Ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятӣ

Кишварамонро шоиста муаррифӣ намоем!

18 июли соли равон дар Маркази таълимию истироҳатии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон доир ба мавзӯи «Аҳамияти ташаббуси Раиси Шӯрои ҷамъиятӣ доир ба эълон гардидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзиши таҷрибаи вилояти Суғд» ҷаласаи сайёри Шӯрои ҷамъиятӣ баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд.

Раиси вилоят дар суханрониаш аз ҷумла таъкид дошт, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намунаи олии таваҷҷӯҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ маҳсуб мегардад.

Рушди ин соҳаҳои муҳими иҷтимоӣ ба пешрафти иқтисодиёт, муаррифӣ ва шинохти фарҳангу асолати миллӣ ва нуфузу эътибори байналмилалии кишвари азизамон мусоидат хоҳад кард. Бо ҷонибдорӣ аз ин ташаббуси неки Пешвои муаззами миллат дар вилоят корҳои хуб роҳандозӣ гардида, аз ҷумла тибқи қарори Раиси вилоят шӯъбаи рушди сайёҳӣ таъсис дода шуда, якчанд форуму фестивалҳои байналмилалӣ доир гардиданд. Чунончӣ, дар маркази вилоят фестивали «Марҳабо, ба Суғди бостон» ва дар шаҳри Исфара Форуми байналмилалии сайёҳӣ дар сатҳи баланд доир гардид. Алҳол дар вилоят фаъолияти 24 ширкатҳои сайёҳӣ тибқи меъёрҳои мутобиқ ба талаботи стандарти давлатӣ хуб ба роҳ монда шуда, мавзеъҳои таърихӣ ва бостоншиносӣ ба қабули сайёҳон омода гаштаанд. Муҳайё намудани шароитҳои мусоид ба рушди сайёҳӣ имкон дод, ки дар ин давра беш аз 527 ҳазор сайёҳон аз ҷумҳурӣ, аз ҷумла 370 ҳазор нафар аз вилояти Суғд, ки дорои табиати нотакрор ва ҷойҳои таърихӣ мебошад, боздид намудаанд.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин изҳор дошт, ки маҳз дар натиҷаи сиёсати дарҳои кушоди Тоҷикистон, таъмини амнияту суботи сиёсӣ ва иқтисодӣ таваҷҷӯҳи ҷаҳониён ба кишвари мо афзуда, сол аз сол теъдоди сайёҳон афзуда истодааст. Аз ин рӯ, масъулини соҳаро зарур аст, ки корҳои ободониву созандагиро вусъати тоза бахшида, бобати таъмини хизматрасонии сатҳи баланд ва мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ тадбирҳо андешанд.

 Дар ҷаласа мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ вар обита бо ҷомеа, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода, котиби ҳамоҳангсози Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Саидов, мудири шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Абдумаҷид Раҳимов, директори Ассотсиатсияи тараққиёти туризми Зарафшон Ҷамшед Юсупов, директори иҷроияи Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон Малика Мирзобаҳодурова суханронӣ намуда, роҷеъ ба рушди соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои миллӣ фикру андешаҳои мушаххас иброз доштанд.

Дар қисми дуюми ҷаласа, ки таҳти раёсати муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо доир шуд, аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ роҷеъ ба Низомномаи такмилшудаи Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 2018, беҳтар шудани фаъолият дар  самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаҳои худро иброз ва тавсияҳои судманд иброз доштанд.

Хабарнигори
«Ҳақиқати Суғд»

 
 
 
 

Add comment


Security code
Refresh