Қадрдонӣ таҳкимбахши дастовардҳост!

Ҷамъбасти  озмун - фестивали ҷумҳуриявӣ 

4 декабри соли 2018 дар Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими қадрдонии ғолибони озмун - фестивали ҷумҳуриявии ихтироъкорон ва навоварони наврасу  ҷавон таҳти шиори «Ҷавонон  - созандагони Ватан», озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилоят ва озмунҳои вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» ва «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» баргузор гардид.

Дар озмун аҳли илму адаб, устодону донишҷӯён ва омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи вилоят, кормандони китобхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар оғози чорабинӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла зикр дошт, ки   таваҷҷуҳ ба илму адаб, маънавиёту фарҳанг, вусъат бахшидани рушди илмҳои гуногун, аз ҷумла илмҳои дақиқ, забономӯзӣ, китоб ва китобхонӣ, омӯзиш  ва азхуд намудани технологияҳои муосири замонавӣ, ихтироъ ва ихтироъкорӣ дар байни насли ҷавон дар сиёсати ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи асосӣ  дорад.

Нишони барҷастаи ин раванди босубот рушди андешаю маърифати миллӣ ва такмили тафаккури аҳли кишвар ба ҳисоб меравад.

Боиси зикр аст, ки санаи 30 майи соли 2018, таҳти №226 бо мақсади рушди илмҳои дақиқ, ҳавасмандгардонии ихтироъкорону навоварон, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии вилоят қарори Раиси вилоят “Дар бораи гузаронидани озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавони вилояти Суғд” ба тасвиб расид, ки ҳадаф аз он рушду инкишофи ташаббускорӣ, ҳавасмандии фаъолияти ихтироъкорию навоварӣ, дарёфти истеъдодҳо дар соҳаи илм, истеҳсолот ва таъмини минбаъдаи пешрафти иҷтимоиёт ва иқтисодиёти вилоят нигаронида шудааст.

Имрӯз баробари рушду такомули технологияи муосир, истифодаи васеи воситаҳои техникии пешқадам, татбиқи усулҳои инноватсионии таълим, ташаккули робитаи мустаҳками илму истеҳсолот, вусъати тафаккури илмӣ - иттилоотӣ, ҳамчунин баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат ва донишманду навовар аз вазифаҳои муҳими аҳли ҷомеа маҳсуб мегардад.

Боиси ифтихор аст, ки дар бахши наврасони то синни 16-солаи ин озмун-фестивал ҷойи 1-умро аз вилоят хонандаи синфи 8-и Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 ноҳияи Бобоҷон Ғафуров  Мирҳомидов Донёрбек ва дар бахши ҷавонон ҷойи 2-юмро донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  Қайюмов Бобоҷон соҳиб шуданд.  

- Мо имрӯз ин ихтироъкорони ҷавонро қадрдонӣ намуда, боварии комил дорем, ки минбаъд  сафи чунин наврасону ҷавонон зиёд мегардад ва бо нерӯи  хиради онҳо  илми тоҷик дастовардҳои намоёнеро соҳиб мегардад, - зикр дошт Раиси вилоят.

Ҳамзамон, ба хотири татбиқи амалии сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат вобаста ба китобдорию китобхонӣ  соли равон бо қарори Раиси вилояти Суғд  озмунҳои вилоятии «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» ва «Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018» ба тасвиб расид.

Баргузории озмунҳои мазкур ба беҳбудиву пешравии фаъолияти китобхонаҳои низоми фарҳанги вилоят ва китобхонии хонандагон боис шуда, агар аз як тараф сабаби навъе таваҷҷуҳи китобдорон дар самти хизматрасонии аҳолӣ ба китоб шуда бошад, аз тарафи дигар сабаби мавриди диққати ҷомеа қарор гирифтани кори китобхонаҳо ва мақоми китобдор гардид.

Дар озмуни вилоятии “Китобхонаи намунавии вилояти Суғд дар соли 2018” Китобхонаи марказии шаҳри Исфара, китобхона - филиали №2, деҳаи Ғӯлакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов, китобхона - филиали №20, деҳаи Қалъачаи Азими ноҳияи Деваштич ва Китобхонаи вилоятии бачагонаи ба номи Аминҷон Шукӯҳӣ   ғолиб дониста шуданд.

Дар бахши «Беҳтарин хонандаи китобҳои бадеӣ дар соли 2018» низ хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии вилоят соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд, ки боиси ифтихори устодону муаллимон ва волидайни онҳо мебошад.

 Боиси ифтихор аст, ки соли равон Китобхонаи вилоятии  оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Чароғи ҳидоят” ва “Китобхонаи сол” сазовори мақоми аввал гардид.

- Итминони комил дорам, ки ба муносибати ҷашни бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ватани маҳбубамон дар вилоят китобхонаҳои нав сохта мешаванд ва дар кори бунёди чунин муассисаҳои фарҳангӣ соҳибкорон, шахсони саховатпешаву адабпарвар ва кулли сокинон саҳми назарраси худро мегузоранд, - гуфт дар фарҷоми суханронӣ Раҷаббой Аҳмадзода.

Раиси вилоят дар вазъияти тантанавӣ ба ғолибони озмун - фестивали ҷумҳуриявии ихтироъкорон ва навоварони наврасу  ҷавон ва ба китобдорону китобхонҳои беҳтарин диплом, ҷоиза ва мукофотҳои хотиравиро тақдим дошт.

Изҳори назар карда шуд, ки кормандони соҳа бобати баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии китобию иттилоотӣ боз ҳам тадбирҳои амиқ андешида, пешравии соҳаро дар ҳамаи самтҳо таъмин менамоянд.

Дар фарҷоми чорабинӣ намоишномаи басо муассир дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Камоли Хуҷандӣ пешкаши аҳли толор гардид, ки завқбахши дилу дидаҳо буд.

Мухтори Абдулло,
“Ҳақиқати Суғд”

 


Add comment


Security code
Refresh