Олкорӣ чӣ шуғлест?

Олкорӣ (ё олкорон) - як намуди ҳунармандӣ буда, дар Истаравшан маъмул буд. Ба ин касб бештар занон машғул мешуданд.

Рангубори торҳои абрешим, ки ба ривоҷи тӯппидӯзии ироқии гулдор ва сӯзанидӯзӣ мусоидат мекард, дар байни халқ ҳамчун касб машҳур гашта буд. Занҳои олкор дар якчанд дегҳои мисини махсус абрешимҳоро тор-тор ҷудо карда, вобаста ба андоза бурида, меҷӯшониданд. Баъди як соати ҷӯшонидани абрешим ва ранг гирифтан, ба торҳои абрешимхушккунӣ тунук карда, як соат зери об мегузоштанд.

Пас аз хушк шудан абрешимҳои ранг гирифтаро, бо намуди рангҳояш таҳ карда, аз мобайнаш мебастанд. Занҳо, онро ба бозор бурда, дар растаи олкорӣ ба фурӯш мегузоштанд. Занҳои тӯппидӯзу сӯзанидӯз он абрешимҳои рангдорро харида, тӯппиҳои ироқӣ, сӯзанӣ, борпӯши аз абрешими ранга дӯхтаро ба фурӯш мебароварданд.

Аз сабаби ривоҷ гирифтани олкорӣ кӯчае, ки дар он бештар олкорон зиндагӣ доштанд, гузари Олкорон ном гирифт. Ин номи кӯча (гузар) то ҳол тағйир наёфтааст, ҳарчанд аз солҳои ҳаштодуми асри гузашта ин касби нодир аз байн рафтааст. Имрӯз, ки дӯхтани тӯппии ироқӣ ва сӯзанию борпӯш бо риштаҳои абрешимии ранга аз нав эҳё шуда, касби олкорӣ низ шояд аз нав барқарор гардад.

Сайфулло МАҲКАМОВ,
рӯзноманигор

Add comment


Security code
Refresh