Маҳфиле бо шеъри Озод Аминзода

Санаи 15-уми октябри соли 2018 дар толори факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров нишасти 166-уми маҳфили “Ганҷи сухан” баргузор гардид, ки дар радифи  беҳтарин, пурфайзтарин ва самимитарин маҳофил қарор гирифт. Роҳбари   маҳфил дотсенти кафедраи адабиёти классикӣ, адабиётшинос Саидумрон Саидов маҳфилро оғоз бахшида, дар ибтидо ба тақвими “Ганҷи сухан”, ки аз маҳфили гузашта то маҳфили имрӯзаро дарбар мегирифт назар андохт.

 Аз ҷумла, бо таассуф аз даргузашти Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ва устоди донишгоҳи Хуҷанд , забоншиноси маъруф Карим Усмонов ёд кард,ки эшон аз фаъолони  маҳфили “Ганҷи сухан” маҳсуб меёфтанд. Сипас мавсуф аз олимону адибони фақиде ёд кард,ки дар  давоми як моҳи охир рӯзи мавлудашонро дӯстону шогирдон қайд намуданд. Аз ҷумла номи олимони шодравони Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Қумрӣ Тоҳирова, Саъдулло Асадуллоев,Фарҳод Зикриёев,Ӯғулой Аҳмадова, Раҳим Тошматов зикр шуд ва аз заҳмати онҳо дар ҷодаи адабу илм сухан рафт. Саидумрон Саидов пешниҳод кард,ки осори ин олимони фақидро мавриди омӯзиш қарор додан,дар маҳфилҳову диспутҳои адабӣ аз бозёфтҳои илмии он ёд кардан аз як ҷониб дар баланд бардоштани дониши донишҷӯён имкон фароҳам орад аз ҷониби дигар ному кори ин шахсиятҳо мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад.

 Сипас Саидумрон Саидов аз зодрӯзи як қатор шахсиятҳои маъруфи сиёсат,адабиёт ва ҳунари имрӯз   сухан кард. Аз ҷумла  санаҳои зодрӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси  вилояти Суғд  Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти Тоҷикистон Қосим Роҳбар, Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, Ҳунарманди мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хосияти Зарафшонӣ, нависанда ва   ҷурналист Бобоҷон Икромов,  адабиётшиноси маъруф  Қодири Рустам ва чанд нафар азизон қайд гардида, аз номи аҳли маҳфили “Ганҷи сухан” табрику таҳният шуданд. Албатта, ин анъанаи хуби ин маҳфил мебошад, ки дар он  қадру манзалат ва ҳастии азизон ҳамеша азиз аст.

Аз рӯйи барномаи маҳфил дар хусуси навгониҳои илмиву адабӣ дотсент, мудири кафедраи адабиёти муосир, мунаққиди соҳибсухану борикбин Субҳони Аъзамзод баромад намуда, ҳафт китоби тозанашри адабиёти муосири  тоҷикро нақду баррасӣ намуд. Аз ҷумла, дар ин гузориш  Субҳони Аъзамзод дар мавриди китобҳои “Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои рушди адабиёти навини тоҷик” (мачмуи мақолаҳо),  “Сабкшиносии насри муосир”-и Матлубаи Мирзоюнус, “Шеър, ҳунар ва иҷтимоъ”-и Сурайё Ҳакимова, “Фурӯғи нақд”-и Субҳони Аъзамзод, китоби “Оинадори нақди адабӣ”(Бахшида ба 85-солагии профессор Атахон Сайфуллоев), “Сафинаи сухан”(Осорнома ва нақди осори профессор Матлуби Мирзоюнус) ва ғ. изҳори андеша намуда, аз арзишу аҳамият ва мундариҷаи ин осор иттилои муфассал барои аҳли маҳфил ироа кард.

Бояд зикр намуд, ки бахши асосии маҳфили 166-уми “Ганҷи сухан” ба 85-солагии шоири ширинкаломи муосири тоҷик, дорандаи Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Ҷоизаи комсомоли ленини Тоҷикистон Озод Аминзода   бахшида шуда, маърузаҳо ва хотираҳо перомуни шахсият ва шеъри Озод Аминзода аз ҷониби шогирдон, пайравон ва пайвандони шоира идомаи маҳфилро шукӯҳи хоса бахшид. Дар бахши маърӯзаҳо номзади илмҳои филология Сурайё Ҳакимова таҳти унвони “Сарояндаи ишқи Ватан ва муҳаббати инсон” гузориш намуда, дар бораи хусусиятҳои шеъри Озод Аминзода ва мавзӯъву мундариҷаи мероси адабии шоира изҳори назар кард. Дар ин гузориш С. Ҳакимова муҳимтарин матолиби шеъри Озод Аминзодаро барои аҳли маҳфил рӯнамо кард ва беҳтарин ашъореро дар васфи Ватан, ишқи самимии инсонӣ ва қадршиносӣ   аз эҷодиёти шоира  ба таҳлил кашид.

Дар идомаи маҳфил Шоираи халқии Тоҷикистон Фарзона аз хотираҳои худ дар бораи  устод Озод Аминзода ёдовар шуд ва беҳтарин хислатҳои инсонгароёна ва шеърпарастонаи Озод Аминзодаро ба аҳли маҳфил бозгӯ намуд. Суҳбати шоира Фарзона, ки сабки хосеро дар сухан доранд, ба дили аҳли маҷлис ҷаззобияти дигар бахшид. Баъдан аз ҳамкорону ҳамнишастони Озод Аминзода    Мавлуда Шарипова, аз шогирдони ҷонии шоира Адибаи Хуҷандӣ,  додари Озод Аминзода шоир ва ҷурналист Муҳсин Аминзода ва муаррихи номвар Усмонҷон Ғаффоров хотираҳои ширин ва неки худро аз шоира ёдовар шуданд. Дар ҳамаи хотираҳои ироагашта самимият, инсоният, хоксорӣ ва баландии шахсияти Озод Аминзода ошкор мегардид. Аз ҷумла, хотираҳои шоира Адиба Хуҷандӣ, ки аз шогирдони наздиктарини Озод Аминзода маҳсуб меёбанд, бисёр дилангез, самимӣ ва ҳассос буд, ки дар руҳияи аҳли нишаст асари худро гузошт.

Донишҷӯёни факутети филологияи тоҷик аз ашъори шоира шеърҳо хонданд ва бо ин ба маҳфил фазои идона ато карданд

Аз номи аҳли иёли шоира  писари ӯ рассоми хушсалиқа ва соҳибқалам Камол ба сухан баромада,ба ташкилкунандагони ин маҳфил арзи сипоси худро баён кард ва  хислатҳои омӯхтании модари худ Озод Аминзодаро ба хотир овард. Инчунин ӯ шеъреро бо номи “Ватан” аз ашъори модараш қироат намуд, ки ин хониши ба худ хос, огоҳона ва пурсӯзу гудози ӯ  барои маҳфил мақтаи зебое гардид.

Дар маҷмуъ, маҳфили навбатӣ бо иштироки аҳли адаб ва азизони шеърпарвар,   ба радифи  маҳфилҳои пурмуҳтаво, ҳассос, самимӣ маҳсуб ёфт, ки асари файзи  он дар дили ҳар ширкаткунанда то дер  боқӣ хоҳад монд.

Фирӯза Қайюмова,
дотсенти ДДХ ба номи
академик Бобоҷон Ғафуров

Add comment


Security code
Refresh