Бо ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорон дар ҳалли муаммоҳои иҷтимоӣ саҳм мегузоранд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом, ки рӯзи 29 май сурат гирифт, бо ҷараёни таъмиру навсозии муассисаи таълимии миёнаи умумии № 6 шинос гардид.

Аснои боздид ба Раиси вилоят иттилоъ доданд, ки мактаби мазкур аз тарафи собиқ хатмкунандаи муассисаи таълимӣ – соҳибкор Аҳадҷон Шарифов дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар рӯзи 12 майи соли равон баён дошта буданд, ба таъмир фаро гирифта шуд.

Барои иҷрои корҳои таъмиру барқарорсозии муассисаи таълимӣ харҷи 500 000 сомонӣ дар назар гирифта шуда, интизор меравад, ки корҳо моҳи сентябри соли ҷорӣ ба итмом расонида шавад.

Раҷаббой Аҳмадзода иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат арзёбӣ карда, саҳмгузориаш дар таъмири муассисаи таълимиро дар моҳи шарифи Рамазон амали нек ва хайру савоб унвон кард. Таъкид карда шуд, ки бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми се соли дарпешистода бояд дар ҳар як маҳалли аҳолинишин, шаҳраку деҳот ва деҳаҳои калон бунёд ва таъмиру азнавсозии муассисаҳои томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, марказҳои саломатӣ бо таваллудхонаҳо, бунгоҳҳои тиббӣ, китобхонаву ҳаммомҳо, майдончаҳои варзишӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ вусъат дода шавад. Изҳори умед карда шуд, ки сафи чунин соҳибкорон афзуда, дар ин раванд саҳми ватандӯстонаи худро хоҳанд гузошт.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh