АРҶГУЗОРӢ БА АРЗИШҲОИ ФАРҲАНГӢ

Солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Аз маҷмааи сайёҳӣ - истироҳатии «Ҷазираи Темурмалик» воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Fафуров ва ба истифода супурдани киштии рамзӣ - тарабхонаи «Темурмалик» дар шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овардани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми вилоятро басо хушнуд гардонд. Номи қаҳрамони халқи тоҷикро гирифтани ин ду мавзеи сайёҳию истироҳатӣ идомаи тадбирҳои созанда баҳри шукуфоии кишвари азизамон мебошад. Дар соҳили дарёи Сир ва шафати Боғи Камоли Хуҷандӣ сохта ба истифода додани тарабхонаи барҳавою замонавӣ ва минтақаи истироҳатию сайёҳӣ дар ҷазира боис мегардад, ки минбаъд аҳолӣ ва меҳмонону сайёҳон барои фароғати хеш аз онҳо пурсамар истифода намоянд.

Чаро мавзеъҳои сайёҳию фароғатӣ Темурмалик номгузорӣ шуд? Темурмалик кист ва барои халқи худ чӣ хизмати арзанда кардааст? Оё мо ин шахсияти таърихиро мешиносем?

Пайгири суолҳои худ ба авроқи рангини таърих назар андохта, дар ин бора чанд нафарро пурсон шудем.

Саҳифаҳои дурахшони таърих

Таърих гувоҳ аст, ки шаҳри Хуҷанд монанди чандин шаҳрҳо ва ноҳияҳои дигари Мовароуннаҳру Хуросон таҳти ҳуҷуми бегонагон, аз ҷумла Чингиз қурор гирифта буд. Дар он ҷо аз тарафи султон Муҳаммад дастаи аскарии муҳофизат гузошта нашуда буд. Бинобар он ҳокими Хуҷанд - қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик ба хубӣ медонист, ки агар ватан аз даст рафта поймоли суми аспони душман шавад, ӯ зинда намемонад ва агар зинда монад ҳам, бономусона ва қаҳрамонона дар сафи ҷанги мудофиаи Ватан кушта шудан ҳазор бор аз он гуна зиндагонии сарпарастона, асирона ва беномусона беҳтар аст. Бинобар ин ӯ қарор дод, ки ба ҳар роҳе, ки бошад, ба қадри қувват ва имкон дар мудофиаи Ватан кӯшиш намояд.

Темурмалик барои иҷрои ин мақсади худ атрофи шаҳри Хуҷандро аз назар гузаронида, дар миёни оби дарёи Сир ҷазираеро ёфт, ки дар он ҷо қалъае сохтан мумкин буд. Ӯ пеш аз ҳама, мардуми Хуҷандро сафарбар намуда, дар он ҷазира барои бунёди як қалъаи мустаҳкам оғоз кард. Ҳарчанд шаҳри Хуҷанд қалъаи мустаҳкаме дошта бошад ҳам, назар ба фикри Темурмалик бо одами кам ба он қалъа ворид шуда, дар муқобили чингизиён муддати дароз истодагарӣ намуда, ҷангидан мумкин набуд. Чунки онҳо бо аскари бисёр қалъаи хушкиро дар муҳосираи сахт гирифт, бо манҷаниқҳои калон (асбоби сангандозии замони қадим), ки ягона яроқи қалъагирии он замон ба ҳисоб мерафт, шаҳр ва деворҳои вайро хароб карда, зарфҳои пурнефтро оташ задаю ба шаҳр андохта, сӯхторҳо ба амал меоварданд.

Аммо қалъае, ки Темурмалик дар миёни об сохтан мехост, аз хавфи манҷаниқ ва оташи нефт дар амон буд. Зеро бинобар аз хушкӣ дур будани қалъаи обӣ, сангҳо ва зарфҳои пурнефт, ки аз канор андохта мешуданд, ба вай намерасиданд.

Мақсади Темурмалик аз сохтани қалъаи обӣ ва пур кардани вай бо озуқа он набуд, ки дар даруни қалъа аз ҳуҷуми муғулони эмин бинишинад, балки мақсади ӯ аз ин кор ба он такя карда, бо душман ҷангидан ва ба қадри имкон ва қувваи худ аз муғулони ваҳшии хунхор интиқом кашидан буд. Вақте ки муғулҳо ба муқобили ин сангари мудофиакунандагони Хуҷанд чорае наёфтанд, ба ин фикр омаданд, ки бар рӯи оби дарёи Сир садде сохта, ба ин васила худро ба ҷазира расонанд. Онҳо бо ин мақсад хеле асирони ҳарбиро водор намуданд, ки аз кӯҳ санг кашонда садд бисозанд. Аскарони Темурмалик барои бетаъсир кардани тири душман рӯи киштиҳои худро бо намад пӯшида, бо гил андова намуданд. Онҳо шабона ва субҳдам бо чунин киштиҳо ба соҳил наздик шуда, ба лашкари истилогарон ҳамла меоварданд ва садди онҳоро вайрон карда пас мегаштанд. Корнамоии Темурмалик ҳангоми якка мондани худ ва дар дақиқаҳои охирини умр низ зада аз по афтонидани чанд ҷангии муғул ба назар мерасад. Аз камарбанди ӯ дарёфтани як мушт хоки ватан ва васиятномаи ӯ нишонаи олии ватандӯстию ватандорист.

Воқеан, қаҳрамонии мудофиакунандагони Хуҷанд яке аз дурахшонтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик мебошад. Онҳо бо вуҷуди хеле кам будани қувваи худ муборизаро ба муқобили қӯшуни пуршумори душман қатъ накарданд. Бино ба сабаби шикастнопазирию далериаш муғулон Темурмаликро Ирвес - Паланг меномиданд. Ва месазад, ки номи ин қаҳрамони халқи тоҷикро абадан дар хотир нигоҳ дорем.

Баъд аз 800 сол

Санаи 31-уми марти соли 2019 дар доираи чорабиниҳои таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷмааи сайёҳӣ - истироҳатӣ воқеъ дар мавзеи Сартӯқайи Ҷамоати деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Fафуров ба хотири гиромидошти қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик ба истифода дода шуд. Маҷмаа «Ҷазираи Темурмалик» унвон дошта, он дар доираи эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бунёд ёфтааст.

Ҳудуди панҷгектараи ҷазира имрӯз он қадар ободу зебо шудааст, ки қалам дар тасвираш оҷизӣ мекашад. Бо дастгирии Кумитаи ҳифзи зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят ин мавзеъ барои ташкили парваришгоҳи махсусгардонидашудаи мурғи даштӣ (тазарв), моҳӣ, бунёди инфрасохторҳои лозимӣ ва дидбонгоҳи экологӣ аз ҳисоби заминҳои дарёи Сир бунёд ёфта, ба мавзеи тамошобобу истироҳатӣ табдил гаштааст. Барои гузаштан ба ҷазира ҳар сайёҳро лозим меояд, ки бо заврақ дарёро убур намояд ва тавассути ду истгоҳ (пантон) вориди ҷазира гардад. Алҳол чаҳор заврақи намуди «Меркурий» аз кишвари Олмон харида шуда, омодаи хизмат аст. Баробари наздикшавӣ ба ҷазира манзараи нотакрори табиат, дидбонгоҳи экологӣ, мизу курсиҳои аз чӯби дарахтон сохташуда, роҳравҳои гулпӯш, шипангҳои бо санъати миллӣ ва чӯбҳои табиӣ орододашуда, ҷӯи пуроби аз оби дарё ҷоришаванда, бинои истироҳатӣ ва дарахтони ҳамешасабзи ороишӣ пеши назар ҳувайдо гашта, қалби кас моломоли шодиву сурур мегардад.

Афсона ё ҳақиқат?

Нахуст таваҷҷуҳи бинанда ба он равона мегардад, ки тавассути дидбонгоҳи экологӣ, ки дар баландии 15 метр ҷой гирифтааст, табиати гирду атрофи соҳили дарё аҷаб зебову нотакрор метобад. Оби гоҳ орому гоҳи дигар хурӯшони дарёи пурасрори Сир, заминҳои ҳосилхезу хуррам, кӯҳи Мевағул, мавзеъҳои ободи Хуҷандшаҳр табиати афсонавиро ба худ гирифтааст.

Обҳавзи сунъӣ барои парвариши моҳиҳои хушзоти анбари сафед, алоча, пешонапаҳни сафед ва дигар намуди моҳиҳо дар назар дошта шуда, алҳол 1300 моҳӣ дар обҳавз парвариш ва нашъунамо меёбанд. Дар наздикии обҳавз ҷой барои нишастану тамошо кардани моҳиҳо аз чӯб сохта шудааст, ки инъикосгари санъати миллии тоҷикона мебошад.


Дар қафаси калони декоративӣ, ки паҳноиаш 50х9 метр аст, мурғи даштӣ - тазарви сирдарёӣ нигоҳдорӣ ва парвариш ёфта, алҳол теъдодашон ба беш аз 130 адад мерасад. Масъулини парваришгоҳ ба он ақидаанд, ки минбаъд парвариши ин намуди парранда дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, теъдодашон меафзояд. Дар назди қафас ҳайкали мурғи тазарвро ҷой додаанд, ки бовиқор истода, ҳамҷинсонашро дидбонӣ менамояд. Ҳамчунин, дар ин мавзеъ алҳол наздик 30 адад мурғи марҷон ва 20 адад ғоз низ парвариш меёбанд.

Бинои истироҳатии ташрифоварандагон ҳаматарафа оинабандӣ гардида, манзараи гирду атроф ба хубӣ аз он ҷо намоён аст. Ҳамчунин, ҳар истироҳаткунанда метавонад аз зебогии гирду атроф баҳраманд гардида, дар як вақт дар толори нишаст маърака ва маҷлисҳо баргузор намояд, аз хизматрасониҳои нуқтаи санитарӣ баҳраманд шавад, дар роҳаткурсиҳои чӯбини табиӣ ва шипангҳои аз чӯбҳои гуногун сохташуда нишаста, истироҳати бофароғат гузаронад. Масъулини Маҷмаа бар он ақидаанд, ки дар оянда истироҳаткунандагон аз хӯрокҳои хуштаъми дар танӯру оташдон пухташудаи ошпазҳои моҳир чашида, ба санъати баланди таомпазии миллии тоҷикона баҳои баланд хоҳанд дод.

Табиати атрофи истироҳатгоҳ, ҳатто шабона, тамошобобу нотакрор аст, зеро парваришгоҳ бо барқ таъмин буда, сутунҳо бо таҷҳизоти равшанидиҳанда таъминанд. Ҷӯи аз мобайни ҷазира ҷойгиршаванда бо сангҳои сой оро дода шуда, аз болои он пули декоративӣ роҳро ҷониби дигар пайванд месозад.

Ибрат ба имрӯзиён

«Ҷазираи Темурмалик» унвон доштани маҷмааи истироҳатии навбунёд мардуми вилояти Суғд, бахусус сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Fафуровро шод гардонд. Зеро тавассути он таърихи наздик 800 - солаи халқи тоҷик бори дигар ба ҳамагон муаррифӣ гардид. Насли навин дарк намуданд, ки гузаштагони тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои пеш баҳри ободию озодӣ ва зиндагии осоиштаи мардум ҷонфидоӣ намудаанд. Ба номи ин қаҳрамони халқи тоҷик гузошта шудани макони фароғатии нав- бунёдро сокинон чунин пазируфтанд.

Умринисо Шарифова - собиқадори меҳнат, Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- Чиҳил сол инҷониб ба шогирдон дарси ватандорию ватанпарастӣ меомӯзам. Барои меҳнатдӯсту меҳанпараст ба воя расидани фарзандони мардум овардани воқеаҳои таърихӣ, нақли рӯйдодҳои муҳим барои мо, таълимдиҳандагон хеле зарур аст. Дар баробари ҷонбозиҳои Деваштич, Восеъ, Муқаннаъ, Томирис ва Шераку Спитамен фидокориҳои қаҳрамони халқи тоҷик Темурмаликро ҳамарӯза ба таълимгирандагон нақл менамоям. Зеро тавассути он метавон дар замири хонандагон хислатҳои фидокорию далерӣ, қаҳрамонию ҷасурӣ ва сабуру устувор ба қавли худ буданро тарбия кард. Таърих гувоҳ аст, ки дастаи мусаллаҳонаи чингизиён ба шаҳри Хуҷанд ҳуҷум овардаанд. Яке аз ватандӯстон, ки то имконияти охирин ба чингизиён муқобил истод, Темурмалики қаҳрамон буда, дар канораҳои қисми охири дарёи Сир - наздикиҳои кӯли Арал дар ҷазирае бо ҷанговарони худ маскун гирифта, мардонавор ҷангид. Зикри қаҳрамониҳои хуҷандиёнро бо роҳбарии Темурмалик дар асарҳои таърихнависон Ибни Асир, Минҳоҷ Сироҷ ал - Ҷузҷонӣ, Шаҳобуддин ан - Насавӣ, Герман Вамберӣ, В.В.Бартолд, А.М.Беленитский, Мирзо Улуғбек, Мирхонд, Хондамир, таърих-нигорони тоҷик Зариф Раҷабов, Бобоҷон Fафуров, Ҳасанбой Шарифов, Назирҷон Турсунов ва дигарон мутолиа намудан мумкин аст. Зиёда аз ин аз аҳли адаби тоҷик Садриддин Айнӣ аввалин нависандаест, ки очерки таърихии “Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик” - ро навиштааст. Мухтор Ашрафӣ мусиқии балети худро бо номи “Темурмалик” эҷод намуда, баъдтар бо номи “Шамшер ва муҳаббат” такмил додааст. Адибон Сотим Улуғзода драмма ва Ҳақназар Fоиб манзумаи “Темурмалик” - ро навишта, қаҳрамониҳои тоҷикписаронро васф кардаанд. Аз расонаҳои хабарӣ маълум аст, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон макони сайёҳие бо номи “Ҷазираи Темурмалик” ба фаъолият шуруъ кардааст. Гумон меравад, ки ин ҷазира айнан ҳамон ҷоест, ки наздик 800 сол қабл яке аз ҷонфидоён ба муқобили чингизиён ҷангида буд. Бигзор ин макони таърихӣ ёд аз гузашта оварда, барои имрӯзиён дарси ибрат бошад.

Назира Рустамова - сокини ноҳияи Бобоҷон Fафуров:

- Духтараки хурдсол будам. Падарам дар мавзеи Сартӯқайи кунунӣ, ки он вақт бо номи Арал машҳур буд, замини шолӣ доштанд. Гоҳ - гоҳ барои хабаргирии нашъунамои шолӣ ва оби он ба падарам ҳамроҳӣ мекардам. Он кас низ хурсандона маро ба сари замин, ки «шолипоя» мегуфтем, гирифта мерафтанд ва маро дар саргаҳи замин гузошта, худ андармони кор мешуданд. Азбаски ҳаво гарм ва замин тасфон буд, камина баъди андаке нишастан зиқ мешудам ва гирду атрофро тамошо карда, бо суолҳои бешумор ба падарам муроҷиат менамудам. Вақте дар бораи чаро дар мобайни дарё ҷо гирифтани хушкӣ пурсон мешудам, падарам дар баробари қиссаву ҳикоятҳои дигар воқеаи бароям аҷиберо нақл карданд. Назар ба гуфти он кас замоне дар ин хушкӣ Темурмалик ном писари қаҳрамон ба зидди душман ҷангида будааст. Ҳангоми нақли падарам дар бораи сохтани 12 киштии филмонанд, задухӯрдҳои хунин, аз кӯҳи Муғул сангкашонии асирон, қатли ом ёфтани аҳолии шаҳри Хуҷанд, ваҳшонияти муғулҳо ва дигар воқеаҳо нақл мекарданд, мани хурдсол бемуҳобот ҳунгосзанон мегиристам. Падарам барои тасаллои мани гирён дар бораи қаҳрамониҳои Темурмалик нақлҳои ҷолиб мекарданд. Калимаҳои «қодирандоз» ва «қадарандоз» - ро аз забони падар бори аввал шунида ба ҳайрат афтодам ва маънои онҳоро пурсон шудам. Аз нақли падар маълум шуд, ки ҳар ҷанговареро, ки сахттарин камонҳоро кашида тавонад, «қодирандоз» ва тираш ҳеҷ хато нахӯрад, «қадарандоз» мегуфтанд. Ба ин маънӣ Темурмалик ҳам қодирандоз ва ҳам қадарандоз буд. Зиёда аз ин аллакай медонистам, ки дар ин хушкӣ, ки номаш ҷазира будааст, писари Темурмалики қаҳрамон зиндагӣ кардаву бо падараш мулоқот оростааст.

Воқеаҳои шунидаам то ҳанӯз дар хотирам нақш бастааст. Хотиротам дар бораи ҷазира ва воқеаҳои ба вуқуъпайваста он гоҳ варақгардон шуданд, ки ташрифи Президенти мамлакатро ба ин макони таърихӣ дидам. Ба мавзеи истироҳатию саёҳатӣ табдил шудани ҷазира ва номгузории он ба номи ин абармарди қаҳрамон боиси ифтихори мо, сокинони гирду атрофи ҷазира аст.

Алексей Грачев - намояндаи Донишгоҳи зоологии вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон:

- Мо, як гурӯҳ намояндагони ҳифзи муҳити зисти давлатҳои Осиёи Марказӣ - Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Федератсияи Русия барои иштирок дар семинари минтақавӣ дар мавзӯи «Ҷанбаҳои фаромарзии ҳифзи экосистемаҳои бабри барфӣ» меҳмони тоҷикистониён шудем. Аз табиати мафтункунандаю биҳиштосо ба ростӣ, ба қавле қариб ки мадҳуш мешудам. Тоҷикистонро чунон зебою афсонавӣ дарёфтам, ки қалам дар тасвираш оҷизӣ мекашад. «Баҳористон» - и тоҷикистониён дар ҳақиқат баҳореро мемонд, ки бо тамоми ҳусну тароваташ ҷило медиҳад. Давоми чанд рӯзи дар ин кишвари ободу соҳибистиқлол меҳмон будан, дарёфтем, ки беҳуда тоҷиконро тоҷдор намегуфтаанд. Дар баробари истироҳату фароғат карданамон аз мавзеъҳои таърихию сайёҳии ин кишвар аз «Ҷазираи Темурмалик», тарабхонаи «Темурмалик», роҳи танобӣ ва дигар мавзеъҳо дидан карда, аз насими дарёи Сир шамидем, таомҳои лазизи тоҷикона тановул кардем, дар шипангҳои бо санъати миллӣ орододашуда нишаста истироҳат намудем. Бароям бахусус, шабонгаҳ, вақте ки тавассути дидбонгоҳ табиати атрофи шаҳрро тамошо мекардем, писанд афтод. Шамоли серуни баҳорӣ ҳамнавои мавҷзании дарёи пурасрор гашта, табъамонро шод мекард.

Абдумуталиб Шафиев - донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ:

- Азбаски дӯстдори соҳаи сайёҳӣ ҳастам, ҳар гоҳ тавассути заврақ ба он соҳили дарё мегузарам ва зиндагии худро рангин мегардонам. Замоне ҷазирае, ки ҳоло обод шудааст, макони нообод ва пур аз рустаниву алафҳои худрӯй буд. Хушбахтона, ба шарофати соҳибистиқлолӣ ин ҷо ба мавзеи парвариши паррандаю моҳӣ ва минтақаи сайёҳӣ табдил ёфтааст. Бигзор ин макони алҳол зебою обод ёд аз Темурмалики қаҳрамон оварад ва мо, ворисони арзандаи ин ҷавонписари далеру шуҷоъ гардем. Зиндагиномаи ӯро омӯзем, сармашқи кору фаъолияи худ қарор диҳем ва барои ободии кишвари худ саҳмгузор бошем.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh