Аввалин тарҷумаи ғазалҳои Камол ба забони олмонӣ

Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хучандӣ» иттилоъ медиҳад, ки «Ишқи минӯӣ»- маҷмӯаи ғазалҳои Камоли Хуҷандӣ бо забони олмонӣ, дар тарҷумаи Александр ҳайзер тариқи нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд интишор ва дастраси хонандагон гардид.

Китоб фарогири  тарҷумаи 17 ғазали Шайх Камоли Хуҷандист, ки бо муҳаббати хос аз ҷониби профессор А.ҳайзер анҷом пазируфтааст. Ашъори Шайх Камол бори аввал ба забони олмонӣ тарҷума ва нашр мешавад.

«Ишқи минӯӣ» бо пешгуфтори профессор Матлубаи Мирзоюнус роҷеъ ба зиндагӣ ва осори Камоли Хуҷандӣ оғоз шуда, ба хонандагони олмонӣ дар мавриди шинохти шахсияти шоири номвари тоҷик маълумоти ибтидоӣ медиҳад. Китоб бо ду забон - тоҷикӣ ва олмони нашр шудааст ва шомили маҳбубтарин ғазалҳои Камол аз қабили  «Ёр гуфт:Аз ғайри мо пӯшон назар!Гуфтам:Ба чашм!», «Дил муқими кӯи ҷонон асту тан ин ҷо ғариб», «Сери набувад аз лаби ширини ту касро», «Рухат рашки қамар гуфтем, гуфтем», «Баъд аз имрӯз ошкоро дӯст медорам туро», «Чашми шӯхат дили ошиқ ба ҳавас мегирад», «Ин чӣ маҷлис, чӣ биҳишт, чӣ мақом аст ин ҷо» мебошад.

 «Ишқи минӯӣ» бо нахустин тарҷумаҳои олмонии ғазалиёти Камол даричаи шинохт ва омӯзиши осори  ин шоирии шаккагуфтори тоҷикро ба хонандагони олмонӣ боз карда, ба маъруфтияту маҳбубияти бештари Камол мусоидат хоҳад кард.

Сурайё Ҳакимова,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh