ДАРАХТОНИ 1000 - СОЛА ДАР САБРИСТОН

Эълон намудани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мардуми кишвари биҳиштосои тоҷиконро хушнуд гардонд. Зеро яке аз самтҳои асосии иқтисодии давлат ин рушди соҳаи туризм ва истифодаи босамари захираҳои табиӣ ба шумор меравад. Дар ин замина ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ ва нигоҳ доштани неъматҳои табиӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёбад.

Харитаи ҷаҳони муосирро наздик 200 кишвари гуногун фарогир буда, ҳар кадоми онҳо дорои халқу миллат, расму оин, фарҳанг ва анъанаҳои гуногун мебошанд. Ин гуногуниҳо инсонро водор месозад, ки ба гӯшаҳои мухталифи дунё сафар карда, аз рангорангӣ ва ҷолибияти сайёраи Замин дидан намоянд. Тоҷикистон чун нигини ҳамешарахшон миёни кишварҳои мутараққӣ мақоми хосаеро касб кардааст. Миллати соҳибтамаддуни мо дар фосилаи тӯлонии таърихӣ бо тафаккури созандаи худ арзишҳои фарҳангиеро эҷод ва арзёбӣ намудааст, ки имрӯз тамоми сокинони сайёра орзуи диданашро доранд. Кишвари офтобрӯяи тоҷикон дорои ҳудудҳои нодири фарҳангию таърихӣ аз қабили шаҳрҳои қадима, шаҳракҳо ва маҷмааҳои меъморӣ, мавзеъҳои нодири табиӣ, обҳои шифобахш, олами нотакрори набототу ҳайвонот буда, миёни кишварҳои ҷаҳон бо таърихи куҳанбунёд, мардуми тамаддунсоз ва ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ба куллӣ фарқ дорад.

Ёдгориҳои табиӣ - ин объектҳои табиии нодир, барқарорнашаванда ва аз ҷиҳати экологӣ, илмӣ, эстетикӣ ва фарҳангӣ пурарзиш буда, синну соли зиёда аз 100 ва дар баъзе ҳолатҳо зиёда аз 1000 сол дошта, барои замони муосир, тарбияи насли наврас ва туризми экологӣ аҳамияти калон дорад. Яке аз неъматҳои табиӣ, ки ҳамчун ёдгориҳои табиӣ эътироф шудааст, ин мавҷудияти дарахтони азимҷуссаи бисёрсола дар ҳудуди вилоят маҳсуб меёбад. Аз маълумоти мутахассисони Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд маълум аст, ки дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба миқдори зиёда аз 110 бех дарахти нодири азимҷуссаи аз 100 то 900 сола, беш аз 40 адад зиёратгоҳи табиии аҳамияти туризми экологидошта, зиёда аз 65 адад ҳудуди табиии аҳамияти истироҳатӣ ва солимгардонидошта, 80 адад ҳудуди табиии дорои манзараҳои беҳамто ва олами набототу ҳайвоноти нодир мавҷуд аст.

Дар ин замина дарахти аз ҳама калонсоли 900 солаи бурси шарқӣ дар мавзеи кӯҳистони деҳаи Вени шаҳри Панҷакент дар ҳолати танҳоӣ ба қайд гирифта шуда, танаи дарахт дар сатҳи 1 метр аз замин 7,5 метр, қутри он наздик ба 2,5 метр, баландии дарахт 20 метр, қутри давраи шохсор 15 метр дар ҳолати сабзиш мебошад.

Ҳамчунин, дарахти бузургҷуссаи яккаи нодири 800 - 900 - солаи бурси шарқӣ дар мавзеи кӯҳистони ноҳияи Ашт, 7 бех бурси шарқии 800 - сола дар деҳаи Ругунди шаҳри Истаравшан, бурси шарқии 850 – сола ва тути 800 сола дар шаҳри Хуҷанд, дарахтони нодири беш аз 800 - сола дар ноҳияҳои Шаҳристон, Бобоҷон Fафуров, Спитамен ва шаҳрҳои Панҷакенту Конибодом мавҷуд мебошанд.

Дарахтони азимҷусса ва бузургсоли мавзеи Сабристони деҳаи Ругунди шаҳри Истаравшан таърихи беш аз 1000 - сола дошта, ҳарчанд дар бораи пайдоиши дарахтон ягон асоси илмӣ мавҷуд нест, аммо қиссаву ривоятҳои гуногун аз забон ба забон гузашта, мардум дар бораи пайдоиши ин мавзеъ нақл менамоянд.

Аз рӯи нақли шайхи ин мавзеи таърихӣ Бобосалим Ҷабборов дарахтони Сабристон қаблан ёздаҳ адад буда, алҳол шаш дарахт боқӣ мондаасту халос. Панҷ дарахтро солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бинобар сардии ҳаво аҳолии ин мавзеъ бурида, барои гармию равшанӣ истифода бурдаанд.

Ба тамошои ин дарахтони нодири азимҷусса, ки баландиашон 50 ва паҳноӣ ё худ ғафсиашон 14 метрро дар бар мегирад, на танҳо аз дохили мамлакат, балки аз кишварҳои хориҷа низ сайёҳон меоянд. Ҳарчанд ин мавзеи таърихӣ Сабристон ном дорад, дарахтони мазкур сабр ва ё савр нестанд. Мувофиқи маълумоти коршиносон онҳо ба гурӯҳи дарахтони коҷ шомиланд. Коҷ намуди дарахтест ҳамешасабз буда, тамоми фасли сол ранги сабзро ба худ дорад.

- Чанде пеш чаҳор ҷуфт зану шавҳари ҷавон, ки тавассути ширкати сайёҳӣ аз мамлакати Олмон ба Суғди бостон ташриф оварда буданд, аз мавзеи Сабристони шаҳри Истаравшан дидан карда, аз бузургию шаҳомати дарахтони сабр ангушти ҳайрат газидаанд. Онҳо иброз доштанд, ки ҳарчанд то кунун дар кишварҳои гуногуни қитъаи олам буданд, аммо мисоли Тоҷикистон мавзеи хушобу ҳаво ва табиати нотакрорро кам дидаанд, - хотираҳояшро аз ташрифи меҳмонон ба ёд овард бобои Бобосалим.

Бале, дарахтони мавзеи Сабристон ба номгӯи ёдгориҳои табиӣ дохил мешавад. Ҳифзу нигоҳдошти онҳо бошад, вазифаи ҳар як шаҳрванд аст. Имрӯз Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд тасмим гирифтааст, ки дар оянда бо дастгирии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тартиб додани Кадастри давлатии ёдгориҳои табиии вилояти Суғд ва таъсиси китоби “Ёдгориҳои табиии вилояти Суғд” дар миқёси шаҳру ноҳияҳои вилоят корбарӣ намояд.

Шоира САЛИМОВА,
Зуфрад ТӮЙЧИЕВ,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh