Рушди деҳот - омили муҳими пешравии ҷомеа

Мусаллам аст, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ маҳсуб ёфта, зиёда аз 70 фисади аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ доранд. Бинобар ин давлату Ҳукумат ҷиҳати рушди деҳот аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир менамоянд.

Ҳукумати кишвар бо дарки масъулият се ҳадафи стратегии таъмини рушди босуботи иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавориро сари вақт роҳандозӣ намуд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз соли 2000 - ум таъкид намуда буданд, ки рушди мунтазами иқтисодиёти кишвар бе истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини пурраи ҳамаи соҳаҳо бо нерӯи барқ ғайриимкон аст.

 Бунёд ва ба истифода додани Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1», хатти интиқоли барқи 500-кВ «Ҷануб - Шимол», 220-кВ «Лолазор - Хатлон», барқи 220 кВ Тоҷикистону Афғонистон (Сангтӯда - Пули Хумрӣ) дар расидани кишвар ба истиқлолияти энергетикӣ қадами бузург ба ҳисоб мераванд. Бунёди хатти интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб - Шимол» имкон дод, ки дар Тоҷикистон шабакаи ягонаи энергетикӣ ташкил карда шавад.

 Дар ин давр иқтидорҳои барқистеҳсолкунандаи кишвар нисбат ба иқтидорҳои марҳалаи то истиқлолият 928 МВт афзоиш ёфта, аз 4 338 ба 5 266 МВт расонида шуд.

 16 - уми ноябри соли 2018 дар таърихи давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯйдоди муҳиму тақдирсоз ба вуқӯъ пайваста, қадами устувор барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ гузошта шуд. Бо иштироки Пешвои миллат ба фаъолият оғоз намудани агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ҷиҳати амалисозии ҳадафҳои бузурги миллиамон ба мардуми кишвар рӯҳу илҳоми тоза бахшид ва тантанаҳои ифтитоҳи навбати аввали ин иншооти аср то ҳанӯз аз назар ва таассуроти мо дур нашудааст.

 Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ дар қатори дигар тарбиҳои стратегӣ ҳамчун вазифаи умумимиллӣ ва омили муҳими пешрафти кишвар шуморида шуда, бо мақсади расидан ба ин ҳадаф корҳои зиёде, аз қабили сохтмони роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, таҷдиди иншооти нақлиётӣ идома ёфта истодаанд. Аз ҷумла, нақбҳои автомобилгарди «Шаршар», «Чормағзак», «Шаҳристон» ва роҳҳои автомобилгарди «Душанбе - Бӯстон - Чаноқ», «Душанбе - Нуробод - Ҷиргатол - Саритош», «Душанбе - Данғара» таҷдид ва мавриди истифода қарор гирифтанд.

 Таъмини амнияти озуқаворӣ, аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятноки стратегии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, пешрафти истеҳсолоти кишоварзӣ омили муҳимтарини таъмини амнияти озуқавории кишвар мебошад. Бо ин мақсад масъалаҳои истифодаи оқилонаи замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, беҳдошти ҳолати мелиоративии он, содироти меваю сабзавот, аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ҳисоб шудаанд.

 Тӯли роҳандозӣ шудани ин ҳадафи миллӣ сохтмони корхонаҳои истеҳсолӣ, рушди технологияи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, парвариши навъҳои нави растанӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зараррасон, рушди боғу токпарварӣ, чорводорӣ ва воридоти техникаи кишоварзӣ вусъати тоза касб намуданд.

 Дар ин бобат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як зумра барномаҳоро дар соҳаи кишоварзӣ қабул намудааст, ки “Барномаи ислоҳоти кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 - 2020” аз ҷумлаи он мебошад.

 Воқеан, давоми солҳои охир татбиқи босамари ҳадафҳои стратегӣ ба рушди деҳот заминаи мусоид ва имкониятҳои васеъ фароҳам овард.

 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ зикр намуданд, ки ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодии мамлакат ҳадафи чоруми миллӣ - аз кишвари аграрӣ - индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ – аграрӣ табдил додани кишвар эълон карда мешавад. Соли 2018 дар кишвар содироти пахта назар ба соли 2017 ду баробар афзудааст ва дар сурати пурра коркард шудани он даромад то 10 карат зиёд хоҳад шуд. Ин бошад, ба зиёд шудани ҷойи корӣ, баланд шудани маоши коргарон ва боло рафтани сатҳи зиндагии мардум мусоидат хоҳад намуд.

 Мувофиқи маълумот ҳоло дар кишвар татбиқи 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии 30 миллиард сомонӣ идома дошта, дар 10 соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар ҳаҷми зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудаанд.

 Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 115 Ҷамоати деҳот (шаҳрак) тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» фаъолият дошта, наздик 1000 кумитаи маҳаллаҳо дар рушди ҷомеа ва татбиқи қарору барномаҳои давлатӣ саҳм мегиранд.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки давоми солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади фаъолияти бонизоми сохторҳои давлатӣ дар минтақаҳои аҳолинишин чанд ноҳия ва ҷамоату деҳоти нав таъсис ва марказҳои маъмурии онҳо бунёд ёфтанд. Дар мавзеъҳои алоҳидаи шаҳру ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Истаравшан, Деваштич, Мастчоҳ маҳал ва шаҳракҳои нав бо номи «Сайҳун», «Моҳпарӣ», «Баҳористон», «Навбунёд» ва ғайра бунёд гардиданд.

Давоми соли 2018 ва то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба истиқболи 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 2000 иншооти гуногун бунёд ва таъмиру тармим шуданд.

Танҳо соли гузашта дар вилоят аз сарчашмаҳои гуногун аз ҷумла, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, соҳибкорон ва тариқи ҳашар 49 иншооти соҳаи маориф бо фароҳамоварии 7300 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор гирифтанд.

Давоми солҳои охир бунёди муассисаҳои фарҳангӣ дар шаҳру ноҳияҳо вусъати тоза касб намуда, қасрҳои фарҳанг, боғҳои фароғатию истироҳатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Ашт, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷаббор Расулов ва шаҳри Хуҷанд мавриди истифода қарор гирифта, ба рушди соҳа ва тарғиби фарҳанги миллӣ мусоидат намуданд.

Ҳамчунин, тибқи Квотаи Президентӣ таҳсили духтарон аз ноҳияҳои дурдаст дар донишгоҳҳои олии кишвар, аз буҷети вилоят маблағгузорӣ шудани ноҳияҳои субвенсионӣ, қабули барномаи дарозмуддат ва миёнамуҳлати рушди иқтисодию иҷтимоии вилоят дастгирии иҷтимоии давлат нисбат ба рушди деҳот маънидод хоҳанд шуд.

Тибқи нақшаи пешакӣ то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ дар вилоят зиёда аз 6200 иншооти гуногуни соҳаи хоҷагии халқ бунёд, барқарор ва таъмиру тармим гардида, инфрасохтор ва сатҳи хизматрасонӣ дар деҳот боз ҳам беҳтар хоҳанд шуд. Дар раванди корҳои созандагӣ саҳми соҳибкорони ватандӯсти вилоятро бо пайравӣ аз иқдомҳои наҷибона ва ҳидоятҳои Сарвари давлат дар амалисозии кори хайру савоб, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, бунёди муассисаҳои иҷтимоӣ, роҳу пулҳо ва дастгирии оилаҳои ниёзманд хоса зикр намудан ҷоиз аст.

 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ бо мақсади ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ, роҳи беҳтар намудани инфрасохтор, пеш аз ҳама дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ намудани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некӯаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин пешниҳод карданд, ки Солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад.

 Лозим ба ёдоварист, ки Сарвари давлат дар суханронии худ борҳо қайд намудаанд, ки ҳамаи дастовардҳои замони Истиқлолият аз сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ маншаъ гирифта, имрӯзҳо низ вазифаҳои асосии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳзоби сиёсӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва ғайридавлатӣ, воситаҳои ахбори омма таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ ва суботи сиёсии миллат мебошад. Зеро, ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик қутбнамое гардид, ки дар заминаи он мо бо хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ ба марҳалаи нави зиндагӣ – таҳкими пояҳои давлатдорӣ, барқарорсозӣ ва ободонии Ватани азизамон рӯ овардем.

Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад ва ҷойгоҳи махсус дорад. Бори чорум аз ҷониби Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтани ташаббуси ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои об шаҳодати гуфтаҳои болоист.

Баробари ин, ҷаҳонишавии босуръати ҷомеа, пешравии илму технология, таҳаввулоти глобалии ҷаҳон ва афзоиши бемайлони аҳолӣ назди давлату ҷомеа вазифаҳои нав гузошта, моро водор менамояд, ки ҳамқадами замон бошем ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳем.

 Итминони комил дорем, ки мардуми шарифи вилоят дар партави сулҳу якдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ баҳри амалисозии нуктаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Раиси Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қарори Раиси вилоят оид ба эълон намудани «1300-рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» саҳми муносиби худро мегузоранд.

 Аъзам ҲОТАМӢ,

 ҳамоҳангсози Шӯрои вилоятии

 Ҳаракати ҷамъиятии Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон,

 Олимҷон МИРМУҲАМЕДОВ,

 Мирзоғуфрон ҒАФУРОВ,

 сармутахассисони шуъбаи рушди

 иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh