёр намудани асосро (ба ибораи худи ҳунармандон - основа) барои атласу адрасбофӣ омӯзонида истодааст. Ӯ бо аҳли оила дар манзили истиқоматиашон фаъолият дорад ва маҳсулоти омодашударо ба ҳунармандони адрасбофи шаҳру ноҳияҳои Панҷакент, Конибодом, Хуҷанд, Ашт ва Айнӣ ба фурӯш мегузорад.

Муқаддас Ҷӯраева, ки ба маблағи 5000 сомонӣ соҳиби грант шуда буд, 4 нафар занону духтаронро ба омӯхтани парвариши гулҳои ороишӣ ҷалб намуд. Дар гармхона 70 намуди гулҳои мавсимӣ вуҷуд дорад. Ба ӯ аз ҷониби Раиси вилоят 1 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ дода шуда буд, ки ҳоло дар он меҳнат мекунад.

Чунончӣ дар суҳбат маълум гардид, масъулини Раёсати кор бо занон ва оила ба ҳунармандон ҷиҳати боз ҳам хубтар ба роҳ мондани шароити корӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта пешниҳоду маслиҳатҳо додаанд.

Шаҳру ноҳияҳои дигар дар чӣ ҳоланд?

Инчунин, зимни санҷиш аз фаъолияти коргоҳҳои Анварой Раҳимова-аз шаҳри Панҷакент, Дилором Абдуллоева-аз шаҳри Истаравшан, Ҳабиба Ғозиева-аз ноҳияи Деваштич, ки ҳар яке ба андозаи 10 000 сомонӣ ва М.Абдуллоева-аз ноҳияи Шаҳристон ба маблағи 8 000 сомонӣ соҳиби гранти Раиси вилоят гардида буданд, натиҷабардорӣ карда шудааст.

-Маълум гардид, ки маблағи ҷудогардида мақсаднок истифода шуда, ҳар кадоме ба 24 нафар занону духтарон ҳунари қолинбофиро омӯзонида истодаанд,-мегӯяд Мавлонова.

Гирандагони грант фаъолияти хешро мақсаднок ба роҳ мондаанд, ки то имрӯз зиёда аз 500 нафар занону духтарон машғули кор ҳастанд.

Хушбахтона, имрӯз дар саросари ҷумҳурӣ туфайли пешниҳоди грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси вилоят ҳунарҳои асили аҷдодӣ аз нав эҳё ва равнақ ёфта истодаанд. Аз ҳама муҳим, барои бо кори доимӣ таъмин шудани занону духтарони бекор ва бо ин васила аз ҷурму ҷиноят дур шудани онҳо мусоидат мекунад.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
 “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh