Оё калимаи тоҷикиро истифода бурдан айб аст?!

Куҷо шуд худшиносии миллӣ?…

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд шумораи ширкатҳои хизматрасонии таксӣ зиёд ба назар мерасанд. Дар давлатҳои мутараққӣ ин намуд ширкатҳо солиёни дароз ба аҳолӣ хизмат мерасонанд. Ширкатҳои мазкур барои аҳолӣ дастрас ва бехатар ҳастанд, зеро фармоиши ҳар нафар дар компютер сабт мешавад ва нархи хизматрасонӣ низ ба муштарӣ пешакӣ пешниҳод мегардад.

Шарофат Назирова – соҳибкор: - Баробари ба фаъолият шурӯъ кардани ширкатҳои таксӣ хушнуд гаштам, зеро он бехатар ва дастрас аст. Дар муддати кӯтоҳ метавонам аз як ҷо ба ҷои дигар равам ва дар як вақт нархашро тариқи телефон муайян намоям. Солҳои пеш ба таксиҳои дар кӯчаҳо истода савор шудан бароям тарсовар буд. Имрӯз ҳамчун зани соҳибкор аз ширкати таксӣ зиёд истифода мебарам ва бе хавотирӣ савор шуда, ба ҷойи лозима меравам.

Аҳмадҷони Толиб – донишҷӯи Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон: - Дар рӯзҳои аввали донишандӯзиам роҳҳову кӯчаҳои шаҳри Хуҷандро он қадар хуб намедонистам ва дар ин ҷода бароям ширкатҳои мусофирбар, аз ҷумла «Ҳамсафар» кӯмакрасон буд. Нархҳои ширкатҳо нисбат ба таксиҳои дар кӯчаистода арзон аст. Вақте субҳ ба донишгоҳ дер мемонам, зуд ба таксӣ занг мезанам ва дар муддати кӯтоҳ то таҳсилгоҳ расида меравам. Ҳарчанд имрӯз барои сокинон ширкатҳои хизматрасонӣ мақбул бошанд ҳам, вале дар онҳо низ камбудӣ ба чашм мерасанд. Аз ҷумла, бе рамзи таксӣ ҳозир шудан, дағалона муносибат кардан, нархро дар нисфи роҳ иваз кардан, дер омадан аст, ки ин гуна камбудӣ сокинонро ба ташвиш овардааст.

Сокини шаҳри Хуҷанд Омина Мавлонова зимни суҳбат гуфт, ки чанде пеш ба ширкати таксии «Роҳ» занг задам, бароям паёмак расид, ки пас аз 6 дақиқа нақлиёт ҳозир мешавад. Таксии фармоиширо қариб 25 дақиқа интизор шудам. Дар ҳолати ҳозир шудан изҳори норозигӣ кардам ва ба ҷойи узрхоҳӣ дағалона муносибат намуд. Дар натиҷа ба таксӣ савор шуда, ба вохӯрӣ дер монда рафтам.

Таксиро кас барои зуд ба ҷойи лозима расидан фармоиш медиҳад. Хуб мебуд, ки дар ҳолати дер омадан ба фармоишгар аз тарафи ширкат ягон намуди ҷуброн пешниҳод карда шавад.

Назорат дар кадом сатҳ аст?

Оё имрӯз фаъолияти ширкатҳо зери назорат гирифта шудаанд? Доир ба ин масъала мутахассиси пешбари шуъбаи нақлиёти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Каримҷон Қаландаров иброз дошт, ки назорати ширкатҳои фармоишии таксиро нав ба роҳ мондем. Барои ширкатҳо номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки ба фаъолият оғоз кардаанд, тартиб дода шудааст ва аз рӯи он бояд ҳар ширкат фаъолияташро ба роҳ монад. Бояд гуфт, ки то ба имрӯз се ширкат ҳуҷҷат пешниҳод намудаанд. Алҳол дар шаҳр аз рӯи маълумоти мо 7 ширкати таксии хизматрасонӣ, аз ҷумла «Экспресс», «24», «Максим», «Ҳамсафар», «Роҳ», «ОК», «Алло» фаъолият доранд.

Вале бояд гуфт, ки ин шумора аниқ нест, зеро аксар ширкатҳо фаъолиятро оғоз мекунанду бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла зиёд будани рақобат фаъолияташонро зуд қатъ менамоянд. Барои дар ин самт корро ба роҳ мондан 40 мошини сабукрав лозим аст.

Роҳбари ширкати хизматрасонии «Экспресс» Сӯҳробҷон Ярматов аввалин шахсест, ки ин намуди фаъолиятро ҳанӯз соли 2015 ба роҳ монда буд. Ӯ гуфт, ки дар аввали фаъолият бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шудем, зеро мардум ҳоло барои қабули ин намуд навгонӣ омода набуданд. Мақсади ташкил кардани ширкат ба манфиати халқ кор кардан буд ва гумон мекунам, ки ба ин ноил гаштем, зеро пас аз гузашти якуним сол ҳамагон омӯхта шуданд. Алҳол ширкат на танҳо дар дохили шаҳри Хуҷанд, балки берун аз он фаъолият бурда истодааст.

Номгузорӣ аз куҷо сар мезанад?!…

Аз номгузории ширкатҳо бармеояд, ки аксарият номҳои ғайри тоҷикиро истифода мебаранд. Масалан, тариқи шабакаҳои телевизионӣ ширкати «Лайм» худро муаррифӣ карда истодааст.

Аслан калимаи «лайм» маънои лимӯро дорад ва аз ташкилкунандагони он пурсон шудем, ки чаро маҳз чунин номро интихоб намуданд. Мутаассифона, худи онҳо низ намедонистанд, ки чаро чунин номгузорӣ кардаанд. Шояд номи ягон ширкати бонуфузи мамолики хориҷӣ чунин бошад? Ба ин суол низ онҳо посух нагуфтанд.

- Сабаби «Экспресс» ном гузоштани ширкат он аст, ки маънои экспресс зуд ва босуръат аст. Чунин ном мушкил набуда, ҳар нафар зуд маънояшро мефаҳмад. Дар оғози фаъолият чунин номгузорӣ бароям писанд омада буд, - гуфт Сӯҳробҷон Ярматов. Боиси таъкид аст, ки шумораи ширкатҳои хизматрасонӣ рӯз ба рӯз афзуда истодааст ва ба танзим даровардани номгузории онҳо айни муддаост.

Шояд ташкилкунандагони ширкатҳо ҳоло барои интихоби ном ба пуррагӣ омода нестанд ва ё дар ин ҷода ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ меоянд. Номи баъзеи онҳо ҳатто хандаовар буда, маънои хизматрасонӣ дар роҳро надоранд.

 Луғати забони тоҷикӣ аз калимаҳои зебою равон бой аст, пас, чаро мо наметавонем бо забони модарии худ номгузорӣ намоем? Магар дигар давлатҳо бо забони тоҷикӣ ягон ширкат ва ё мағозаи худро номгузорӣ кардаанд? Албатта не! Мо бошем номи писаронаи «Максим»- ро барои ширкат интихоб кардаем.

Пас замоне расидааст, ки ба қадри забони тоҷикӣ расем ва аз он ба пуррагӣ истифода барем. Тақлидкор будану номи ғайрро гузоштан суде надорад!

Шаҳбонуи СИДДИҚ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh