Боздиди кории Раиси вилоят аз иншооти бунёдшаванда

6 декабри соли равон Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо вазъи бозсозии бинои Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд, ки барои 700 ҷойи нишаст пешбинӣ мешавад, аз наздик шиносоӣ пайдо кард.

Раиси вилоят фаъолияти сохтмончиёнро суст арзёбӣ намуда, бобати бо сифати баланд ба фарҷом расонидани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои судманд дод.

- Бояд барои ҷавонон ҳамаи шароитҳо муҳайё гардида, бахшҳои барномасозию дизайнерӣ таъсис ёбанд, - гуфт Раҷаббой Аҳмадзода.

Мавриди зикр аст, ки баъди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Маркази ҷавонон 40 нафар соҳиби ҷойи корӣ мегарданд.

Алҳол дар мавзеи бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд сохтмони гузаргоҳи зеризаминӣ бо нуқтаҳои савдо дар арафаи анҷомёбист.

Раиси вилоят аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот низ дидан намуда, ба сохтмончиён дастур дод, ки бояд иншоот бо сифати баланд бунёд гардад ва дорои инфрасохтори зарурӣ бошад.

Чунон, ки масъулин иттилоъ доданд, дар сурати мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншоот 150 нафар бо ҷои корӣ таъмин мегарданд.

Мусаллам аст, ки Ҳукумати кишварба соҳаи тандурустӣ эътибори хоса зоҳир менамояд. Алҳол бунёди бинои нави Беморхонаи вилоятии касалиҳои дилу шараён авҷи тоза мегирад. Дар идомаи боздиди корӣ Раиси вилоят аз вазъи корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот шинос гардида, ба сохтмончиёну табибон суҳбати самимӣ анҷом дод.

Лозим ба ёдоварист, ки бинои нави беморхона аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бунёд мегардад. Пудратчии сохтмони ин иншоот ҶДММ «Евростройсервис» мебошад.

Add comment


Security code
Refresh