Ҳамнафаси Осорхона

Дар зиндагӣ бо инсонҳое вомехӯрем, ки маҳз бо меҳнатдӯстиашон соҳибэҳтирому пирӯз монданд.

Ҳар шахсеро баҳри коре сохтаанд.

Майли онро дар дилаш андохтаанд.

Ин байтҳоро мехонему симои Матлуба Аминова пеши назар ҷилвагар мегардад. Зеро ин зани оқилу порсо, матинирода солиёни зиёд дар Муассисаи давлатии Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент фаъолияти босамар дорад.

Аминова Матлуба  аз соли 1975 то инҷониб дар осорхонаи мазкур аз вазифаи назоратчӣ, роҳбалад, корманди илмӣ, сармуҳофиз ва  айни ҳол ба вазифаи тармимгар фаъолият мебарад.

Дар тӯли фаъолияти меҳнатии худ дар Осорхона барои ѓанӣ гардонидани фонди Осорхона кӯшишҳои зиёде ба харҷ додаааст. Ин зани чашмикордон тамоми вуҷуди худро баҳри он равона месозад, ки кораш ҷавобгӯи талабот бошад. Дар чорабиниҳои шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ бо намоишҳои сайёри Осорхонавӣ, намоишгоҳҳои ҳунарҳои мардумӣ фаъолона ширкат намуда, сазовори ҷойҳои  намоён гаштааст. Соли 1985 дар Осорхонаи таърихии шаҳри Днепропетровскии Ҷумҳурии Украина барои бозомӯзии касбии осорхонавӣ ширкат варзида, дараҷаи донишашро баланд бардоштааст.

Соли 2008 ба муносибати 1150 -солагии ҷашни устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар аз нав тарҳрезӣ намудани экспозитсияҳои Осорхона ҳиссаи арзандаи худро гузоштааст.  Дар рушду такомули фарҳанги миллӣ, эҳёи суннатҳои ниёгон ва барои ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ҳиссагузор аст.

Барои ба феҳристи электронӣ ворид намудани нигораҳои арзиши таърихию фарҳангӣ дошта дар осорхона ҳиссаи назаррас дорад. Дар баробари дар осорхона фаъолият намудан ӯро ҳамчун ҳунарманди номӣ дар миқёси Тоҷикистон мешиносанд, зеро сӯзаниҳои дӯхтаи ӯ то кишварҳои ҳамсоя Ӯзбекистон, Қазоқистон ва дигарон харидорӣ мешаванд. Матлуба Аминова ба наврасон, ҷавонон ва занони хонашин  ҳунари сӯзанидӯзиро меомӯзонад. Ӯ мехоҳад, ки сафи занони ҳунарманди сӯзанидӯз дар шаҳри Панҷакент зиёд гардад. Ӯ аъзои Иттифоқи Ҳунармандони Тоҷикистон буда, дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ муарифгари ҳунари сӯзанидӯзони тоҷик мебошад.

Имрӯз ин зани соҳибтаҷриба ва ҳунарманд аз бахти хеш сарфарозу сарбаланд аст, зеро  ҳама хурду бузурги шаҳри Панҷакент ба хусус аҳли кормандони Осорхонаи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ бо номи ин зани фидокор ва дилдодаи касбу ҳунари хеш меболанду мефахранд.

Зебинисо Отабоева
мудири китобхонаи илмии Осорхонаи ба номи
Абӯабдуллоҳ Рӯдакии шаҳри Панҷакент

 

Add comment


Security code
Refresh