Матбуоти миллӣ - тарғибгари ахлоқи ҳамида

Мулоқоти журналистони рӯзномаҳои вилоятӣ бо донишҷӯён ва устодони Донишкадаи кӯҳӣ - металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик хотирмон гузашт. Собиқадори матбуот, корманди рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» Хуршеда Содиқова, рӯзноманигори «Суғд ҳақиқати» Бихалича Аҳмадова ва намояндаи рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» Шоира Салимова меҳмони донишкада гаштанд. 

Ҷонишини ректори донишкада Манзура Сайдуллоева меҳмононро хайра мақдам гуфта, иброз дошт, ки чорабинии мазкур дар доираи қарори Раиси вилоят дар бораи таҷлили Рӯзи матбуот ва бо назардошти саҳми кормандони васоити ахбори оммаи вилоят дар бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, тарғибу ташвиқи ғояҳои истиқлолият баргузор гардида, таҷлили 5-солагии таъсисёбии нашрияи донишгоҳ «Маъданшинос» дар радифи ҷашнҳои дигар ба хурсандии ҷомеаи меҳнатӣ шодии бештаре зам кардааст.

Хуршеда Содиқова нахуст андешаҳояшро дар бораи таъсиси аввалин рӯзнома дар Бухоро бо унвони «Бухорои шариф», ки 11-уми марти соли 1912 ба забони тоҷикӣ нашр шудааст, оғоз бахшид. Шурӯъ аз он санаи таърихӣ ба шарафи нашри нахустшумора дар тақвимҳои кишвар 11-уми март ҳамчун Рӯзи матбуот таҷлил мегардад.

Бихалича Аҳмадова дар бораи кушодашавии марзҳои Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон ва дар ин замина мустаҳкам гардидани муносибатҳои ҳамкории рӯзноманигорони тоҷику ӯзбек сухан кард. Шоира Салимова дар мавриди таърихи рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» ва давраҳои ташаккулёбии он ба донишҷӯён маълумот дода, онҳоро ба ҳамкорӣ даъват кард.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки сол аз сол нуфузи рӯзномаҳои вилоятӣ боло рафта, ҳайати эҷодии нашрияҳо бо қалами буррои хеш, суханҳои арзишманду мақолаҳои хондании худ мардумро ба созандагиву бунёдкорӣ, корнамоиҳо баҳри обод намудани диёр сафарбар менамоянд.

Донишҷӯёни донишкада дар шаҳри Бӯстон аз меҳмонон маълумоти бештаре дар бораи нақши воситаҳои ахбори омма, бахусус рӯзнома пайдо карданд, ки дар ҳаёти минбаъдаашон кӯмакрасон хоҳад шуд.

Шукрона ШАРИФӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh