Раҷаббой Аҳмадзода: Ин ҳунармандон гулдасту соҳибэъҷозанд!…

Ҷамъбасти Фестивал – озмунҳои вилоятӣ ва тақдими грантҳои Раиси вилоят

5 декабри соли равон дар Қасри фарҳанги «Арбоб» - и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маросими мутантани ҷамъбасти Фестивал – озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ, маросими супоридани грантҳои Раиси вилоят ба занону духтарони ҳунарманди вилоят ва ҷамъбасти Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд-2018» баргузор гардид, ки дар он Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, аҳли илму ҳунар ва фарҳанги вилоят ширкат доштанд.

Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода суханронӣ намуда, дастгирии занони ҳунарманду эҷодкорро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд арзёбӣ намуд.

Воқеан ҳам эълон гардидани соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Ҳадафи асосии Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ муаррифии шоистаи эъҷози ҳунар ва андешаю тафаккури миллати мост, ки ҳамеша дар саргаҳи тамаддуни башарӣ қарор дошт.

- Боиси зикр аст, ки дар Тоҷикистон бо роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар силсилаи иқдомҳои ҳадафманд роҳандозӣ шуданд. Яке аз ин дастовардҳои бузурги даврони Истиқлолият ин бунёди иншооти бузурги энергетикии Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба ҳисоб меравад. Ҷавобан ба ин кӯшиш ва талошҳои Пешвои муаззаму маҳбуби миллат мо, мардуми шарифи кишварро зарур аст, ки баҳри рушду инкишофи иқтисодиёту иҷтимоиёти Ватани азиз ва истиқболи сазовори 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон азму ғайрат намуда, дар ин амали неку бунёдкорона саҳми шоиставу назарраси худро гузорем, - таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Дар суханронии Раиси вилоят изҳор гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ, хосатан занон ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу маводро аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карданд, ки ин ҳама ғамхориҳо моро водор менамояд, ба боварии Сарвари давлат сазовор гардида, бо меҳнати софдилона Ватану миллатамонро обод намоем.

Мавриди зикр аст, ки аз соли 2006 инҷониб дар асоси дастуру супоришҳои Президенти мамлакат ҳар сол барои рушди соҳибкории хурду миёна, ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ Грантҳои Президентӣ ҷудо карда мешаванд, ки масъулияти татбиқи он ба донишу хирад ва малакаи занон ва духтарон иртибот дорад.

Чунончӣ, ҳамасола, аз ҷониби Сарвари давлат танҳо барои рушди соҳибкории занон Грантҳои Президентӣ ба маблағи аз 10 то 40000 сомонӣ ҷудо мегардад, ки дар ин озмун бонувони вилоят низ ширкат намуда, соҳиби Грантҳо мегарданд. Соли гузашта 15 нафар ва соли равон 13 нафар бонувони вилоят бо манзури лоиҳаҳои худ сазовори гирифтани Грантҳои Президентӣ гаштанд.

Дар ин радиф, солҳои охир дар вилоят низ грантҳои Раиси вилоят барои дастгирии фаъолияти занони ҳунарманд таъсис дода, занони ҳунарманду эҷодкори вилоят дар солҳои 2010-2017-ум 1685 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантиро соҳиб гардида, на танҳо шароити иқтисодии оилаи худро беҳтар намуданд, ҳамчунин барои дигар занону духтарон ҷойҳои нави кори доимӣ таъсис дода инчунин, занону духтаронро ба касбу ҳунаромӯзӣ фаро гирифтанд.

Раиси вилоят дар суханронии хеш аз мулоқот бо ҳунармандони шаҳру ноҳияҳои вилоят, ки бахшида ба эълон гардидани соли 2018 - Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Қасри таърихии Арбоб баргузор гардида буд, ёдоварӣ намуда зикр дошт, ки дар он мулоқот ҳунармандони вилоят оид ба ҷой доштани мушкилоту муаммо дар соҳаи ҳунармандӣ фикру ақидаҳои худро иброз намуда буданд.

Вобаста ба ин, дар соли 2018 аз ҷониби раисони шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Мастчоҳ ба 85 нафар занону духтарони ҳунарманд ба маблағи зиёда аз 240 ҳазор сомонӣ грантҳо ҷудо карда шуданд.

- Раисони шаҳру ноҳияҳои дигарро зарур аст, ки бобати дастгирии занони ҳунарманд ва ҳавасмандгардонии онҳо грантҳои раисони шаҳру ноҳияҳоро таъсис диҳанд, таъкид дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Бояд қайд намуд, ки баҳри дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ дар доираи эълон гардидани соли 2018 – Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ тибқи қарори Раиси вилоят аз 10 апрели соли 2018, №113 «Дар бораи таъсис ва ҷудо намудани грантҳои Раиси вилоят оид ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор барои соли 2018» шумораи грантҳои Раиси вилоят аз 45 адад ба 60 адад расонида шуд. Аз ҷумла, 15 грант дар ҳаҷми 10000 сомонӣ, 15 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ ва 30 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ, дар маҷмӯъ 420 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.Ба комиссияи грантҳои Раиси вилоят 187 адад лоиҳаи дархостӣ аз 17 шаҳру ноҳияҳои вилоят барои рушди ҳунарҳои гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, армуғонсозӣ, сабадбофӣ, адрасбофӣ, қолинбофӣ, оҳангарӣ, кулолгарӣ ва амсоли инҳо ворид гардида, беҳтарин лоиҳаҳо бо назардошти минтақа ва шумораи зиёди занони бешуғл, аз ҷумла 11 нафар занони ҳунарманди имконияташон маҳдуд дастгирӣ карда шуданд.

Занони ҳунарманд ният доранд, бо истифода аз маблағи грант фаъолияти коргоҳи худро васеъ ба роҳ монда, аз 10 то 60 нафар занону духтаронро бо ҷойи корӣ таъмин намоянд. Тибқи лоиҳаҳои манзургардида, бояд зиёда аз 870 нафар занону духтарон ба шуғлу омӯзиш фаро гирифта шаванд.

- Ҳунармандонро зарур аст, ки маблағҳои грантиро мақсаднок истифода бурда, бо истифода аз маблағҳои грантӣ сехҳои дӯхти либосҳои мактабиро низ ба роҳ монда, баҳри таъмини хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳо бо либоси ягонаи мактабӣ мусоидат намоянд, - гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Ҳамзамон, бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо иштироки ҳамаи 18 шаҳру ноҳияҳои вилоят дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ Фестивал - озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардида буд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар вазъияти мутантан ба 60 нафар бонувони ҳунарманди вилоят, ки соҳиби грантҳои Раиси вилоят, 17 нафар ғолибони Фестивали вилоятии «Атласу адраси Суғд-2018» ва ба 30 нафар ҳунармандони беҳтарини «Фестивал - озмуни вилоятии ҳунарҳои мардумӣ» маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, изҳор дошт, ки занону бонувони соҳибкору меҳнатқарини вилоят минбаъд низ бо саъю талоши комили хеш дар самти беҳдошти сатҳи зиндагии ҷомеа, эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, таъмин намудани занону духтарон бо ҷойҳои сазовори корӣ ва таҳкими арзишҳои волои ваҳдату ҳамгироӣ, дӯстиву рафоқат ва ватанпарастӣ саҳми шоиста мегузоранд.

Дар фарҷом барномаи рангини адабию фарҳангӣ пешкаши иштирокдорони чорабинӣ гардид.

Хабарнигори
 “Ҳақиқати Суғд”

 

 

Add comment


Security code
Refresh