Тарҷумаи девони Камоли Хуҷандӣ дар Ӯзбекистон

Дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон нашриёти «Камолак» девони Камоли Хуҷандиро бо забони ӯзбекӣ дар тарҷумаи Олимҷон Бӯриев интишор намуд, ки ин армуғон бахшида 700 –солгии Камоли Хуҷандӣ унвон шудааст.

Девони Шайх Камол  бо ташаббуси Академияи фанҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Осорхонаи давлатии ба номи Алишер Навоӣ таҳия ва омода шуда, дар оғози девон мақолаи академик Азиз Қайюмов таҳти унвони «Қаламкаши мӯътабари Тӯрон Шайх Камоли Хуҷандӣ» оварда шудааст.  Мақола дар мавриди зиндагӣ ва осори Шайх Камол маълумот медиҳад.

Гуфта мешавад, ки Камоли Хуҷандӣ аз мӯътабартарин суханварони замонаш буда, ин маҳбубият  миёни хонандагони чаҳон рӯзафзун аст.

Гуфтанист, ки Олимҷон Бӯриев шоир ва тарҷумони мумтози Ӯзбекистон буда,  то ин дам  «Хамсаҳо»-и Низомиву Деҳлавӣ, «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ ва Девони ҳофизи Шеърозиро тарҷума кардааст.

 Сурайё Ҳакимова,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh