Хушнудии бонувон аз «Райҳона»

Дар деҳаи Сафедтеппаи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен чанде пеш бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода маркази хизматрасонӣ ва коргоҳи дӯзандагии «Райҳона» ба фаъолият оғоз кард. Ҳадаф аз бунёди маркази мазкур бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону бонувони хонашин ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ мебошад.

Дӯзандаи калони марказ Сайёра Эшмуродова гуфт, ки алҳол барои омода кардани чеварони касбӣ тамоми захираву имкониятҳо равона ва назди онҳо вазифа гузошта шудаааст, ки либосҳои мактабии хонандагонро барои соли таҳсили нав дӯхта тайёр намоянд.

- Мо барои кормандони марказ омода кардани тарҳи либос, буридан, ҷобаҷогузорӣ, оро додан дар таҷҳизоти дӯзандагии махсус, дӯхтан ва бо сифати баланд анҷом додани корро омӯзонида истодаем. Пас аз омӯзиш мо метавонем барои хонандагони мактабҳои таҳсилоти умумӣ ройгон либосҳои мактабиро ба талаботи ҳозира ҷавобгӯ омода созем, - гуфт ӯ.

Алҳол дар маркази дӯзандагии «Райҳона» 20 нафар занону духтарони деҳа, аз ҷумла Ирода Мустафоқулова, Сурайёхон Саидолимова, Мадина Мақсудалиева, Юлдузхон Қосимова, Шоира Довирова ва дигарон бо дӯзандагӣ машғул буда, дар як моҳ то 500 сомонӣ маош мегиранд.

Боиси қайд аст, ки ба маркази дӯзандагӣ бештар духтарону заноне, ки омӯзишгоҳи касбию техникиро хатм кардаанд, ҷалб шудаанд. Алҳол дар 15 мошинаи чокдӯзӣ ва як мошинаи дӯзандагии ороишӣ духтарони чобукдаст ба либосдӯзӣ машғуланд.

Ирода Мустафоқулова хатмкардаи литсейи касбию техникии шаҳри Хуҷанд буда, дар коргоҳи мазкур ҳамчун устоди кор- озмуд, аз оғози фаъолият то ба имрӯз се шогирдро барои дӯхтани либосҳои гуногун ройгон омода сохтааст, ки онҳо аллакай нозукиҳои касби дӯзандагиро то андозае аз худ кардаанд.

Мақсудалӣ Неъматов - соҳибкор аз деҳаи Сафедтеппаи Ҷамоати Истиқлол мегӯяд: - Бо аҳли оила тасмим гирифтем, ки дар як тарафи манзили истиқоматиамон барои занони хонашини деҳа коргоҳи дӯзандагӣ ва маркази савдо таъсис диҳем. Бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода 10 июл коргоҳамон ба фаъолият оғоз намуд. Ошёнаи якум мағозаи озуқаворӣ буда, бо аҳли оила кор карда истодаем. Дар ошёнаи 2 - юм сехи дӯзандагӣ барои 20-25 нафар зан пешбинӣ шудааст.

Маркази дӯзандагӣ бо муассисаҳои таълимии ноҳия ҳамкорӣ дорад ва барои омода кардани либосҳои мактабӣ саҳми назаррас мегузорад.

Мутасаддии кор бо занони деҳаи Сафедтеппаи Ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳия Малоҳат Алиматова дар суҳбат гуфт, ки баробари эълон доштани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» диққати ҳамагон, алалхусус занҳои хонашин ба намудҳои гуногуни ҳунарҳои миллӣ, аз ҷумла қуроқдӯзию зардӯзӣ бештар шудааст. Бояд гуфт, ки ин дуюмин сехи дӯзандагӣ дар деҳа аст. Алҳол дар Ҷамоат 10 ҳазору 170 нафар зан ҳастанд ва мо кӯшиш мекунем, ки тамоми занони хонашин ба шуғли ҳунарҳои миллӣ ҷалб шаванд.

Дар коргоҳи дӯзандагӣ тамоми шароитҳои корӣ ба таври замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Ин амали хайрхоҳонаи соҳибкорон барои занону духтарони деҳа самараи хуб хоҳад овард.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд» 

Add comment


Security code
Refresh