БОҒИ «ҒАЛАБА»: ЧАРОҒОНКУНӢ КАЙ ОҒОЗ МЕШАВАД?!

Боғи «Ғалаба» - и шаҳри Хуҷандро чанд сол қабл ба боғи истироҳатии сокинон табдил доданду дар он мавзеъ барои бачагон аттраксионҳо ташкил карда, лавҳаҳои фахрии иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва бартарафкунандагони садамаи неругоҳи барқӣ – атомии Чернобил, ҳамчунин муҷассамаи В.И.Ленинро гузоштанд. Аксар дар ин фасли зебои сол шомгоҳон ба ин ҷо меоянд, то кӯдаконашон бо бозӣ машғул шаванду худ низ истироҳат намоянд.

Вақте бегоҳӣ вориди боғ шудем, бароямон чароғаки телефони мобилӣ лозим шуд, зеро даромадгоҳи боғ чароғон нашудааст. Зинаҳои даромадгоҳ ба таври ноқулай сохта шудааст, ки кас барои фаромадан мушкилӣ мекашад. Вақте ба атроф назар афкандем, маълум шуд, ки дар ин ҷо чароғонкунӣ аз лампаҳои пастсифат истифода бурдаанд. Дар чунин равшании паст нафарони солхӯрда ва ё кӯдакони хурдсол барои сайр кардан душворӣ мекашанд.

Дар даромади боғ банери фарсудашударо овехтаанд, ки намуди ин мавзеъро коҳиш додааст. Набояд фаромӯш кард, ки нақши тахтаҳои таблиғӣ баҳри ҷалби мардум калон аст.

Баъзе аз аттраксионҳо корношоям буд. Барои кӯдакони хурдсол ҷойи махсуси бозӣ ҷудо карда шудааст, ки нархи он 4 сомонӣ аст. Вале дар дохил ягон намуди бозӣ нест, ки кӯдакон бозӣ кунанд. Пас, барои кадом намуди бозӣ 4 сомонӣ маблағ бояд супурд?

Вақте аз назди лавҳаи Қаҳрамонони Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузар мекунем, онро ба душворӣ тамошо мекунем, зеро чеҳраҳои қаҳрамононро шохаҳои дарахтони калон панаҳ кардаанд. Дар пояи лавҳа гулҳои зебои ороишӣ шинонида нашудаанд. Чунин ҳолат дар назди лавҳаи бартарафкунандагони садамаи неругоҳи барқӣ - атомии Чернобил низ ба чашм мерасад.

Манзараи муҷассамаи В.И.Ленин худ шаҳодати он аст, ки он тӯли солҳо боре ҳам рӯи таъмирро надидааст. Бобати ободонии гирду атрофи муҷассама ҳарф задан ҳам нашояд, зеро сафолакҳо кафидаву деворҳо афтидаанд.

Бояд масъулин назди муҷассамаву лавҳаҳоро ободу зебо нигоҳ доранд, зеро барои шиносоӣ ва огоҳӣ ёфтан аз қаҳрамонии ҷанговарон сайёҳони зиёде ба ин ҷо меоянд.

Ҳарчанд роҳравҳои ин мавзеъ рӯбучин шуда бошанд ҳам, аммо қуттиҳои партовпартоӣ аз партов пур, роҳравҳо каҷу килеб, назди варзишгоҳ нообод ва дар он алафи зиёде рӯидааст.

Ба ҳар бобат хурсандиовараш он аст, ки ҳоло боғи «Ғалаба» фаъолият карда истодаасту сокинон барои хуш гузаронидани шоми худ меоянд.

Пурмоҳи ОЛИМӢ

Add comment


Security code
Refresh