САНЪАТКОРОНИ ТЕАТРИ БА НОМИ ХОҶА КАМОЛ - ҶОИЗАДОРИ ҲАМОИШӢ ҶАҲОНӢ

Аҳли ҳунари театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд моҳи июни соли равон дар шаҳри Қазони  Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Россия дар фестивали ҳунарии «Эҷодкорони туркзабони ҷаҳон» ширкат варзид. Дар ин ҳамоиши умумиҷаҳонии фарҳангу ҳунар, зумраи ҳунармандони театр асари саҳнави «Табиби паррон»-ро ба намоиш гузоштанд. 

Асари мазкурро драматурги машҳури ӯзбек Шароф Бошбеков аз рӯйи мазҳакаи ҳамноми драманависи номии Фаронса Жан Батист Молйер таҳия намудааст ва онро адибон Сайидамин Ҷило ва Эгамназари Соҳибназар ба тоҷикӣ тарҷума кардаанд.

Намоишномаро сарреҷесёри театр Сӯҳроб Шехов ба саҳна гузоштааст.  Нақшҳои асосиро  Ҳикматулло Аҳадов, Темур Султонов, Абдуҳамид Каримов, Абдураҳмон Ашӯров, Мирзоумар Мирзоаҳмадов, Орифа Ғафурова, Сурайё  Хуҷаева ва дигарон офарида, саҳнаро рассом Ғуломҷон Қосимов оро додааст.

Мазҳака дар фестивал аз ҷониби театршиносон ва тамошобинон гарму ҷӯшон пазируфта шуд ва ба эҷодкорони театр дипломи ифтихории фестивал тақдим гардид.  Қайд кардан ба маврид аст, ки ин намоишномаро фарҳангшиносону таҳиягарони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико харидорӣ намуданд.

Ҳайати эҷодии театр ин комёбиро маҳз аз дастгириву ғамхории Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода  дониста, сипосгузору миннатдории хешро баён доштанд. Дар навбати худ ҷавобан ба ин ғамхориҳо изҳор доштанд, ки минбаъд асарҳои баландғояву замонавиро таҳия намуда, дар нашъунамои санъати миллии тоҷик саҳмгузор бошанд.

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

 

 

 

Add comment


Security code
Refresh