Рушди ҳунармандӣ дар ноҳия

Раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов Комил Салимзода дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон шудани солҳои 2019 - 2021 аз он далолат медиҳад, ки Пешвои миллат баҳри боз ҳам обод кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар деҳа ва маҳалли аҳолинишин диққати махсус зоҳир менамоянд.

Дар бобати рушди ҳунарҳои мардумӣ, ташкили сехҳои адрасу атласбофӣ зикр шуд, ки дар ноҳия 27 намуди ҳунармандӣ рушд ёфтааст. Барои дӯхтани либоси мактабӣ дар ноҳия шароит муҳайё буда, дӯзандагон бо шаҳру ноҳияҳои дигар шартнома доранд.

Инчунин, дар самти соҳаи маориф як қатор корҳои сохтмонӣ, аз қабили биноҳои нави маъмурии шуъбаи маориф, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8 идома дошта, иншооти мазкур аз ҷониби Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ шудааст. Қайд гардид, ки дар ноҳия ду мактаби қисман садамавӣ мавҷуд буда, дар соли 2019 таъмири куллии панҷ муассисаи таҳсилоти умумӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ноҳия оид ба риояи Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», корбарӣ пурзӯр гардида, гузаронидани зодрӯз, меъёри зиёди меҳмонон дар тӯйи арӯсӣ пешгирӣ мешавад. Раиси ноҳия, иброз намуд, ки кушодашавии роҳи автомобилгарди Деҳмой - Меҳробод - Маданият, кӯдакистони хусусии замонавии “Нурафшон”, хиёбони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази саломатии шаҳраки Меҳробод, коргоҳи қолинбофию дӯзандагии 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ мардуми ноҳияро сарбаланд намуд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh