Осорхонаи Панҷакент 60-сола шуд

 

Дар Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи А.Рӯдакии шаҳри Панҷакент силсилачорабиниҳои ҷашнӣ ба ифтихори 60-солагии осорхона бо намояндагони осорхонаҳои шаҳру навоҳии вилоят баргузор гардид.

Фотима Рофиева - директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент меҳмонон ва иштирокдоронро хайрамақдам гуфт. Дар рафти семинар сардори Раёсати рушди муассисаҳои фарҳанги Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Қ.Ғуломзода, директори пойгоҳи бостоншиносии Саразм Н.Худоёрова, омири Осорхонаи таърихии вилояти Суғд М.Бойматов маърӯза намуда, ба иштирокдорон оид ба созмони экспозитсияҳои намоишӣ, ба роҳ мондани корҳои ҷамъоварӣ ва ҳифзу нигаҳдории он, корҳои табъу нашр маълумот доданд.

Сармуҳофизи осорхона Ф.Руҳулова, мудири шуъбаи бостоншиносӣ Умар Саидов ва мудири шуъбаи табъу нашр С.Юнусиён маърӯзаҳои пурмӯҳтаво намуданд.

Ҳамчунин бахшида ба ҷашни фархундаи 60-солагии осорхона дар рӯзи дувум конференсияи илмӣ-амали баргузор гардид. Бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” намоиши ҳунарҳои дастии ҳунармандони Панҷакент ташкил ва баргузор гардид.

 А.Ёдгорӣ,
Н.Бузурукова,
кормандони МД МФТ “Қалъаи Хуҷанд”

Add comment


Security code
Refresh