Ҳадаф: Ҷалби бештари сайёҳон

Мувофиқи маълумоти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ имрўз кишвари мо аз лиҳози низоми соддаи гирифтани раводиди навъи сайёҳӣ дар рўихати панҷ кишвари пешсафи дунё мавқеи чаҳорумро ишғол менамояд.

Иқлиму шароити мусоиди табиии сарзамини мо барои ба роҳ мондани хизматрасониҳои муосири сайёҳӣ ва инкишофи намудҳои гуногуни он имкониятҳои фароҳамро муҳайё намудааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, сатҳи иҷрои корҳо дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла ҷиҳати бунёди иншоот ва баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ андешидани тадбирҳои саривақтӣ ва беҳбуд бахшиданро металабад.

Дар робита ба раванди «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мухбирамон оид ба амалигардонии тадбирҳо ҷиҳати рушди соҳаи сайёҳӣ дар қаламрави вилоят ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сармутахассиси шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Шўҳрат Усмонов муроҷиат кард.

- Ҳоло дар ҳудуди вилояти мо 24 ширкати сайёҳӣ фаъолият бурда, барои ошно гаштан бо ёдгориҳои меъмориву фарҳангӣ, обидаҳои таърихии шаҳру навоҳии Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Айнӣ ва дигар мавзеъҳои вилоят сол аз сол сайёҳону меҳмонон аз кишварҳои хориҷа зиёд меоянд.

Давоми се соли охир теъдоди сайёҳон ва меҳмонон аз мамолики дунё бо сабаби ҷорӣ гардидани шабакаи ягонаи электронӣ бамаротиб афзуд. Чунин раводиди электронӣ имкон дод, ки сайёҳон аз тамоми гўшаҳои олам, дар хонаашон нишаста, ба сомонаи Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ворид шаванд ва тариқи пур кардани анкета дар давоми 72 соат раводидро ба муҳлати ду моҳ дастрас намоянд. Ин ашхос метавонанд ба Тоҷикистон омада, аз 30 то 45 рўз бе қайди махсус будубош намояд. Ҳамин соддагардонии гирифтани раводид боис гашт, ки давоми моҳҳои сипарии соли равон ҷалби сайёҳон ба вилояти мо нисбат ба солҳои пеш хеле афзуд.

- Феълан ҷиҳати рушду такомули бештари соҳаи сайёҳӣ бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ шуъбаи рушди сайёҳии вилоят сомонаи худро таъсис дода истодааст, ки ба қарибӣ ба фаъолият шурўъ хоҳад кард. Ҳоло, ки замони пешрафти босуръати технологияи нав аст, бо кушода шудани сомонаи шуъбаи рушди сайёҳии вилоят сайёҳон аз тамоми кишварҳои дунё метавонанд, бо суолҳои худ ба Ширкатҳои сайёҳӣ, ки ба шабакаи ягонаи интернетӣ пайвастанд, муроҷиат намоянд. Аз ҷумла, дар бобати интихоби меҳмонхона бо нархҳои дастрас, осоишгоҳ, барои табобат, фармоиши ҷойгиршавӣ дар меҳмонхона ва ё осоишгоҳ; ошноӣ бо рўихати ҷойҳои таърихии ҳудуди вилоят ва мавзеи ҷойгиршавии он маълумоти аниқу дақиқ гирифта метавонанд.

Ё ин, ки сайёҳи хориҷӣ мехоҳад дар меҳмонхонаи мушаххас барои санаҳои муайян иҷозатнома дастрас намояд. Бо дастрас намудани иҷозатнома намояндагони меҳмонхона сайёҳонро дар соати муайян истиқбол хоҳанд гирифт, ки ин, албатта, меҳмонро аз ташвишҳои зиёдатӣ раҳо месозад.

Хоҳиши меҳмонон ё сайёҳон сари вақт ба иҷро расонида мешавад. Аз ҳар маълумот меҳмонон метавонанд тариқи сомона огоҳ гарданд. Маълумотномаи сомона давоми ҳафта ду маротиба дида баромада, навгониҳо ворид карда мешаванд. Сомонаи шуъбаи рушди сайёҳӣ ба меҳмонон аз тамоми мамолики дунё дастрас буда, фаъолияти он бо забонҳои англисӣ, немисӣ, фаронсавӣ, русӣ ва чандин забонҳои дигар ба роҳ монда шудааст.

- Албатта, амалигардонии чунин тадбирҳо бо мақсади ҳарчӣ бештари ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба вилоят буда, минбаъд шуъба нақшаву ният дорад, баҳри пешбурди фаъолият ва мусоидат ба рушду такомули соҳаи сайёҳӣ тадбирҳои амалии навро роҳандозӣ намояд.

Рафоат МЎЪМИНОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh