Дӯстдори ҳунар

Ҳунар - сарват, ҳунар - давлат ва ҳунар боигарӣ аст. Аммо он сарват, давлат ва боигариро танҳо ҳунарманд метавонад захира кунад, ҷамъ оварад. Бахти ҳунарманд аст, ки сарвату давлату боигариашро касе наметавонад ситонад, вале агар дили муҳаббатбор нисбат ба халқ дошта бошад, албатта дасти нафареро мегирад ва ҳунарашро меомӯзонад. Исмоилхоҷа Музаффаров низ аз зумраи ҳунармандонест, ки дар солҳои мушкил, дар давраҳои карахтӣ на танҳо худ, балки дигаронро низ нон дод, яъне ҳунарашро ба талабгорон омӯзонду наҷот бахшид, ҳунарашро бо санъати моҳирона тасвир карду дӯстдоронро мафтун сохт.

Истеҳсолоти Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Исфара - Фарфор», ки сарварии онро И. Музаффаров бар дӯш дорад, на он қадар васеъ аст, аммо баҳри дили ӯ кушод аст ва асрори ҳунарашро то ба Истаравшану Панҷакент бурдаасту ба шарофати дарёдилиаш то Ӯзбекистону Қирғизистон дӯстону ҳамкорон пайдо кардааст.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бо маслиҳати дӯстон И.Музаффаров бо маблағи ҷамъовардааш дар мавзеи холӣ бино бунёд кард. Моҳи феврали соли 1993-юм ба фасли сармо нигоҳ накарда, ҳамагон барои ба фаъолият оғоз бахшидани коргоҳ тарафдор буданд. Дар ҳақиқат он рӯз вақте пирони диёр ба кор фотеҳаи нек доданд, ташнагони санъат сардии ҳаворо эҳсос накарданд, зеро дар он солҳои мушкил ба ин васила вазъи оилавии чанд тан беҳтар хоҳад шуд, аз ин рӯ, ба хурсандии сарвари коргоҳ ҳамроҳ гардиданд. И.Музаффаров тавонист, ки беш аз ҳафтод нафарро бо ҷойи корӣ таъмин намояд. То он даме ки интиқоли гази табиӣ қатъ нагардид, бонувон машғули меҳнат буданд. Аз оғози фаъолият то солҳои дуҳазорум то ҳафтод нафар духтаракону бонувон бо кулолгарӣ машғул буданд.

Дар даврони Истиқлолияти ҷумҳурӣ сехи номбурда гоҳе фаъолият дошту гоҳе ба сабаби набудани гази табиӣ дарбаста мешуд. Бо мурури замон ба сабаби қатъ гардидани гази табиӣ ва сермасраф будани таҷҳизоти куҳан миқдоран армуғонҳои рангобаранги сафолӣ кам гардиду дар баробари ин харидорони худро ҳам гум кард. Бо ҳамин масъала борҳо аз ҳаммаслакони худ аз дигар давлатҳо дар тамос гардид ва илоҷи корро низ ёфт.

- Соли 2009 ба сабаби қатъ гардидани гази табиӣ коргоҳ аз фаъолият бозмонда бошад ҳам, рӯҳафтода нагаштем, балки хумдони тавассути ҳезум истифодабарандаро омода кардем. Соли 2013 якчанд чунин хумдонҳоро ба кор даровардем. Аммо алҳол, ки «асри техника» мегӯянд, бояд ба таҷҳизоти муосир рӯй оварем…

Дирӯз дар мулоқоти Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҳунармандон И.Музаффаров ҳам оид ба сахопешагӣ ва хирадмандии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ҳунармандон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, эълон доштани соли 2018- «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», роҳҳои пешравӣ дар кор, омода кардани гулдону табақу косаҳо аз гил ва фоиданок будани он, инчунин дастрас намудани таҷҳизоти муосир фикру андешаи хешро иброз дошт.

Нукта нишонрас гардид…

Вақте ба аёдаташ рафтем, ӯ бо мамнуният изҳор дошт, ки таклифу пешниҳодоташ дар назди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳалли худро ёфтааст ва таҷҳизоти навтарин, дар мисоли хумдони гилпазиро дастрас кардаанд. Вақте аз фарқияти он пурсон шудем, изҳор дошт, ки дар хумдони муосир сӯзишворӣ панҷ маротиба сарфа хоҳад шуд. Ӯ бо дард замони гузаштаро ба хотир оварда, қайд кард, ки «агар солҳои пешин то ҳафтод нафар ба омода сохтани беш аз сад намуди кӯзаву гулдону табақ ва ғайраҳо машғул бошанд, алҳол мо, як гурӯҳи хурдакак кӯшиш ба харҷ дода истодаем, ки 30 намуди армуғонҳои хешро пешкаши муштариён гардонем».

Масоҳати коргоҳ 0, 94 гектар бошад ҳам, аммо сарвари он зикр медорад, ки вақте ба усули дигари кор гузаштанд, албатта кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, ки маҳсулоти эшон дар бозори ҷаҳонӣ мавқеъ пайдо кунад.

Ин марди саховатпеша боз гуфтаҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро ҳангоми мулоқот бо ҳунармандон оид ба таъсис додани Ассотсиатсияи соҳибкорон ба хотир овард. Ӯ ҳангоми дар корхонаҳои ҳунармандии шаҳрҳои Тошканд, Риштон ва Қӯқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон буданаш чанд навовариҳои онҳоро аз худ кард. Шумораи кормандони корхонаҳои ҳунармандии давлати ҳамсоя аз як нафар то 80 нафар буда, дар коргоҳ маҳсулотро нимтайёр ва пасон дар хона онро идома медиҳанд. Маҳсулоти тариқи сӯзишвории гази табиӣ омодагардида, нисбати бо ҳезум тайёр кардашуда сифатан беҳтар аст. Инчунин, дӯстони ҳамҷавор Ассотсиатсияи ҳунармандон таъсис додаанд, ки маҳсулоти омодасохтаро зери назорат мегирад. Дар як вақт Ассотсиатсияи дӯстии кулолгарони Ӯзбекистон ва Япония низ амал мекунад, ки аз рӯи талабу дархости японҳо маҳсулот омода сохта армуғонҳо - маҳсули дасти ӯзбекон пешкаши харидорони япон мегардад.

Ду пешниҳоди саривақтӣ

- Ду пешниҳоде, ки соли равон Пешвои муаззами миллат ба миён оварданд, барои ҳунармандон хеле хуш омад, яке эълон гардидани соли 2018 - «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва дигаре аз андоз озод будани соҳибкороне, ки дар хона фаъолият мебаранд. Алҳол мо дар сех маҳсулоти нимтайёр омода мекунем, рангу борашро бошад, кӯшиш намуда истодаем, дар хона анҷом диҳем. Дар ин масъала алҳол духтарам Зӯҳрохон бо эҷоди тоза фаъолият бурда истодааст.

Макони маҳсулоти хом

Мо маҳсулоти хомро аз каналу кӯҳҳои сурхи диёри офтобрӯяамон дастрас менамоем. Вақте бо масъалае ба Раиси вилоят муроҷиат кардем, он кас моро дастгирӣ намуда, баҳри харидории таҷҳизот бо тамғаи «НОУХАУ» кӯмак карданд. Истифодаи таҷҳизоти номбурда имкон медиҳад, ки гази табиӣ сарфа гардида, инчунин сифати маҳсулот хеле беҳтар шавад, он гоҳ мо ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам миқдор ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир шуда метавонем.

Ҳунарманд - эҷодкор

И.Музаффаров ақидае дорад: Ҳунармандону кулолгарон низ мисли нависандагонанд, вақту соати муайяни корӣ надоранд. Вақте дар корхонаҳои шаҳри Тошканд будам, боре як нафар рангуборчиро пурсон гаштам, ки дар як рӯз чанд дона кӯзаро ороиш медиҳад. Ӯ дар ҷавоб гуфт: - Дар як рӯз гоҳе то 10 дона ва гоҳе як донаашро ҳам ба итмом расонида наметавонам. Эҷодкор вақту соати кории муайяне надорад. Дар корхонаҳои шаҳри Риштон ҳам чунин ҳолатро дидам, аз нафаре пурсон шудам, ки барои нақшофарӣ ва ё рангубори он чӣ қадар вақт меравад. Лаҳзае мешавад, ки дар як рӯз то 10 дона кӯзаву табақ ва ё дигар намудҳои армуғониро наққошӣ менамояд ва дар баъзе ҳолати танҳо як табақро нақшбандӣ менамояд. Аз ин рӯ, ман кормандони нақшофаринро мисоли эҷодкорон медонам…

Чанд андешаи ҳунарманд…

Ҳангоми суҳбат бо ин марди меҳнатқарин дарк кардам, ки на танҳо худ, балки дигаронро низ ба ин самт бо муҳаббат равона месозад. Ӯ хоҳишмандони шаҳрҳои Истаравшан ва Панҷакент, толибилмони мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 62-и зодгоҳаш ва дигар ҳамшаҳриёнашро бо санъати кулолгарӣ ошно сохтааст ва дар ин масъала, метавон гуфт, комёб гаштааст. Алҳол ҳамроҳи ӯ бонувони чирадаст – наққошон Муҳиба Аҳмадова, Дилбархон Юнусова ва Гулчеҳрахон Алиева ба гулкории кӯзаву табақҳои гуногун машғуланд.

Чанде пеш ба истиқболи Наврӯзи байналмилалӣ, ки дар шаҳри бостонии Панҷакент доир гардид, барои банду басти машрубот армуғонҳои хеле зебою наққошикардашударо омода сохт, ки аз ин меҳмонони ба тантана ташрифоварда арзи сипос намуданд.

Дарди дил…

Дарди замон дарди ӯст. Дар солҳои Иттиҳоди Шӯравӣ вақте 50 фоизи армуғон бо тарҳи миллӣ омехта мегардид, аз он танҳо андози иҷтимоӣ ва даромад рӯёнида мешуд, ҳоло бошад… Агар ба тарзи пешин боз рӯй оварем ва маҳсулоти нимтайёрро дар хона омода созем, боз метавонистам бист нафарро бо кор таъмин намоям…

Нақшаҳо зиёданд…

Ҳангоми боздид аз коргоҳ ба ҷӯяндаву меҳнатқарину инсонпарвар будани И.Музаффаров бори дигар боварӣ ҳосил кардам. Ӯ инсонест дилдарё, сахопеша, инсондӯст. Новобаста ба баъзе мушкилот ва ё нофаҳмиҳои бархе аз садрнишинон орзу дорад Маркази таълимӣ - истеҳсолӣ таъсис дода, ҳунари қадимаро дар қалби ояндагон эҳё созад, санъату маҳорати касби кулолгариро ба дигарон ҳам омӯзонад. Дар дохили ҳамин коргоҳ сехи наботпазӣ низ фаъолият мебарад. Вақте вориди он гардидам, дегҳои калонҳаҷми ресмонкашида ҳам буду инчунин наботҳои пухташуда мисоли марҷони зарду сурху сафед ҷилоҳои хосаи худро доштанд. Писари И. Музаффаров Исломхоҷа бо наботпазӣ машғул будааст.

Исмоилхоҷа Музаффаровро чунин дарёфтам: ҳамқадами замон аст, зеро вақте интиқоли гази табиӣ қатъ гардид, хумдони бо ҳезум, пасон хумдони тавассути аррамайда ва чанде пас бо гази моеъ истифодабарандаро омода сохт. Алҳол бошад, аз Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода сипосманд аст, ки дар бобати дастрасии таҷҳизоти муосир мусоидат намуд ва минбаъд маҳсулоти босифатро на танҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ, балки берун аз он ҳам пешниҳод хоҳад кард.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh