Сухан аз рӯзгори инсонҳои наҷиб

Тариқи нашриёти “Ношир” маҷмӯаи  очерку публисистика ва муколамаҳои аъзои Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон Анварҷон Ғафуров ва Ғафурҷон Ҷӯраев таҳти унвони “Гулбонги қалбҳо” ба зевари табъ ороста шуд.

“Гулбонги қалбҳо” маводи солиёни охир дар матбуоти даврӣ ба табъ расидаи муаллифон аст. Очерку публитсистикаҳо аз кору рӯзгори инсонҳои наҷибу сарбаланде қисса мекунанд, ки дар ҳифзу ободӣ ва ривоҷи фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар саҳми сазовор доранд.

Очерк ва публистикаҳои муаллифон - “Туӣ самти суҷудам, миллати ман!”, “Ба меҳан ҷони ширин фидо кард”, “Аз шароре тоза гулхан офарад...” бобати тақвияти ҳисси ватандӯстӣ, тарбияи худогоҳию худшиносии миллӣ, баланд бардоштани завқи зебоипарастии хонандагон басо муфид аст.

“Гулбонги қалбҳо” сеюмин китоби муштараки муаллифон аст, ки ба ҳаёту фаъолияти симоҳои барҷастаи дирӯзу имрӯз бахшида шудаанд. Китобҳои қаблии рӯзноманигорони шинохта “Як дарс ва дарсҳои дигар”, “Накҳати шохаи райҳон” низ ба ин мавзӯъ бахшида шуда буданд.

Ба нашр расидани китоби мазкур ҳадяи меҳри муаллифон ба хонандагони зикитабъ аст.

Мавлуда ҲОҶИБОЕВА,
узви Иттиҳоди рӯзноманигорони
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh