Баргузории мусобиқаи бузкашӣ дар Ҷамоати деҳоти Чинори шаҳри Панҷакент

6 апрел бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз дар Ҷамоати деҳоти Чинори шаҳри Панҷакент мусобиқаи бузкашӣ баргузор гардид, ки дар он човандозони беҳтарини вилояту ҷумҳурӣ ва кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Қирғизистон иштирок намуданд.

Дар мусобиқаи мазкур паҳлавонон аз гӯшаву канори вилояту ҷумҳурӣ, вилоятҳои Самарқанду Бухоро, Ҷиззаху Қашқадарёи Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ширкат варзиданд.

Ҷоиз ба зикр аст, ки мусобиқаи бузкашӣ дар шаҳри Панҷакент ҳамасола дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯзи хуҷастапай ва дигар идҳо гузаронида шуда, ҳаводорони зиёд дорад. Дар шаҳр 600 сар асп парвариш карда мешавад ва дӯстдорони ин навъи варзиш дар мусобиқаҳои бузкашиву пойга мунтазам иштирок менамоянд.

Мусобиқаи бузкашӣ хеле шавқовару хотирмон сурат гирифта, шоҳҷоиза – автомашинаи сабукрав насиби Фармон Бафоев бо аспи “Дракон” гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода калиди автомашинаро ба Фармон-паҳлавон тақдим карда, ғалабаро барояш табрик намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh