300 ҳазор гули лола шукуфон мешавад!

Ҷараёни иҷрои супоришҳои Раиси вилоят 300 ҳазор гули лола шукуфон мешавад!

Баробари фаро расидани фасли баҳор дар қадди кӯчаву шоҳроҳ, саҳни муассисаву ташкилотҳо, боғҳои истироҳативу фарҳангӣ шинонидани гулҳо оғоз ёфтааст. Хиёбонҳои шаҳри Хуҷанд касро болидарӯҳ месозанд.

Намудҳои гуногуни гулҳо на танҳо дар фасли тобистон, балки ҳар чаҳор фасли сол дар кишвари мо парвариш меёбанд.

Аз тарафи роҳбарияти вилоят нисбат ба шинонидан ва парвариши гули лола диққати махсус зоҳир карда шудааст. Дар қаламрави ҷумҳурӣ фестивал – озмуни «Сайри гули лола» баргузор мегардад.

Тавре муҳандиси пешбари Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд Исмоил Зоидов иттилоъ дод, шурӯъ аз 20 - уми ноябр то моҳи январ дар шаҳр зиёда аз 207 ҳазор гули лола шинонида шуд, ки онро соҳибкорон дастрас кардаанд. Умед дорем, то ҷашни Наврӯз гули лола шукуфон мешавад.

Инчунин, гулҳои ороишии питуния, тоҷи хурӯс, тагетс ва марҷонгул ба шаҳр ҳусни наве зам хоҳанд кард. Алҳол, беш аз 300 ҳазор гули ороишӣ дар ҳолати сабзиш қарор дорад.

- Ба истиқболи ҷашни Наврӯз ва дар сатҳи баланд гузаронидани Фестивал – озмуни гули лола дар боғи фарҳангию фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ зиёда аз 285 ҳазор бех, 10 – 12 намуд гули лолаи ҳолландӣ шинонида шудааст. Мо аз он шод ҳастем, ки дар озмун иштирок карда истодаем.

Барои нобуд нагардидани гули лола, нигоҳубин ва парвариши он 47 нафар кормандон ҷалб гардиданд, - гуфт директори боғ Абдусалом Шодибеков.

Бино ба гуфти А.Шодибеков фестивал - озмуни ҷумҳуриявӣ аз рӯи чанд намуд, аз ҷумла парвариши дурусти гули лола, ранг, намуди зоҳирӣ ва ороиши он баргузор мегардад. Имрӯз кормандон кӯшиши худро барои ишғоли ҷойи намоён равона карда, умед доранд, ки гулҳои рангоранги зебои лола мақбули сокинони вилоят мегардад.

Барои боз ҳам зебо гардонидани намуди зоҳирии боғ 165 бех ниҳолҳои ороишию сояафкан шинонида шуд, ки ба истироҳати мардум мусоидат хоҳад кард.

- Баробари фаро расидани фасли баҳор гулкориву ободонӣ хеле дар авҷ аст. Мавсими сайри боғ низ оғоз ёфта, умед дорем, ки сокинон аз табиати мафтункунанда ва нотакрори Хуҷанди бостонӣ ҳаловат хоҳанд бурд.

Аз он огоҳ шудем, ки имсол фестивали ҷумҳуриявии «Сайри гули лола» доир мегардад ва умед дорем, ки вилояти Суғд ҷойи беҳтаринро сазовор мешавад, - изҳор дошт сокини шаҳр Мафтуна Раҳимбоева.

Дар ҳақиқат, солҳои охир нисбат ба шинонидани гулу ниҳолони ороишию сояафкан диққати махсус дода мешавад. Гул рангу таровати рӯҳафзо дошта, аз дидани он қалбҳо болида мегардад.

Шаҳбону ОЛИМОВА,
Суратгир Иномҷони Рабизод,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh