«Калиди дари боз»

Китоби нави дорандаи Ҷоизаи адабии ба номи Камоли Хуҷандӣ Абдуфаттоҳ Кулолӣ “Калиди дари боз “ унвон дошта, ба профессор Бароат Ҳоҷибоева бахшида шудааст.

Ба ифтихори 90-солагии ин бонуи отифа дар Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхоҷа Асирӣ, маҳфили рӯнамоии ин китоби тозанашр доир гардид. Дар оғоз намоиши осори Бароат Ҳоҷибоева ва Абдуфаттоҳ Кулолӣ пешкаши аҳли маҳфил гардид.

Баъд аз сухани ифтитоҳии раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод баромади Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона роҷеъ ба рамзу розҳои китоби тозанашри «Калиди дари боз» ҷолиб ва шуниданӣ буд. Фарзона қайд кард, ки ин китоб армуғони аҷибест барои инсонҳои ҷӯёву пӯё, ки барои асрорхонаҳо ва рӯҳҳову зеҳнҳову дилҳову ҷонҳо мифтоҳ мекобанд. Хомаи устод Кулолӣ низ ҳамин мифтоҳест, ки дарҳои розро, равзану панҷараву пардаҳои ишқу умеду ниёзро ба рӯи аҳли сафо боз мекунанд.

Мазмун ва муҳтавои маҷмӯаи «Калиди дари боз»- дар баромади номзади илмҳои филологӣ Сурайё Ҳакимова баррасӣ шуд, мавсуф иброз дошт, ки дар силсилаи шеърҳои маҷмӯаи “Калиди дари боз” муаллиф дар симои як зан тамоми занонро ситоиш ва парастиш карда, тавассути бозгӯии хислатҳои ҳамида ва дониши санҷидаи олими номвар ба қудрат ва тавоноии занон ишора дорад. Шоир ва муҳаққиқ Баҳроми Раҳматзод доир ба сурудаҳои маҷмӯаи мазкур, муҳаббати беандозаи ӯ ба каломи бадеъ, хоса осори гузаштагони бомаърифат ва соҳибистеъдоди тоҷику форс ибрози андеша намуд.

Ҳамчунин, мулоҳизаҳои Додохони Эгамзод, таърихшинос Усмонҷон Ғаффоров, адабиётшинос Замира Ӯлмасова доир ба виҷагиҳои китоби “Калиди дари боз” басо шуниданӣ буд. Дар интиҳо шоир Абдуфаттоҳ Кулолӣ аз муҳаббат ва меҳрубониҳои аҳли назар изҳори хушнудӣ намуда, аз ҳузури ҳозирин миннатдор шуд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh