Шаҳристон чун мавзеи сайёҳӣ бояд аз ин беш рушд ёбад

Шаҳристон, ки дар минтақаи кӯҳистон ҷойгир аст, аз ҷумлаи мавзеъҳои дар ҳақиқат зебоман-зари диёрамон маҳсуб меёбад.

Эмомалӣ РАҲМОН

Чуноне, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кории хеш ба ноҳияи Шаҳристон таъкид дошта буданд: “ … ноҳияи Шаҳристон ҳамсоли Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон буда, ба шарофати ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва заҳмати софдилонаи сокинонаш имрӯз ба яке аз ноҳияҳои ободу зебо ва рӯ ба инкишофи кишварамон табдил ёфтааст. Дар баробари ин, бояд гуфт, ки ноҳия, воқеан, яке аз марказҳои бисёр қадимаи таърихии халқамон мебошад, ки мавҷудияти ёдгориҳои зиёди бостонӣ ҳамчун нишонаи фарҳанги моддии аҳди қадим ва асрҳои миёнаи мардуми мо гувоҳи он мебошанд”.

Таърих гувоҳ аст…

Ноҳияи Шаҳристон таърихи бойи қадимаи сеҳазорсола дошта, дар гузашта ҳамчун мулки Уструшана, (ҳозира Истаравшан) бо номи Бунҷикат маъруф буд. Шаҳри Бунҷикат дар замонҳои хеле қадим ҳамчун макони ҳокимони Уструшана дар мавзеи хеле мувофиқи ҷуғрофӣ ҷойгир ва бо обҳои фаровон ва боғоти зебову серҳосили худ хеле машҳур буд, барҳақ, дар радифи шаҳрҳои бостонии Осиёи Марказӣ қарор дошт.

Кашфиёти археологии қалъаи Қаҳқаҳа ва дарёфт шудани тасвири «Модаргург» аз таърихи рангин ва пурмуҳтавои ин диёри зебо шаҳодат медиҳанд. Бунҷикат дар асрҳои қадим яке аз марказҳои калонтарини сиёсӣ ва фарҳангӣ буда, ки тамаддуни Ғарбро бо Шарқ пайваст менамуд.

Уструшанаи қадим он айём дар ҳайати Суғд қарор дошт. Тӯли асрҳои V - IХ бошад, хонигарии мустақил буд. Соли 822 он аз тарафи арабҳо забт гардид ва Афшин - Ковус - сарвари ҳамонвақтаи он маҷбур шуд дини Исломро қабул кунад. Соли 899 Истаравшан (Уструшана) ба ҳайати давлати Сомониён шомил гардид. Дар навиштаҷоти таърихии соли 1888 Шаҳристон ҳамчун деҳа ба қайд гирифта шудааст ва он вақт аз 59 хонавода иборат буд. Соли 1905 дар ҳудуди он 108 хонавода ба қайд гирифта шуда буд. Дар Шаҳристон бозор аз растаҳои ҳунармандӣ, атторӣ, қассобӣ, дӯконҳои орду ғалла ва оҳангарӣ иборат буд.

Барои хизматрасонӣ чойхона ва барои нигоҳ доштани аспу ароба ва маркаби мусофирон биноҳои махсус дошт. Соли 1920 барои дуруст ба роҳ мондани чорабиниҳои маъмурии ҳокимияти Шӯравӣ уезди Ӯротеппа ба ду ноҳия тақсим карда шуд. Яке аз онҳо Шаҳристон аз се волост иборат буда, 23 деҳаро дарбар меги- рифт. Баъдтар соли 1958 ноҳия барҳам дода шуд. То соли 1990 марзи ноҳия тобеи ноҳияи Истаравшан буд ва пеш аз Истиқлолияти давлатӣ бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 1990 ноҳияи Шаҳристон аз нав барқарор карда шуд.

 Ёдгориҳои таърихии қалъаи Қаҳқаҳа, «Чилдухтарон», харобаҳои пойтахти асримиёнагии вилояти Уструшана – Бунҷикат, Саризиндон, Тирмизактеппа, зиёратгоҳҳо, мазорҳои Ҳазрати Мулло, Абӯбакри Сиддиқ, Ҳазрати Бурхи Валӣ, Туятошбобо, Чанговулбобо, Хоҷаи Рӯшноӣ ва амсоли онҳо диққати зиёраткунандагони зиёди ватанию хориҷиро ба сӯи худ ҷалб менамоянд.

Мусаввараи «Модаргург ду кӯдакро мемаконад»

Қалъаи Қаҳқаҳаи I, ганҷинаи ҳақиқии санъат мебошад. Дар ин ҷо солҳои 1965 - 1971 аз байни харобаҳои хонаҳо ҳазорҳо порчаҳои нақшу нигори деворҳо, даҳҳо мураббаъметр боқимондаҳои суратҳо ёфт шуданд. Аз онҳо ҳоло қариб 70 манзараи композитсияҳои сюҷетиро ҷамъ кардан муяссар шудааст.

Солҳои 1967 - 1969 аз девори ғарбии шашметраи роҳрави марказии қаср композитсияи аҷоиб, ки ба худ номи «Модаргурге, ки ду кӯдакро мемаконад» - ро гирифт, ёфт шуда ва аз девор кӯчонида ба Эрмитаҷи давлатӣ супорида шудааст. Дар тарафи чапи расм одами болои кат нишаста (аз миён поёнаш боқӣ мондааст), ки пояш то зону луч аст, тасвир шудааст. Аз тарафи рости он дар канори кат зани нимбараҳнаи мӯйдароз дузону истодааст. Пояҳои кат ба шакли ҳайвони афсонавии сагмонанд кашида шудаанд. Пас аз он ду одам тасвир шудааст, ки рӯ ба рӯи якдигар истодаанд.

Яке аз онҳо эҳтимол, ҳамон зани нимбараҳна, «чиз»-еро ба марди камзӯли тира дар тан, мӯзаи сиёҳ дар пой бо андуҳи бузург дароз мекунад. Мард ҳам дастонашро ба ҳамон «чизи номаълум» дароз кардааст, ки эхтимол, он кӯдаки парпеч бошад. Сипас, дарё кашида шудааст, ки дар оби он як махлуқи хокистарранги сафедтоб, эҳтимол, лаққамоҳӣ бошад, шино мекунад. Пас аз чанд расми дигар сурати калони модаргург ва ду кӯдаки синамак акс ёфтаааст. Модаргург сарашро ба қафо сӯи кӯдакон гардонида, даҳонашро кушода истодааст. Кӯдаки тарафи рост диккак нишаста, дасти росташро ба пистони ҳайвон дароз кардааст. Кӯдаки тарафи чап дар ҳолати макидани сина тасвир шудааст. Вай бо тамоми ҷусса ба модаргург ҳам шуда, бо ду даст пистонро маҳкам дошта истеъмол дорад.

Ҳар ду кӯдак бараҳна, хеле фарбеҳ, аз рӯи расм аён аст, ки онҳо ҳамсинанд. Композисияи суратҳо дар назди токчаи роҳрави марказӣ, ки дар рӯ ба рӯи даромадгоҳи қаср воқеъ шудааст, ба охир мерасад. Тамоми қисми поёни сурат ҳошия дорад, ки онро аз сатҳи роҳрав ҷудо карда меистад.

Рамзи Рим дар суратҳои Қалъаи Қаҳқаҳа

Композитсияи «Модаргурге, ки ду кӯдакро мемаконад», бешубҳа, яке аз суратҳои анъанавии афсонавӣ мебошад, ки дар мифологияи бисёр халқҳо мавҷуд аст ва дар Рими антиқӣ қонунӣ шудааст. Пас аз такмили афсона ва дар асри III пеш аз милод расман эътироф шудани модаргурги капитолие, ки ду кӯдак – Ромул ва Ремро мемаконад, рамзи шаҳри Рим мегардад.

Дарёфти нақшу нигори меъмории шаҳри Бунҷикати асримиёнагӣ (Шаҳристон) нахустин дар Осиёи Миёна ва тамоми Шарқ тасвири нодири саҳеҳ ва оригинали сюҷети афсона оид ба асосгузорони Рим мебошад. Шояд дар санъати рассомии Осиёи Миёна пайдо шудани рамзи Рим ҳодисаи тасодуфӣ аст? Маълум нест, ки ин сюҷет дар ин ҷо маълум гардидааст ва ё дар ин ҷо барои дарк намудани чунин мавзӯъ заминаи муайян буд. Инчунин, маълум нест, ки дар фолклори қадимӣ ва дерини Осиёи Миёна ин қабил мавзӯъҳои мифологӣ то чӣ андоза маъмул будаанд. Ниҳоят маълум нест, ки наққош намояндаи равияи маҳаллии санъати рассомӣ буд, ё ин, ки нақшу нигори ин қаср кори наққоши аз Ғарб даъватшуда аст.

Маводҳои археологияи имрӯза инро ба куллӣ тасдиқ мекунанд ва нишон медиҳанд, ки суғдиён дар шоҳроҳи бузурги трансконтиненталии тиҷоратӣ ва дипломатии байни Шарқи Наздик ва Шарқи Дур ва дар равобити байни халқҳои ин сарзаминҳо нақши муайяне мебозиданд. Албатта, намояндагони ин мамлакатҳо – савдогарон, сафирон, сайёҳон, миссионерон ва ғайра дар натиҷаи муносибатҳои шахсӣ мубодилаи сарватҳои маънавӣ карда бошанд. Бисёр намунаҳои нумизматика (ҳар гуна пулҳо, медалҳо ва ғайра) нишон медиҳанд, ки асрҳои VI - VII ва ибтидои асри VIII давраи авҷи робитаҳои мардуми Осиёи Миёна ва Византия буданд. Ҳаминро низ дар хотир доштан лозим аст, дар ибтидои солшумории мо мардуми Юнону Рим бо Осиёи Миёна ва Марказӣ ба воситаи роҳи машҳури «Абрешим» робитаи тиҷоратӣ доштанд.

Инро ҳам дарёфтҳои археологӣ, махсусан сиккаҳои қадимаи ёфтшуда ба куллӣ тасдиқ мекунанд. Ҳамин тавр, мусаввараи шаҳристонӣ бо сюҷети афсонавиаш боз як лаҳзаи то ҳол номаълуми таърихи маданияти маънавии Шарқу Ғарбро ошкор мекунад. Баҳри вусъат бахшидани рушди сайёҳӣ ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот аз ҷониби Пешвои миллат солҳои 2019 - 2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид. Чуноне дар Паём гуфта шуд «… ҳадафи асосӣ аз ин пешниҳод амалигардонии талошҳои Ҳукумати мамлакат ба хотири боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад».

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни яке аз сафарҳои хеш ба ноҳияи Шаҳристон диққати масъулину сокинонро ба рушди соҳаи сайёҳӣ ҷалб намуда, баҳри фароҳам овардани шароиту имконот барои қабули бештари сайёҳонро мувофиқи матлаб шуморид. Воқеан, ноҳияи Шаҳристон мавзеи хуби сайёҳӣ буда, табиати басо зебо дорад ва имкониятҳои мавҷударо баҳри ҷалби меҳмонону сайёҳони дохиливу бурунмарзӣ самаранок истифода бурдан мувофиқи матлаб мебошад. Табиати ноҳия имкон медиҳад, ки сайёҳӣ ва кӯҳнавардӣ дар ин минтақа рушд ёбад.

Ба масъулин дастур дода шуда буд, ки дар навбати аввал бояд ҳадди ақал 500 хонаводаи ин минтақа барои қабули сайёҳон дар хонаашон шароити зарурӣ фароҳам биёваранд, ки дар ин сурат ҳам рушди соҳаи сайёҳӣ таъмин мегардад ва ҳам 500 оила даромади иловагӣ ба даст меоваранд.

Аз ин рӯ, бо дарки муҳимияти масъала масъулини соҳаро зарур аст, ки баҳри иҷрои дастуру супоришотии Сарвари давлат ва роҳбарияти вилоят барои расидан ба мақсадҳои зикршуда дар рушди самти мазкур ва ҳамзамон бо ин, ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои нодири сайёҳӣ ва мероси таърихиву фарҳангӣ, фароҳам овардани шароит барои сайёҳии экологӣ, табобатӣ, варзишию кӯҳнавардӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh