Фатҳи қуллаи далерию некномӣ

Вақте вориди Осорхонаи таърихии Муассисаи давлатии «Маҷмааи фарҳангию таърихии Қалъаи Хуҷанд» - и маркази вилоят мегардед, беихтиёр чашмонатон ба муҷассамае бармехӯрад, ки дар тан либоси ҷангӣ, дар сар кулоҳу дар миён камарбанд бо дидагони барқпошу шарарбор ба Шумо менигарад. Толорҳои намоишии осорхона аз рӯи даврабандии китоби «Тоҷикон» - и Бобоҷон Fафуров созмон дода шуда, аз давраи асри санг то замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар мегиранд.

Яке аз ҳамин даврабандиҳо ба матонату фидокории қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик бахшида шудааст ва диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб месозад. Ҷонфидоиҳои ин марди шуҷоъ дар саҳифаҳои таърих бо хатҳои заррин сабт ёфтааст. Навиштаҷоти зерин барои шинохтани шахсияти муҷассама моро ҳидоятгар мешавад: «Зиндагиномаи қаҳрамони халқу миллат, шуҷоату матонати онҳо дар набардҳои хунин барои марзу бум ва хоки муқаддас дарси садоқату далерӣ буда, хати баланду равшан дар саҳфаҳои таърих аст.

Темурмалик дар мубориза бар зидди ӯрдуи Чингизи хунхор баҳри муҳофизати Хуҷанд қуллаи далерию некномиро фатҳ карда, рамзи худшиносию ватандорӣ гардидааст. Ёди Темурмалик дар авроқи китобҳо то ҷовидонҳо боқист». Сабаби гузошта шудани муҷассамаи Темурмаликро дар ин макони таърихӣ аз роҳбалади осорхона пурсон шудем. - Месазад ба чунин шахсияти таърихию матинирода, ки ҳокими шаҳри Хуҷанд буда, бар зидди муғулҳо муборизаи беамон бурда, марзу буми моро ҳифозат намудааст ва ҳатто, дар дақиқаҳои охирини ҳаёт, ҳангоми пиронсолӣ бо сардори лашкари муғулҳо Қатағанӯғлон ҷангида, қаҳрамонона ҳалок гардидааст, муҷассама бунёд намуда, номашро бо ҳарфҳои зарҳалин дар саҳифаҳои таърих навишта бошем. Қаҳрамонии мудофиакунандагони Хуҷанд яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик мебошад.

Онҳо бо сардории Темурмалики шуҷоъ бо вуҷуди хеле кам будани қувваи худ муборизаро ба муқобили қӯшуни пуршумори душман қатъ накарданд. Вақте ки захираи хӯрокворӣ ба охир расид, Темурмалик маҷбур гардид ҷазираро тарк карда, аскарони зиндамондаи худро халос кунад. Ин буд, ки ӯ сарбозонашро ба киштиҳо савор карда, шабонгоҳ ба кӯмаки рӯшноии машъалҳо бо маҷрои дарё ҳаракат намуд. Истилокорони муғул ҳамчун каргасҳои гурусна аз паси киштиҳои Темурмалик метохтанд ва онҳоро ба зери борони тир мегирифтанд. Қаҳрамонони Хуҷанд ҳамлаҳои душманро рафъ намуда, роҳи пурхатари худро мепаймуданд.

 Бар тибқи ривояте, дастаи аскарони муғул аз онҳо пеш гузашта, аз ин лаб ба он лаби дарё занҷир кашиданд. Аммо Темурмалик ва сарбозони ӯ ин занҷирро пора намуда, барои убури киштиҳои худ роҳ кушоданд,- иброз дошт Иноятхон Мирзоева. Муҷассама бо дастони пурэъҷози ҳайкалтароши боистеъдоду ҷавон Даврон Раҳматов рӯи кор омада, ба ифтихори 15- умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Соли бузургдошти тамаддуни ориёиҳо» ва ифтитоҳи Осорхонаи таърихӣ санаи 23-юми августи соли 2006 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шудааст. Баландии он 3,5 метр буда, барои сохтани он 4 тонна фулузоти биринҷӣ истифода шудааст.

Сарвари давлат, ки аввалин тамошобини нигораҳои ин макони таърихӣ маҳсуб меёфтанд, ҳан- гоми боздид аз осорхона ҳайкалтарош Даврон Раҳматовро наздашон даъват ва барои итмоми чунин як амали бузург изҳори миннатдорӣ намуданд: «Темурмалик қаҳрамони халқи тоҷик аст. Ҷасурию матонати ин марди бузургро бинед, ки ӯ бар зидди муғулҳо истодагарӣ кардааст. Бинобар он месазад, ки қомати ӯро баландтар бардорему манзури тамошобинон гардонем». Ҳайкалтарош ин суханони Пешвои миллатро маъқул дониста, дар як муддати кӯтоҳ пояи муҷассамаро баландтар бардошт.

Инак, беш аз як даҳсола аст, ки ин муҷассама толори осорхонаи таърихиро зеб медиҳаду тамошобинон аз қаҳрамониҳои Темурмалики шуҷоъ тавассути роҳбаладон маълумоти бештар ба даст меоранд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh