Ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-драмавии шаҳри Самарқанд ба вилояти Суғд ташриф меоранд

Рӯзҳои 10 – 12 декабри соли равон ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-драмавии шаҳри Самарқанд дар ҳайати 16 нафар ба маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ташриф меоранд.

Тибқи иттилои масъулини Раёсати фарҳанги вилояти Суғд ҳунармандони театри Самарқанд дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят намоишномаи “Позволь мне умереть”-ро ба тамошобинони тоҷик пешниҳод менамоянд.

Густариши муносибатҳои фарҳангии миёни вилоятҳо, таҳкими равобити дӯстӣ ва баҳравар гардидан аз санъати театрии ҳамдигар аз ҳадафҳои асосии сафари намояндагони вилояти Самарқанд ба вилояти Суғд арзёбӣ мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh