ТОҶИКИСТОН АЗ РӮИ АФЗОИШИ ШУМОРАИ САЙЁҲОН ДАР ҶАҲОН ҶОЙИ АВВАЛРО ИШҒОЛ КАРД! Бино ба маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, соли 2018 теъдоди сайёҳоне, ки аз кишвари мо дидан намуданд, 190 фоиз афзудааст

Тоҷикистон дар раддабандии афзоиши сафари сайёҳӣ аз рӯи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ (UNWTO) ҷойи аввалро ишғол намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Сипутник» хабар медиҳад.

Аз рӯи раддабандӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон аз ҳама бештар афзоиши сафари сайёҳон ба қайд гирифта шудааст. Сафари сайёҳон дар соли 2018-ум 190% афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин, дар рӯйхати аввали раддабандӣ Эквадор (афзоиши сафари сайёҳӣ 51%), Миср (36,8%), Тувалу (35,5%) ва Уганда (31,9%) қарор доранд.

Дар баробари ин, Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ 20 кишвари аз ҳама сафари сайёҳиашон бештарро дар раддабандӣ муаррифӣ намудааст. Дар панҷгонаи аввали раддабандӣ Фаронса (93,2 миллион сайёҳ), Испания (82,8 млн.), ИМА (82,2 млн.), Чин (62,9 млн.) ва Италия (62,1 млн.) ҷойгиранд.

Россия дар 20-гона мақоми 16-умро ишғол мекунад. Соли 2019 ба Россия 24,6 миллион сайёҳ сафар кардаанд.

Add comment


Security code
Refresh