ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД!

Фестивали вилоятии ҳунарҳои мардумӣ таҳти унвони «Ҳунар беҳтар аз зар бувад» дар Театри давлатии мазҳака мусиқавии ба номи Камоли Хуҷандӣ бо иштироки муовини Раиси вилоят Назира Ғаффорӣ доир гардид. Мақсади баргузории фестивал ва фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ин эҳёи анъанаи ниёгон, ба танзим даровардани фурӯши маҳсулотҳои қадима ва таърихӣ, маҳсулоти миллӣ, сарҷамъ намудани мутахассисон ва нигоҳдорандагони ашёҳои қадимаю таърихӣ, бозёфт ва харидории ашёҳои аҳамияти таърихидошта буд.

Назира Ғаффорӣ иброз дошт, ки ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019 - 2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардида, дар ин замина бобати эҳё намудани ҳунарҳои миллии ниёгон, баланд бардоштани ифтихори миллӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги воло, тарбияи зебоипарастӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, ба касбомӯзӣ ҷалб кардани занону духтарони хонашин ва ба насли оянда пешкаш намудани ҳунари аҷдодӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва коҳиш додани сафи занҳои муҳоҷир аз тарафи роҳбари давлат дастгирӣ гардида истодааст.

Дар фестивал - озмун маҳсулоти ҳунармандони касбӣ ва маҳаллӣ аз қабили кашидадӯзӣ, йӯрмадӯзӣ қолинбофӣ, сабадбофӣ, қуроқдӯзӣ, устоҳои шонасоз, кордсоз, оҳангар, сангтарош пешкаши харидорону тамошобинон гардонида шуд.

Дар бахши таоми миллӣ ва шириниҳо аз ноҳияи Мастчоҳ ҳунарманд Саломат Азизова, дар бахши беҳтарин ҳунари мардумӣ бо истифода аз матоъ ва пашму пӯст Саёҳат Зиёева аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар бахши чӯб ва гилу гаҷ Исмоилхӯҷа Музаффаров аз шаҳри Исфара ва дар бахши истифода аз санг ва оҳан Ислом Аюбов аз шаҳри Истаравшан сазовори мақоми ифтихорӣ гардиданд.

Муҳтарам Мамадрасулова - ҳунарманд аз ноҳияи Ҷаббор Расулов: - Мо, ҳунармандон барои эҳёи ҳунарҳои аҷдодӣ ба монанди сӯзанидӯзиву қуроқдӯзӣ, кашидадӯзиву гулдӯзӣ, атласу адрасбофӣ тавонистем, пеш аз ҳама, руҳи гузаштагонро шод гардонем, маҳсули дастони онҳоро аз нав зинда карда, барои имрӯзиён муаррифӣ намоем ва насли навинро аз нозукиҳои ҳунарҳои ниёгон бохабар созем, ҳамчунин номи неки худро дар симои садҳо шогирду ҳунаромӯзон ва пайвандони хеш бубинем.

Усто Ҳайдарҷони дукчӣ аз шаҳри Исфара имрӯз хурсанд аз он аст, ки бо иқдоми некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ҳунармандӣ дар ҳама ҷода рушд гирифта, дар мадди назари ҷомеа қарор дорад.

Ҳунарманд бештар дар дастрас кардани ашёи хом танқисӣ мекашад. Хуб мешуд, ки ҳунармандон ашёи хоми ватаниро истифода мебурданду харҷашон камтар мегашт, - андеша дорад ӯ.

Ҷойҳои намоёнро ҳунармандон аз ноҳияҳои Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Истаравшан сазовор гардиданд. Шукри давлати соҳибистиқлол, ки барои давом додани касби аҷдодӣ - адрасбофӣ шароит муҳайё гашту насли навин метавонад, бо ин ҳунари ниёгон ошно шавад, барои худ шуғли доимӣ пайдо намояду дараҷаи некӯаҳволии хонаводаашро баланд бардорад.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи фарҳангӣ манзури тамошобинон гардид.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh