ДАСТАРХОНОРО БОШЕМ

Даври вилоятии озмуни дастархонороӣ бо мақсади эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, сарфаву сариштакорӣ, камхарҷу сарфакорона, зебову хушхур оростани дастархонҳои ҷашну маросим дар доираи амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тарабхонаи «Ҷавонӣ»-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.  Кадбонуҳои беҳтарини шаҳру навоҳӣ маҳсули дастони худро ба маърази тамошо гузошта, ҳозиронро бо таомҳои миллии тоҷикӣ, хуришҳои гуногун, шириниву кулчақандҳои хушмазза ошно сохтанд.

Муовини Раиси вилоят Назира Fаффорӣ аз дастархони оростаи кадбонуҳои шаҳру навоҳӣ дидан намуда, ҷиҳати камхарҷ ва босарфа гузаронидани ҷашну маросим андеша ронд.

Дар озмуни дастархонороӣ агар дастархони шаҳри Бӯстон бо омода намудани таомҳои лазизи мардуми Бухоро ва сурудани сурудҳои миллии он маҳал писанди иштирокдорон гашта бошад, дастархони мардуми шаҳри Панҷакентро қатламаву қатмол, фатири пиёздору кӯмоч, фатири дегиву ҳалвои тар, угрои туршу туппақайиш ва атолаи кунчӣ оро медод. Агар кадбонуҳои моҳири ноҳияи Бобоҷон Fафуров бо омода намудани шириниҳои «Хирсак»-у «Дилкаш», самбӯсаҳои гуногуну лундаҳо аз картошка, рулети шикамбагию меваҳои гӯштдор ва тунукчаи қимагин дар дили иштирокдорон меҳри пазандагӣ ба кадбонугиро ҷой дода бошанд, зафарободиён бо пухтани чиғелак бо кадую пиёз, чаппотию чанголу таомҳои миллии маҳалли худро манзури ҳамагон намуданд.

Дар фарҷом маълум гардид, ки дастархони оростаи мардуми ноҳияи Айнӣ сазовори мақоми аввал, дастархондорони ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба гирифтани мақоми дуюм сазовор шуда, роҳхати иштирок ба озмуни ҷумҳуриявиро насиб гаштанд. Ҷои сеюм бошад, ба дастархонороии мардуми Исфарамарз лоиқ ва ғолибон бо туҳфаҳои Раиси вилоят сазовар гаштанд.

ҳамчунин Нилуфари Назаралӣ аз шаҳри Бӯстон «Дастархондори ҷавонтарин»  унвон гирифт. Иштирокдорони фаъоли шаҳру ноҳияҳо  бо туҳфа қадр гардиданд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh