Нақшҳои оҳарии меҳнатнасиб

Дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои занони ҳунарманд тамоми шароиту имконият фароҳам оварда шуда, бо таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва азму талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин раванд соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидааст.

Имрӯз ҳунарҳои сӯзанидӯзию қуроқдӯзӣ аз нав эҳё шуда, шавқмандони асил ин навъи санъати бемислу монандро ба арши аъло расонидаанд. Акнун курта ва камзӯлҳои қуроқӣ гулдухтарон ва занонро боз ҳам зеботар намуда, дастархон, кӯрпа ва чодарҳои қуроқӣ хонадони мардумро зеб медиҳанд. Зани тоҷик аз қадим порсову эҷодгар, ҳунарманду ободгар буду чунин хоҳад монд. Боиси ифтихормандист, ки имрӯз ҳунари волои эшон дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ шудаву боиси аҳсанту ситоиш гаштааст. Зани тоҷик ҳамеша мекӯшад, ҳаёташ манфиатбахшу босамар гузарад, то аз худ нақши бузурге ба ёдгор монад.

Ҷалби занону духтарон ба касбомӯзӣ

Шаҳри Панҷакенти бостонӣ бо шахсиятҳои бузургу наҷибаш, ҳунармандони номиву асилаш сазовори иззату эҳтироми мардуми диёр дар арсаи байналхалқӣ гардидааст. Бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ грантҳои Президентӣ таъсис дода шудааст.

Бо ин мақсад бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ҷиҳати эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар Кохи фарҳанги шаҳр маҳфили кашидадӯзони наврас ташкил карда шуд, ки ҳар сол толибилмони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр нозукиҳои ин ҳунарро меомӯзанд.

Асрори ҳунари қадима

Роҳбарии маҳфилро зани ҳунарманд - сӯзанидӯз Матлуба Аминова ба уҳда дорад. Дар маҳфил ба наврасон тарзи дӯхтани сӯзанӣ ва усулҳои офаридани нақшҳои гуногун омӯзонида мешавад, ки меҳнат ва машаққати зиёдро талаб дорад. Матлуба ин ҳунарро аз модаркалонаш - бибии Муфарриҳа ва модараш Султоной Исмоилова омӯхта, аз сирру асрори ҳунари қадима баҳравар гардидааст. Ҳунарманд танҳо бо сӯзан нақшҳо, зебоиҳоро ба риштаи тасвир кашидааст. Мақсади омӯзонидани ҳунарҳои кашидадӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, рӯйҷо, болинпӯш, ғаранг, куртаҳои чакан, таксарии гулдӯзишуда ин санъатест, мерос аз ниёгон, ки дар баланд бардоштани маънавиёти наслҳои имрӯза мададрасон мебошад. Ин намуди нақшдӯзӣ, гулдӯзӣ дар рӯи матоъ санъати мардумӣ маҳсуб ёфта, ҳунармандон дар ҳар давру замон мекӯшанд, ки зебоӣ, рангорангии табиат, замину офтоб, лаҳзаҳои зиндагии худро бо риштаҳои гуногунранги абрешимӣ моҳирона ва нозукона ба тасвир кашанд.

Намунаҳои зиёди ҳунари сӯзанидӯзӣ, ки дар дӯхтани он тафаккури олами гардон ва маънои зиндагӣ ифода ёфтааст, аз риштаи абрешимӣ дӯхта шуда, он бо мурури замон ранг ва зебоиашро гум намекунад. Дӯхти он завқи баланди дӯзандаро фарогир буда, барои тарбияи зебоипарастии ҳар як бинанда нисбат ба ҳунари ниёгон муҳим арзёбӣ мешавад.

Шогирдон устоди касби хеш гашта, якчанд нафари онҳо дорандаи Сертификати Ассотсиатсияи занони ҳунарманд мебошанд. Меҳри ҳунарро дар дили наврасон Матлубахони ҳунарманд бедор намуд. Ӯ дар чорабиниҳои шаҳрию вилоятӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ бо маҳсули ҳунари худ ва эҷоди шогирдон кашидадӯзии тоҷиконро муаррифӣ менамояд.

Парвози ҳунар

Шогирдони ӯ Мижгона Ғаниева, Шаҳноза Қодирова, Мақсуда Саидова, Меҳрангиси Алишер, Фарангиси Алишер, Маҳдияи Мӯъмин, Дилфуза Ашӯрова, Мавзуна Рустамова ва Манижаи Исмоил мебошанд. Бояд гуфт, ки Матлуба аз соли 2010 узви Ассотсиатсияи занони ҳунарманди Тоҷикистон буда, мунтазам дар намоиши маҳсули эҷоду семинарҳо иштирок мекунад. Соли 2011 дар намоишгоҳ - конфронси занони ҳунарманд дар шаҳри Қарочии Ҷумҳурии Исломии Покистон, моҳи феврали соли 2012 дар семинари занони ҳунарманд дар шаҳри Бухорои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва шаҳрӣ бо маҳсули эҷоди худ иштирок карда, сазовори баҳои баланд гардидааст.

Ҳоло ҳунари сӯзанидӯзии Матлуба ҳаводорони зиёде дорад. Барои оро додани хонаи арӯс кашидадӯзии анъанавӣ, аз қабили рӯйҷо, ғаранг, болинпӯш ва сӯзанӣ ба ӯ фармоиш медиҳанд. Дар баробари ин, меҳмонон аз хориҷа низ ба офаридаҳои ӯ таваҷҷуҳи зиёд доранд. Намунаҳои ҳунари ӯро сайёҳони давлатҳои Ҷопон, Амрико, Корея, Фаронса, Англия, Покистон ва Ӯзбекистон харидорӣ кардаанд. Инчунин, мавсуф дар Фестивали байналмилалии ҳунар ва мӯди «Диёри ҳусн» (соли 2014 бо дастгирии Бунёди байналмилалии «Ҳафт пайкар») дар шаҳри Кӯлоб соҳиби Сертификат гардид. Тибқи лоиҳаи Шӯрои аврупоӣ соли 2015 дар семинарҳои омӯзишии сифати ҳунар ва Иттифоқи ҳунармандони Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд моҳи июли ҳамон сол доир гардид, соҳиби Сертификат шуд.

Бояд зикр намуд, ки М.Аминова дар бахши сӯзанидӯзӣ Гранти Раиси вилоятро ба маблағи 5000 сомонӣ мушарраф шуда, соли 2014 дар озмуни вилоятии «Меҳнати хонагии занону духтаронро эҳё мекунем» сазовори мукофот ва ҷойи дуюм гардид.

Рӯзҳои 20-23 декабр дар Маркази савдои «Ашан»-и шаҳри Душанбе, дар намоишгоҳи «Истеҳсоли маҳсулоти савғотии беҳтарин ба сайёҳон», ки аз тарафи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, соҳиби ҷойи дуюм ва бо мукофот қадрдонӣ шуд. Ин бонуи ҳунармад барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва саҳми арзанда дар рушди ҳунармандӣ чандин маротиба бо Сипоснома ва мукофотҳои пулӣ сарфароз гардидааст.

Идомабахши касби модар

Имрӯз ҳунари Матлубаро фарзандаш Мавзуна Ҷалолова идома дода, мекӯшад, ки сафи ҳунармандон зиёд шавад. Чунки ин амали нек воситаи таъмини зиндагӣ ва сари баланди ҳунарманд мебошад. Ин бонуи ҳунар узви Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон аст. Шукрона аз он дорад, ки ҳифзу эҳёи суннатҳои миллӣ натанҳо дастоварди фарҳангӣ, балки вазифаи муқаддаси шаҳрвандии ҳар яки мост.

Мавзуна дар оилаи ҳунарманд ба дунё омада, нақшофарӣ дар рӯи матоъ касби дӯстдоштааш мебошад. Пас аз хатми мактаби миёна бештар ба нақшофарӣ машғул шуда, дар гулдӯзиҳои калонҳаҷм ва либосҳои гуногун нақш меофарад. Нақшҳоеро, ки ӯ ба тасвир меорад, аз санъати баланди зеҳнии ӯ гувоҳӣ медиҳанд.

Ӯ ҳунари наққоширо аз омӯзгори мактаб Бобоҷон Сарваров ва рассом - ороишгари Осорхонаи таърихии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Лутфилло Ҷанобилов омухтааст. Аз соли 1999 инҷониб ӯ нақшро дар рӯи матоъ бо тамоми нозукияш ба тасвир медиҳад. Ҳунарашро ба духтаронаш Маҳина ва Парвина ҳам меомӯзонад.

Нақши рӯи матоъ

Ин гуна нақшофарӣ санъати мардумӣ буда, Мавзуна мекӯшад, ки бо санъати баланд нишонаҳои ҳаётро ба тасвир кашад. Кашидадӯзии зебо ва хушсифат аз маҳорат ва эҷодкории ҳунарманди наққош - қаламкаш вобаста аст.

Бо дархости занони водии Зарафшон ӯ нақшу нигорҳоро бештар мувофиқи шаклашон - пиёлагул, чиннигул, лола, моҳ, ситора, лаби бом, аноргул, каҷдумак, райҳонгулро дар рӯи матоъ барои сӯзанӣ, рӯйҷо, болинпӯш, ғаранг ва куртаҳои чакан бо риштаҳои рангоранг медарорад. Нақшҳои офаридаи ӯ бо як бандубасти мукаммал муттаҳид мегардад, ки онҳо бо “рута” – ҳошия ва ё бо “оба” иҳота карда мешаванд. Нақшу нигори санъати тасвириро Мавзуна дар ҷузвдонҳои занона ва болинҳо тасвир мекунад. Вай соли равон дар шаҳри Панҷакент дар чорабинии Ассотсиатсияи занони ҳунарманди Тоҷикистон ба курси бозомӯзии ҷавонон барои дӯхтани гулдӯзиҳои тоҷикӣ ва нақшофарӣ дар рӯи матоъ ҳамчун тренинг ширкат варзида, нозукиҳои ин ҳунарро ба онҳо омӯзонид.

Ба ин касб на ҳама шавқу рағбат доранд. Азбаски дар рӯи матоъ офаридани нақш хеле нозук аст, кашидадӯзон аз нақшҳои тайёркардаи қаламкаш медӯзанд. Мутаассифона, ана ҳамин нақшофарӣ дар рӯи матоъ аз байн рафта истодааст. Шахсоне, ки аз ҳунари Мавзуна огаҳанд, бештар бо ӯ ҳамкорӣ доранд.

- Офаридани нақшҳои гуногун ба ман илҳом мебахшад. Мехоҳам, ки нақшҳои офаридаам бо дӯхтани сӯзаниҳои гуногуну тарзи долзании анъанавӣ хонаи наварӯсонро зебу оро диҳанд,- мегӯяд Мавзуна. Ӯ мехоҳад, ки ин ҳунарро ба дигар духтарон низ омӯзонад, то ин ки ҳунари ниёгон ва фарҳанги миллии тоҷикон ба ояндагон чун мерос боқӣ монад.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh