Искандаркул: такмили рушди сайёҳӣ ва инфрасохтори туризм

Кишвари азизи мо бо табиати зебои худ имрӯз таваҷҷуҳи меҳмонону сайёҳонро ба худ ҷалб намудааст. Бахусус сарсабзиҳои кӯҳҳои осмонбӯс ва обҳои мусаффои ин сарзамини биҳиштосо сайёҳонро ба тамошои ин диёри дилрабо меорад. Яке аз мавзеъҳои таърихию тамошобоби Тоҷикистон ин Искандаркӯл мебошад, ки бисёре аз ҷаҳонгардони хориҷӣ ба табиати зебои Искандаркӯл мароқ зоҳир намудаанд. Искандаркӯл дар масофаи 160 километр аз шаҳри Душанбе ва 24 километр аз роҳи автомобилгарди Душанбе – Хуҷанд ҷойгир аст.

Оид ба пайдоиши ин кӯл дар байни мардум ривоятҳои зиёде мавҷуд мебошанд. Тибқи як ривоят, Искандари Мақдунӣ дар вақти юриши худ бо деҳае рӯ ба рӯ шуд, ки сокинонаш таслим шудан намехостанд. Вай фармон медиҳад, ки маҷрои дарёҳоро ба ҳамин деҳа равон кунанд ва дар натиҷа ин кӯл ташаккул ёфта, номи Искандаркӯлро мегирад.

Дар ривояти дигар, дар вақти таваққуф дар соҳили кӯл аспи Искандар - Бутсефал оби яхи кӯлро истеъмол карда, зуком мешавад. Пас аз чанд рӯз сиҳат ёфта, Бутсефал дар соҳили кӯл ҳангоми чаридан ногаҳон садо баланд карда, ба харсанги баландтарин баромада, худро ба оби кӯл сарозер мекунад. Ҳарчанд кӯшиш карданд, то онро пайдо намоянд, вале бенатиҷа буд. Искандар андуҳгин шуда, якчанд рӯз интизор мешавад, сипас, аспбонон ва афсаронро дар назди кӯл монда, худ бо қӯшунҳо сафарашро идома медиҳад. Аз ҳамон давра сар карда, гӯё ҳар айёми бадр Бутсефал аз қаъри кӯл мебарояд… Ба ақидаи олимони соҳа Искандаркӯл воҷаи мураккаби суғдӣ буда, аз қисмҳои «иски» маънои боло, «дар» маънои дара, «кӯл» ё «қул» маънои чарогоҳро дорад. Дурустии ин ақида бо он собит мегардад, ки дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон номҳои гуногуни «Искодар», «Искандарак», «Искич», «Искодари Кӯлоб», «Искандарак»-и шаҳри Душанбе зиёд вомехӯранд. Бояд гуфт, ки Искандаркӯл дар ноҳияи хушобу ҳавои Айнӣ ҷойгир буда, яке аз кӯлҳои зебои ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Он дар нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи Ҳисор, дар баландии 2200 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Ин кӯл дар натиҷаи кӯҳпораҳо ва банд шудани маҷрои дарёи Саратоғ ба вуҷуд омадааст. Шаклан секунҷа, масоҳаташ 3,41 километр, тӯлаш 3,3 километр, ҷойи васеътаринаш 2,9 километр аст. Чуқурии кӯл то 72 метр буда, ҳаҷми об 173 миллион метри мукааб мебошад. Ба Искандаркӯл дарёҳои Саратоғ, Ҳазормеш, Сарима ва якчанд чашма ҷорӣ мешаванд. Обаш ширину соф буда, дар он танҳо пулакмоҳӣ мавҷуд аст. Қисми шарқиаш бошад, дар фасли зимистон ях мебандад. Атрофи Искандаркӯлро кӯҳҳои баландиашон то 5 ҳазор метр иҳота намудаанд. Иқлими атрофи кӯл тобистон муътадил, зимистон сард аст. Дар атрофи резишгоҳи дарёҳо дарахтони сафедор, тӯс, бед, ангат, буттаҳои зирк ва дигар намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯянд. Дар соҳили шимолии Искандаркӯл нуқтаи ҳавосанҷӣ фаъолият дорад, ки ҳамарӯза вазъи обу ҳаворо дар ҷумҳурӣ муайян мекунад. Манзараи зебо ва иқлими мусоиди атрофи он боиси ташрифи зиёди меҳмонону сайёҳон ба ин минтақа гардидааст.

 Дар соҳили ҷанубии кӯл қароргоҳи сайёҳону кӯҳнавардон сохта ва баҳри истироҳати онҳо шароити хуб фароҳам оварда шудааст. - Ба Тоҷикистон ман бори аввал омадам, гумон мекардам, ки Тоҷикистон мисли кишварҳоест, ки табиаташ хушку камоб бошад, аммо баъди ба ин ҷо омадан дар ҳайрат мондам. Охир ин ҷо иқлими хеле хуб ва табиати назаррабо доштааст. Ҷангалҳои зебою қуллаҳои сарбафалак кашидааш мисли кӯҳҳои Алп зебоянд, - гуфтанд гурӯҳи сайёҳони хориҷӣ. Ҳангоми аз ин минтақа гаштугузор намудан бо сокини Украина, ки худро Ҷеймс муаррифӣ намуд, ҳамсуҳбат шудем. Ӯ гуфт, ки аз тамошои манзараву табиати кӯҳҳои ин ҷо таассуроти хуб гирифтам. Инчунин, муносибати самимонаи мардуми ин ҷо бароям писанд омад. - Ман аз ин шод гаштам. Искандаркӯл низ хеле кӯли зебо аст. Ман дар кишварҳои дигар низ будам, вале оби мусаффои ин ҷо хеле диққатамро ҷалб намуд.

Дар сафари оянда дӯстону наздиконамро барои тамошою истироҳат ба ин минтақа хоҳам овард, изҳор дошт ӯ. - Марина ном дорам. Аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон бори аввал омадам. Ба ман табиати Тоҷикистон хеле писанд омад. Худ ба худ андеша кардам, ки ба ин ҷо оям. Барои ман ҳама чиз тааҷҷубовар аст, вале мехоҳам таъкид созам, ки барои рушди сайёҳӣ дар ин ҷо боз ҳам инфрасохтори туризми муосир такмил дода шавад. Аз таҷрибаи кишварҳои олам, ки ба соҳаи туризм таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд, маълум мегардад, ки ин соҳа яке аз самтҳои афзалиятноки рушди иқтисодии кишварҳо маҳсуб меёбад.

 Дар доираи эълон гардидани Соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои бунёди инфрасохтори бахши сайёҳӣ дар мамлакат тадбирҳои судманд андешида шудаанд. Ҳоло барномаҳое дар ин самт мавриди амал қарор доранд, ки рушди сайёҳӣ дар кишварро таъмин хоҳанд намуд. Зеро шароитҳои махсуси иқлимӣ, табиати биҳиштосо, олами ҳайвонот, дарё ва кӯлҳои зебо, олами растанӣ, гулу гиёҳҳои шифобахш, инчунин, меваҳои шаҳдбор ва кӯҳу пуштаҳои ҳамешабаҳори Тоҷикистон барои татбиқи ин ҳадафҳо басо мусоидат хоҳад кард.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh