Зеби “Зиннат” - либоси миллӣ!

- Маркази таълимӣ-истеҳсолии “Шероз” соли 2014 дар назди Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи “Зиннат” бо мақсади эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумии қолинбофӣ ва гулдӯзию зардӯзӣ ифтитоҳ гардида буд. Раиси вилоят ҳангоми боздид аз ин коргоҳ ба масъулин ҷиҳати ба фурӯш гузоштани маҳсулоти истеҳсолшаванда, ҷалби бештари занону духтарон ба ҳунаромӯзӣ, ҳамчунин барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсол ва теъдоди коргарон тавсияҳои муфид дода буданд, - иброз дошт Шероз Зиёбоев.

- Алҳол шумораи кормандон зиёда аз 25 нафар буда, музди маоши онҳо ба 800 сомонӣ баробар аст. Мо вазифадор гардидем, ки иқтидори бекорхобидаи истеҳсолиро самаранок истифода барем, зеро он имконият медиҳад, истеҳсоли либосҳои мактабиро нисбатан аз бозор арзонтар ба роҳ монем.

Дар корхона маҳсулоти намунавӣ - либосҳои махсус ва мактабӣ барои тарғибот ба мизоҷон пешниҳод шудааст. Бино ба гуфти масъулин мушкилоти асосии корхона асосан набудани фармоиш ба истеҳсоли чунин маҳсулот мебошад. Дар ҳолати таъмин намудани супориш корхона омода аст, нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии корхонаро сари вақт ва босифат иҷро намояд. Дар ин самт айни ҳол мулоқот бо роҳбарони корхонаҳо идома дорад.

- Бояд зикр намоям, ки зиёда аз 15 сол бо Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ доштем. Ҳар сол зиёда аз 1 миллион сомонӣ гардиши молу маҳсулот ба назар мерасид. Мо аз онҳо фармоиш гирифта, либосҳои афсарону сарбозон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқро тайёр мекардем. Аз сабаби он, ки соли ҷорӣ дар шаҳраки Палоси шаҳри Бӯстон дар назди Агентии таъминоти амволи махсус сехи дӯзандагӣ барои дӯхти либосҳои низомӣ кушода шуд, бо мо шартнома набастанд, - изҳор дошт мавсуф.

 Ба ин нигоҳ накарда, мо чор нафар мутахассиси покистониро даъват карда, дӯхти маҳсулоти чармиро ба роҳ мондем ва ҳамчунин якчанд нафар занонро ба кор гирифта, дӯхтани курткаҳои чарминро омӯзонида истодаем. Рӯзҳои наздик боз чанд нафарро бо кори доимӣ таъмин хоҳем намуд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh