«Мактаби журналистони ҷавон» дар Исфара

Дар «Гӯшаи Амрикои Исфара» (American Space Isfara) семинари навбатии лоиҳаи «Мактаби журналистони ҷавон» оғоз ёфт.

Давоми 7 рӯз 25 нафар толибилми синфҳои болии макотиби миёна, гимназия ва литсейҳои шаҳри Исфара оид ба вижагиҳои омода намудани маводи журналистӣ маълумот хоҳанд гирифт.

Тренери  семинар Ҷамшед Маърупов роҷеъ ба тамоюли нав дар журналистикаи муосир «Multimedia» дарс гуфт.

Чандрасонаӣ бо дарназардошти рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотӣ дар рӯзноманигории муосир аз бахшҳои фаъол мебошад. Ин намуди баёни матлаб ба  журналист имкон медиҳад натанҳо бо истифодаи матн, балки бо  корбурди аксҳову тасвирҳо, овозҳои аудио, видео, графика ва диаграммаҳо матлаби хешро ба аудитория расонад.

-Натанҳо рӯзноманигорони касбӣ, балки шахсоне, ки ба технологияи муосир дастрасӣ доранд ва ба гирифтани аксҳои ҷолиб, видео ва сабти овоз майл доранду  мехоҳанд дар оянда рӯзноманигор  шаванд, дар ин маҳфилҳо иштирок карда метавонанд, - мегӯяд рӯзноманигор, блогер ва сармуҳаррири радиои «Пайванд»  Ҷамшед Маърупов.

Гуфтан ба маврид аст, ки семинари нахустини «Мактаби журналистони ҷавон» дар «Гӯшаи Амрикоии Хуҷанд» баргузор шуда буд.

Лоиҳаи мазкур бо дастгирии молиявии барномаи Сафорати Амрико дар  Тоҷикистон роҳандозӣ мешавад.

Сурайё Ҳакимова,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh