Файзу фараҳмандӣ, нишоту сарбаландӣ дар фазои соҳибистиқлолӣ

Ҳар сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гӯшаю канори кишвар файзу баракот ва шукӯҳу шаҳомат меоварад. Ин аст, ки сокинони мамлакат ташрифи Пешвои муаззамро бесаброна интизорӣ мекашанд. Дар доираи сафари кории худ ба вилояти Суғд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ташриф оварда, ба оғози фаъолияти иншооти ҳаётан муҳими иҷтимоиву фарҳангӣ фотеҳаи нек доданд.

Пешвои миллат ба фаъолияти бинои нави беморхонаи ноҳиявии №3 барои 120 кат ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, Қасри фарҳанг бо 400 ҷойи нишаст, майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масоҳати он 2 ҳазору 400 метри мураббаъро дарбар гирифта, баландии манораи ливои пуршарафи озодиву соҳибистиқлолии мо, ки 50 метр мебошад, оғоз бахшиданд. Бояд зикр кард, ки атрофи саҳни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гулзор шуда, бо гузоштани 12 нишасткурсӣ ва чароғон намудани он имрӯз ба яке аз мавзеъҳои дилфиребу писандидаи сайругашти сокинон мубаддал гардид. Бунёди чунин иншоот як омили муҳими бедор кардани ҳисси баланди ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва гиромидошт ба муқаддасоти миллӣ мебошад. Баъдан мулоқоти гарму самимии Пешвои муаззами тоҷикон дар Қасри тозабунёди фарҳанги Ҷамоат бо фаъолони соҳаҳои гуногуни ноҳия баргузор гардид.

Бо истифода аз фурсат чанде иштирокчиёни ин рӯйдоди фараҳбахш таассуроти хешро чунин иброз намуданд:

Абдурауф Муллобоев - сартабиби Беморхонаи ноҳиявии №3 – и Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов:

- Муассисаи табобатии мо барои 35 кат соли 1959 дар заминаи бинои раёсати колхози ба номи Рокосовский (алҳол ҶС ба номи Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев) ба истифода дода шуда буд. Он солҳои охир бинобар зиёд гаштани шумораи сокинони ҷамоат, фарсудашавии бино ба таъмиру азнавсозӣ ниёз дошт. Хушбахтона, бо дастгирии бевоситаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бинои нави беморхона, ки аз таҳхона ва се ошёна иборат аст, бо тарҳу усули муосири меъмории миллӣ бунёд ёфт.

Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз дар вазъияти тантанавӣ Пешвои муаззами миллат лентаи рамзиро бурида, ба фаъолияти беморхонаи наву муосир барои 120 кат оғоз бахшиданд, ки хурсандии мо – ҷомеаи табибонро ҳадду канор нест.

Бояд гуфт, ки ба шарофати ин дастгирӣ доираи фаъолияти беморхонаи мо васеъ гардида, шароити хизматрасонии тиббӣ ба сокинон хеле беҳтар шуд. Агар то ин дам дар беморхона танҳо ду шуъба - касалиҳои дарунӣ ва асаб амал мекард, акнун боз ду шуъбаи дигар - бачагонаву ҷарроҳии калонсолон ҳар яке 20 катӣ низ ба фаъолият оғоз кард. Аз ин пас дар муассисаи мо ба ғайр аз таҳлилҳои лабораторӣ, ҳамчунин аз усули диагностикии муайян намудани касалиҳо ба таври васеъ истифода бурда мешавад. Зеро, дар утоқи махсус таҷҳизоти зарурӣ насб карда, 20 ҷойи нави корӣ муҳайё шуд. Инчунин утоқи хатнаи кӯдакон низ таъсис ёфт.

Аз ин рӯ, 31 - уми марти соли 2019 дар солномаи муассисаи мо бо ҳарфҳои заррин сабт гардид.

Абдукарим Аминов, роҳбари Мактаби мусиқии ба номи Маъруфхоҷа Баҳодурови Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳот:

 - Соли равон ба таъсиси Ҷамоати деҳоти мо – ба номи Ҳайдар Усмонов расо 50 сол пур мешавад. Қасри фарҳанги ҷавобгӯ ба талаботи муосир бешак, туҳфаи хуби Пешвои муаззам ба сокинони ҷамоат аст. Бояд хотиррасон кард, ки сокинони яке аз ҷамоатҳои калонтарини ноҳия чандин солҳо орзу менамуданд, ки ин гуна Қасри фарҳангро бо 400 ҷойи нишаст дошта бошанд.

Ин орзуву ниятҳои некашон бо шарофати сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иштирокашон дар рӯзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз амалӣ гашт. Аз ин пас мо имкон пайдо кардем, ки кулли чорабиниҳои фарҳангиамонро дар чунин як кохи зебову банур доир намоем, ки бешак, илҳоми аҳли ҳунарро ба ҷӯш меоварад.

Иловатан, дар ин Қаср мактаби мусиқӣ низ амал мекунад, ки дар ин муассиса санъакторони наврасро тарбия хоҳем кард. Воқеан, бунёди ин қасрро Шоири халқии Тоҷикистон шодравон Нурмуҳаммад Ниёзӣ ҳамеша орзу мекарданд ва ният доштанд, дар ин ҷо базмҳои «ширу шакар», шабҳои эҷодии шоирон ва аҳли ҳунарро барпо намоем. Аммо, умр барояшон вафо накард.

Аз номи кулли сокинони Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонови ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ин туҳфаи олии наврӯзӣ арзи сипос менамоям.

Шавкат Масаидов - соҳибкори инфиродӣ, роҳбари ҶДММ «Зафариён, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

- Худро хеле хушбахт меҳисобам, ки дар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри фарҳанги Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ.Усмонови ноҳия бо аҳли ҷамоатчигӣ ва кормандони соҳоти гуногуни хоҷагии халқ ширкат дошта, аз дастуру ҳидоятҳояшон бобати рушд бахшидани кулли соҳаҳои хоҷагии халқ, хоса кишоварзӣ бархурдор гардидам.

Аз он ки муассисаи мо ба коркарди ашёи пурқиммати саноатӣ-пахта машғул аст, мо эҳтиёҷманди ашёи хом ҳастем. Таҳлилҳо собит сохтанд, ки дар шароити имрӯз марди деҳқон ба дастгирии моддӣ, хусусан дар давраи оғози кишту кори баҳорӣ сахт муҳтоҷӣ мекашад. Мо қарор додем, ки ана дар ҳамин гуна шабу рӯзҳои муҳим деҳқононро аз ҷиҳати молиявӣ дастгирӣ кунем ва тирамоҳ бар ивазаш бо ашёи хом бозҳисобӣ намоем. Худи ҳамин сол мо масоҳати 200 гектар пахтазорони хоҷагии деҳқонии «Дӯстӣ» - и ноҳияро сарпарастӣ кардем, бо умеди он ки фасли ҷамъоварии ҳосил ҳам бо маблағи сарпарастишуда бозҳисобӣ мекунему ҳам ҳосили боқимондаро боз харидорӣ намоем. Яъне, ки мо бобати ашёи хом хотирамон ҷамъ буда метавонад.

Дар ин мулоқот маро суханони зерини пурқиммати Пешвои муаззами миллат басо муассир сохтанд: зиндагии инсон бо каму беш мегузарад. Ба халқу Ватан, баҳри ободии сарзамину мардумон хизмат бояд кард. Андеша кунем, ки мо чӣ тавр ва бо кадом роҳ метавонем Ватанамонро ободу сарсабз ва сарватманд сохта метавонем?! Бояд Ватани худро дӯст дорем, онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Танҳо дар ҳамин ҳолат гуфта метавонем, мо ватандӯстем…

Бубинед, чӣ гуна суханони пурҳикмату пур аз меҳру муҳаббат ба Ватан. Ман ба худ қавл додам, ки минбаъд низ бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои муаззами миллат баҳри ободиву сарсабзӣ ва шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлоламон тамоми кӯшишу ғайрати худро равона хоҳам сохт.

Шоира Бузурукова, сардухтури таваллудхонаи вилояти Суғд, вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд:

- Дар мулоқоти худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳайдар Усмонов доир ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҷавони соҳаи тандурустӣ ҳарф зада, изҳори нигаронӣ карданд, ки дониш ва маҳорати касбии на ҳама хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии соҳаи тибби кишвар имрӯз ҷавобгӯи талаботи замони муосиранд.

Бинобар ин ҳам ба мо масъулони соҳа дастур доданд, ки нисбат ба ин масъала басо ҷиддӣ бошем ва мутахассисони арзандаро ба камол расонем.

Дар таваллудхонаи вилоятӣ барои ҳалли ин масъала мо қарор додем, ки усули «устоду шогирд» - ро истифода барем. Яъне, ки ҳар хатмкардаро ба як нафар собиқадори соҳа вобаста мекунем, то ки дониши назарияи дар мактаби олӣ омӯхтаашро бо амалия муттаҳид созад.

Аз тирамоҳи соли рафта то имрӯз ба муассисаи мо 18 нафар мутахассисони ҷавон ба кор омаданд, ки мо онҳоро ба таҷрибадорон вобаста кардем ва айни ҳол фаъолияти худро идома дода истодаанд. Боварӣ дорам, ки ин усул натиҷаи дилхоҳ медиҳад.

Абдуғафур АМИНЗОДА,
Маъмурахон САМАДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh