Паёми табрикии Раиси вилоят ба муносибати Рӯзи матбуот

Муҳтарам аҳли қалам,

Фарорасии Рӯзи матбуотро ба ҳамаи Шумо самимона муборакбод гуфта, бароятон илҳоми саршор, саодати рӯзгор ва тавфиқу комгориҳои беназир таманно дорам.

Дар шароити кунунӣ вобаста ба нуфузи ҷаҳонишавӣ ва пешрафтҳои ҷаҳони муосир нақш ва мақоми воситаҳои ахбори умум, хоса матбуот ва нашрияҳои электронӣ ба маротиб боло меравад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо намояндагони воситаҳои ахбори омма рӯзи 20 феврали соли 2019 таъкид намуданд: “Роҳбарони васоити ахбори омма бояд сипари боэътимоди ҳифзи манфиатҳои миллӣ, арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, дастовардҳои истиқлолияти кишвари азизамон бошанд. Зеро воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ барои анҷом додани ин кор имкониятҳои кофии зеҳнӣ ва техникӣ доранд”.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар солҳои охир теъдоди воситаҳои ахбори оммаи чопиву электронӣ афзун гардида, имрӯз аҳли қалам барои таҳкими сулҳу ваҳдат ва ҳифзи манофеи миллӣ содиқона хидмат менамоянд.

Кормандони воситаҳои ахбори омма барои ба мардум расондани ҳадафҳои сиёсию стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инъикоси таҳаввулоти азими сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ иқдомоти назаррасе аз хеш нишон дода, сокинони мамлакатро сари вақт бо рӯйдодҳои муҳими ҷомеа ошно месозанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо назардошти нақши воситаҳои ахбори омма дар пешрафти соҳаҳои гуногун ба кори рӯзноманигорон арҷ мегузорад ва саҳми онҳоро дар бартарафсозии мушкилоти ҷомеа назаррас арзёбӣ менамояд. Ҳамасола баргузор гардидани озмуни вилоятии “Хомаи созанда” ва қадршиносии маҳсули эҷоди рӯзноманигорон, ки воқеан нақши созанда дар тафаккури ҷомеа мегузорад, аз ҷумлаи чунин ташаббусҳо ба шумор меравад.

Имрӯзҳо мардуми шарифи мамлакат бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва ватандӯстӣ барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меҳнат намуда истодаанд ва мо боварии комил дорем, ки аҳли қалам низ тавассути навиштаҳои таъсиргузор ва маҳсули хомаи созандаи хеш саҳми назаррасашонро дар истиқболи самимона ва шоёни ин ҷашни бузурги миллат хоҳанд гузошт.

Бо чунин ниятҳои нек бори дигар ҳамаи Шумо кормандони воситаҳои ахбори оммаи вилоятро ба муносибати фаро расидани Рӯзи матбуоти тоҷик табрику таҳният гуфта, бароятон саломативу сарбаландӣ, хонаи обод ва эҷоди беҳтарин дастовардҳои зеҳниро таманно мекунам.

Ид муборак, аҳли қалами вилоят !

Раиси вилоят                                     Раҷаббой Аҳмадзода

Add comment


Security code
Refresh