Навиди мулистони ҳикмат

Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» китоби «Мулистони Ҳикмат» (мунтахаби матолиби ду китоби ахлоқӣ «Мулистон»-и Мирзо Иброҳими Мадоеҳнигор ва «Анвори ҳикмат»-и Юсуфи ҳиравиро  тавассути нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд интишор ва дастраси хонандагон намуд.

«Мулистони ҳикмат» дастагули матолиби ду китоби ахлоқии  ниёгони мо, «Мулистон»-и Мирзо Иброҳими Мадоеҳнигор ва «Анвори ҳикмат»-и Юсуфи ҳиравист, ки дар таҳияи Оқилбой Оқилов ва Нарзуллоҳи Латифӣ омода гаштааст.

«Мулистон» дар пайравии  «Гулистон»-и Саъдии Шеърозӣ иншо шуда, «Анвори ҳикмат» гулчини андешаҳои табибу орифи номии асри шонздаҳ мебошад.

 Гулчини ҳикояту тамсилҳои ахлоқӣ ва панду андарзҳои мондагори ин ду китоб барои тарбияи рӯҳониву ақлонии ҷомеаи имрӯз созгоранд.

Маълумоти мухтасар дар бораи рӯзгору осори Мирзо Иброҳими Мадоеҳнигор ва Юсуфи ҳиравӣ, нигоҳи иҷмолӣ ба чигунагии сабку услуби нигориш, мавзӯъву мӯҳтаво ва сохтори асарҳои мавриди назар ба  шинохти муқаддамотии муаллифони асари пениҳодшуда мусоидат мекунад.

«Мулистон» аз дебоча, панҷ соғр ва як ҷуръа (ба ҷои хотима) иборат аст. Соғари аввал: Дар ҳусни сулук ва одати мулук, соғари дувум: Дар ахлоқи дарвешон, соғари сеюм: Дар тафзифи умур ба зоти Барӣ, соғари чаҳорум: Дар ҳумқ ва доноӣ, соғари панҷум:Дар ҳикам ва одоб, ҷуръа: мухтасаре аз аҳволи мусанниф унвон дорад. Дар бахши ҷуръа зиндагиномаи мухтасари муаллифи асар аз забони худи маллиф ба қалам омадааст, ки маълумоти дақиқро дар мавриди рӯзгори мусаниф  пешниҳод мекунад.

Дар хотимаи ҳикоёти «Мулистон» муаллиф қитъаоту абёти марбут ба мавзӯи ҳикоётро овардааст, ки қисме аз онҳо ашъори арабӣ мебошанд. Абёт барои  мустанад гардонидану тақвияти фикр оварда шудаанд.

«Анвори ҳикмат» дорои се рисола буда, ду рисолаи аввал аз фаслҳои кӯтоҳ иборат аст ва рисолаи сеюм саргузашти дарвешонро баён  месозад, ки аз нигоҳи услуб ба «Чор дарвеш» қаробат дорад. Таҳиягарони китоб ба ин далел фасли сеюмро дар китоби мазкур ҷой надодаанд.    

Матни китоб дар асоси нусхаи хатие, ки дар «Хона-музейи Камоли Хуҷандӣ» таҳти рақами 4 нигаҳдорӣ мешавад таҳия шудааст. Ин асар бори аввал дар адабиётшиносии тоҷик  мавриди паҷӯҳиш қарор гирифтаву ба нашр расидааст. Муаллифон зикр кардаанд, ки «Анвори ҳикмат» бо баъзе ихтисораҳо омода шудааст.

Китоби мазкур мавзӯоти панду ахлоқӣ ба монанди зуҳду тақво, илму амал, ихлосу парҳезгорӣ, ақлу хирад, тарзи хаёти солим, саодату хушбахтӣ, порсоиву хирадмандиро дар бар  мегирад.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh