Паёми табрикии Раиси вилоят ба­ муносибати Рӯзи Модар

Модарон, бонувон ва хоҳарони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Иди бонувон баробари оғози эҳёи табиат - фасли баҳори фаррухқадам фаро мерасад, ки мардумро ба ибтидои пешомадҳои нав, нақшаву тадбирҳои тоза ва дар маҷмӯъ ба ободониву созандагӣ ҳидоят менамояд. Шумо худ рамзи баҳоред. Зеро зиндагӣ бо исми мубораки зан - Модар, чашмаи хушкнашавандаи ҳаёти музаффар пайванд аст. Зан - Модарро пеш аз ҳама сарчашмаи меҳру шафқат, чароғи хонадон, тарбияткунандаи ахлоқи поку ҳамида, ҳидоятгари роҳи ростӣ, тарғибгари суннату анъанаҳои ниёгон ва арзишҳои пурқиммати ҷомеа донистаанд.

Дар ин лаҳзаҳо, ки ҳамаи моро бузургиву шаҳомат, наҷобату шарофат, мақому манзалат ва меҳрубониву самимияти модар гирди ҳам овардааст, тамоми модарону бонувони иззатманди вилоятро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллиамон – Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон тандурустиву хушбахтӣ, иқболи неку толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям. 

Дар қалби бузурги модар ҷаҳон ҷой мегирад. Модар ҳар як нияту иқдом, ҳар як рафтору кирдори фарзандашро эҳсос менамояд ва мекўшад, ки ўро ба сўи зиндагии шоиставу пурсаодат роҳнамоӣ созад.

Боиси хурсандист, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвари азизамон занону духтарони саодатманди ҷумҳурӣ бо нерӯю қувваи тозаи созандагӣ сарбаландона барои пешрафту ободӣ саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи занон ҷойгоҳи хоса дорад. Зеро Сарвари давлат чун ҳамеша занонро нерӯи созандаи ҷомеа дониста, эътимоду боварии худро нисбат ба онҳо баён доштанд. Пешвои миллат азму ирода ва масъулиятшиносии занонро ҳамчун нерӯи бузурги ҷомеа арзёбӣ карда, дастур доданд, ки онҳо бештар ба корҳои таълимӣ ва роҳбарӣ ҷалб карда шаванд.

Дар паёми Пешвои муаззами миллат солҳои 2019-2021 эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» барои вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ, рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарон ва соҳиби касбу ҳунар гардонидани онҳо шароити мусоид фароҳам меоварад.

Дар фарҳангу тамаддун ва анъанаву суннатҳои халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон хираду заковат ва бузургии модар ҳамчун олиҳаи покиву садоқат, нигаҳдорандаи чароғи хонадон, мураббии ғамхору меҳрубон ва ҳидоятгари некиву накӯкорӣ бо меҳру муҳаббат арҷгузорӣ ва ситоиш ёфтааст.

Зани тоҷик ҳамеша толиби сулҳу ваҳдат, ободӣ ва оромии диёр буду ҳаст. Ин рисолат раҳнамои рўзгори бонувони мост. Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки кулли занон худогоҳу бомаърифат бошанд.

Бо дарназардошти хусусиятҳои хоси фарҳанги оиладории шарқӣ, аз ҷумла суннату ойинҳои неки тоҷикон ҳар як модари тоҷик вазифадор   аст,   ки   дар   хусуси   ба   ҳаёти   мустақилона   омода намудани фарзандон, хусусан духтарон, дар шуури онҳо тарбия кардани фарҳанги оиладорӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва сабру таҳаммул кӯшиши доимӣ дошта бошад.

Бори дигар ҳамаи Шумо, бонувони азизро бо ифтихори ин иди фархунда самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳативу бахту иқболи нек ва сулҳу осоиш орзу менамоям. Бигзор, дилҳои Шумо ҳамеша монанди чашмаҳои тоҷик поку мусаффо ва мисли табиати ҳамешабаҳори Тоҷикистони азизамон зебову муҷалло бошанд. Ҳамаи Шуморо ба муносибати иди фархундаи баҳору зебоӣ - Рӯзи Модар аз самими қалб табрик гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.

Идатон муборак бонувон ва хоҳарони азиз!

Add comment


Security code
Refresh