“Ганҷи сухан” маҳфили қадрдшиносист!

Шумораи наврӯзии маҳфили “Ганҷи сухан” дар факултаи филологияи тоҷики Муассисисаи таълимии “Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров” баргузор гардид, ки воқеан нафасу файзи наврӯзӣ дошт.

Дар маҳфил ноиб - ректор оид ба илм ва инноватсия, профессорон Хайрулло Сабуров, Матлубаи Мирзоюнус, дотсент Саидмурод Ҳоҷиев, роҳбари маҳфил дотсент Саидумрон Саидов, нависанда Дадохон Эгамзод, шоирон Муҳсин Аминзода ва Олимхон Исматӣ, ҳамчунин устодону донишҷӯёни факултет иштирок карданд. Доираи мавзӯи маҳфил низ бо иди суннатии мо Наврӯзи оламафрӯз иртибот дошта, қисмати муҳими он ба зиндагинома ва фаъолияти  яке аз устодони номдори Донишгоҳ, олим ва методисти барҷаста, дотсент Саидмурод Ҳоҷиев бахшида шуд.

Қайд гардид, ки С. Ҳоҷиев яке аз ҷеҳраҳои дурахшони донишгоҳ буда, хидматҳояш беҳамтост.

Маърӯзаи илмии маҳфил аз ҷониби дотсенти кафедраи адабиёти муосир Мирсаидов Баҳром ироа гардид, ки “Наврӯзи беҳдинон” унвон дошт. Ин маърӯза нигоҳе ба таърихи Иди наврӯз буда, дар он асосан, масъалаи виҷагиҳои таҷлили ин ид дар водии Зарафшон баррасӣ гардид. Баъдан нависандаи маъруф Дадохон Эгамзод аз китоби тозанашри худ “Нигина ва Мирмалик” муҷда расонид, суҳбати шоиронаву самимонаи шоири ширинкалом Олимхон Исматӣ фазои маҳфилро гарму мунаввар сохт. Олимхон Исматӣ бо ашъори ишқиву ҳазломез ва самимии худ тавонист, дили аҳли маҳфилро болида созад.

Адабиётшинос Саидов Саидумрон аз ҳузури иштирокдорон арзи сипос намуда, дар анҷоми маҳфил  сухани ҷамъбастиро ба устод Саидмурод Ҳоҷиев дод, ӯ бо қироати шеър аз ашъори устод Фарзона маҳфилро ба анҷом расонд.

Шаҳноза Ҳомидова,
 “Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh